Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арбобхотунро ба Душанбе "доданд". Акнун соҳиби мактаб мешавад? ВИДЕО


"Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Дар маҳаллаи Арбобхотун даҳ ҳазор кас зиндагӣ мекунанд, аммо кӯдакон барои таҳсил мактабу синфхонаи кофӣ надоранд. Ин маҳалла пештар ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд ва ҳоло дар тобеияти ноҳияи Синои Душанбест.

Абдуназар Қурбонов, раиси маҳаллаи Арбобхотун, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2017 инҷониб аз мақомот талаб доранд, ки барои фарзандонашон мактаб бисозанд. "Аммо то ба ҳол натиҷае нест. Дар ин бора ба ҳукуматҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе расман муроҷиат кардем", -- гуфт ӯ рӯзи 5-уми январ.

Қурбонов нақл кард, ки ҳар рӯз зиёда аз 1 ҳазору 200 хонанда шаш километр роҳропиёда тай карда, ба мактабҳои маҳаллаҳои атроф мераванд. "Соле нест, ки се ё чаҳор хонанда ҳангоми рафтан ба мактаб зери мошин намонанд. Бояд ба ин масъала расидагӣ шавад", -- афзуд ӯ.

Айни гапро чанд сокини маҳаллаи Арбобхотун ҳам гуфтанд. Ба қавли яке аз онҳо, Гуландом Бурҳонова, азбаски роҳи фарзандонаш то мактаб дур аст, ҳар рӯз баъди поёни дарс дер ба хона мерасанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

"Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Маҳаллаи Арбобхотун дар қисмати ғарбии Душанбе ҷойгир буда, пештар ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд. Ба иттилои мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ, дар пайи васеъ кардани ҳудуди пойтахт, аз якуми январи имсол ин маҳалла пурра ба ноҳияи Синои Душанбе гузаштааст.

Шамсулло Абдуллоев, корманди Идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба шикояти сокинони Арбобхотун, гуфт, дар ин маҳалла як мактаб барои 1838 хонанда фаъол аст. Вай афзуд, ин мактаби рақами 172 аст ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар сохта шудааст.

Сокинон мегӯянд, ягона мактаби маҳаллаашон ғайр аз он ки аз макони зисти онҳо дур аст, барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ҷойи кофӣ низ надорад. Шамсулло Абдуллоев мегӯяд, бунёди манзилу маҳаллаҳои нав ва афзоиши аҳолӣ мушкили дастрасии хонандагонро ба мактаб зиёд кардааст.

Ӯ шарҳи бештари мавзуъро акнун ба салоҳияти масъулони ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузошт.

Рӯзи 5-уми январ дар ҳукумати ноҳияи Сино гуфтанд, ки сокинони Арбобхотун дар бораи набудани мактаб расман муроҷиат накардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, ҳанӯз соли 2018, дар замони гузариши маҳалла ба ҳудуди пойтахт, ба мақомоти Душанбе муроҷиат карда буданд.

Онҳо ҳамчун намуна ҷавоби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанберо нишон доданд. Дар он гуфта шудааст, "пас аз пурра дохил шудани маҳалла ба ҳудуди Душанбе муроҷиати Шумо мавриди баррасиву хулосабарорӣ қарор хоҳад гирифт."

Сокинон мегӯянд, ду сол боз маҳалли зисташон дар ҳоли гузариш ба ҳудуди Душанбе буд ва мақомот чунин равандро далел оварда, ба муроҷиатҳояшон дар мавриди сохтмони мактаб посухҳои норӯшан медоданд.

Абдуназар Қурбонов, раиси маҳаллаи Арбобхотун, гуфт, дар маҳалли зисташон ҳудуди се гектар замини холӣ аст ва мехостанд дар он ҷо мактаб сохта шавад. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар замини холӣ сохтмони корхонаи маҳсулоти пластикӣ оғоз шудааст.

Хусрав Дамонзода, мувоини раиси ноҳияи Сино оид ба корҳои сохтмон, аз бунёди иншооте дар ҳудуди Арбобхотун изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, рӯзи 6-уми январ ба маҳалли зисти сокинон рафта, масъаларо аз наздик пайгирӣ мекунад.

Бори аввал нест, ки сокинон аз набудани мактаб шикоят мекунанд. Дар гузашта низ чунин шикоятҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар расонаӣ шуда буд. Ҳар боре чунин шикоятҳо садо медиҳанд, масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ барои сохтмони мактабҳои нав омилҳои гуногун, аз ҷумла мушкили молӣ ва набудани заминро далел пеш меоранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Аммо ҳазорҳо хонанда ё мактаби муносиб надоранд ва ё барои хондан ҳар рӯз чандин километр роҳро пиёда тай мекунанд.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "то 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон 1332 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ сохта ва таъмиру навсозӣ карда мешаванд", вале маълум нест ин сохтмонҳо низ мушкилро ҳал мекунанд, ё не.

XS
SM
MD
LG