Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо назару пешниҳод ба тасмими як духтаре, ки гуфт, бакораташро мефурӯшад


Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад

Тасмими як духтари 23-сола, ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ карда, бакораташро дар музоядаи онлайн ба даҳ ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст, бо вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Иддае аз шарҳнависон дар сомонаи Радиои Озодӣ ӯро барои чунин тасмимаш таънаву маломат карда, баъзеи дигар ҳосили шароити сахти зиндагӣ дар Тоҷикистон донистаанд.

Корбаре бо номи "Дӯстдори Ватан" мухолифи нашри чунин хабарҳо будааст, чун ба гуфтаи ӯ, "бо ин хабарҳоятон барои садҳо духтари тоҷик роҳ нишон додед. Мо пешравӣ кардан мехоҳем, аммо на бо ин роҳ!"

Нафари дигаре бо номи "Мушкилоти ҷомеа" пешниҳод кардааст, барои духтар ҳисоби бонкӣ кушоянд, то кумакҳо бирасаду аз тасмимаш даст бикашад. "Хуб, ин як хоҳари мову Шумост, нуқтаи бебаҳс. Хоҳиши мо ин аст, ки ба таври дуруст ба ин хоҳар корт кушоед, мо намурдаем ҳанӯз, ҷавонмардон зиёданд, ки пул гузаронанд", -- ҳамовозӣ кардааст шахсе бо номи Юсро.

Шарҳнависе, ки номашро нагуфтааст, тахмин мезанад, шояд духтарро фиреб додаанд ва ё аз номаш суистифода кардаанд. Шарҳаш чунин аст: "Боварам намеояд, ки зан - модар ба шармандакунии миллат даст занад. Ҳатман тафтишот баранд, то кадом дараҷа рост аст. Агар қарздор бошад, ягон сомона кушояд, ман ва мардум кумак мекунем, то аз қарз халос шавад."

"Кумаки пулӣ расонидан ҳам роҳи ҳал нест. Камбағалӣ – баҳона. Роҳи ҳал танҳо инсоф аст, ки ба ҳеч сарват аҳамият намедиҳад. Худаш инсоф надошта бошад, ягон роҳи ҳал вуҷуд надорад, на динӣ ва дунявӣ. Худатонро беҳуда ғам надиҳед", -- навиштааст корбари дигаре.

Алӣ бовар дорад, ки агар ҳукумати Тоҷикистон ба масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва динии мардум расидагӣ мекард, "ҳаргиз як духтари мусалмон бакорати худро дар чашми оламиён ба намоишу музояда намегузошт." Аммо корбаре бо ин назар мухолифат карда, гуфтааст, "ҳазорон духтаре ҳаст, ки пойпӯш надорад, аммо номуси худро нигоҳ доштааст. Ин омилҳоро ба иқтисод бор накунед ва ба сиёсат маёмезедаш."

Заррина ном шарҳнавис ба маҳалли "фурӯши шаби аввал" шубҳа карда, пурсидааст, "барои чӣ маҳз интихоби ин духтар Дубай ва Туркия аст? Маълум мешавад, дигар ғаразҳо дорад."

Яке аз корбарон аз чунин назарҳо хашмгин шуда, гуфтааст: "Эй мардум, мебахшед, вале бадани худаш аст. Мефурӯшад, ба иҷора медиҳад, оташ мезанад ва ё ҳар кори дигаре мекунад, ҳаққи худаш. Радиои Озодӣ, ришвахорӣ, ҳаққи мардумдуздӣ, тағобозӣ, маҳалбозӣ дар Тоҷикистон тамом шуд-мӣ?"

Ин хулосаи 88 номаву назаре буд, ки то ин дам дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шудааст. Даҳҳо нафари дигар назару пешниҳодҳои худро дар саҳифаҳои мо дар Телеграму Инстаграму Фейсбук гузоштаанд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Мардум муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд ва дар сурати ифшои ба истилоҳ "нодухтарӣ" арӯсро аз хонаи шавҳар ва ҳатто волидон берун мекунанд.

Барои пешгирӣ аз чунин пешомад, духтарон дар Тоҷикистон қабл аз арӯсӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, то бокира будани худро исбот кунанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар онро дар ҳаққи духтарон таҳқир меҳисобанд ва борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин талаботро бекор кунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG