Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор дар хориҷ, вале бидуни муҳоҷират. "Маркази навовариҳои Помир" чӣ гуна ҷойи кор меофарад?


Мавригул Қосумбекова, мудири ширкати "Pamir data entry"

"Муҳоҷират ба Русия ягона роҳи ҳалли мушкили бекорӣ нест". Ин нуктаро соли чаҳорум аст, ки фаъолони "Маркази навовариҳои Помир" бо ташкили ҷойи кор ва пешниҳоди хидматрасонӣ тавассути Интернет собит мекунанд.

Пешниҳоди хадамоти рақамӣ ба корфармоён дар кишварҳои хориҷӣ тавассути Интернет ва дарёфти пул барои ин фаъолият, шарҳи мухтасари корест, ки ҷавонони "Маркази навовариҳои Помир" дар Хоруғ ба он машғуланд.

Агар ҷопоние ба муҳосиби англисидон 1500 доллар бидиҳад, мо барои ин кор 300-400 доллар мегирем.

Фаъолон ба ин назаранд, ки ин шеваи кор метавонад роҳи ҳалли бекорӣ дар минтақа ва ҳамчунин дар кишвар шавад. Дар чаҳор соли мавҷудияти тарҳ онҳо муваффақ шудаанд, аз чанд корманд ба як тими ҳафтоднафарӣ табдил шаванд ва ният доранд, ки дар оянда сафи худро зиёдтар кунанд. Ҳукумати вилояти Бадахшон ваъда додааст, аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад.

Шакли нави кор

"Аутсорсинг" ё модели нави маъруфи муваффақтари тиҷорат чун импактсорсинг ба мутахассисон дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ҳамкориро бо шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба роҳ монанд ва тавассути Интернет бо ҳам кор кунанд.

Валимуҳаммадхон Хонҷонов, мудири "Маркази навоварии Помир", мегӯяд, ҳоло кормандон танҳо дар бахши рақамӣ кардани додаҳо (маълумот) кор мекунанд, вале дар оянда метавонанд ба бозорёбӣ, веросторӣ машғул шаванд. "Агар ин корро як амрикоӣ бикунад, ӯ барои ин кор пули калоне талаб мекунад, вале агар ҳиндуҳо, покистониҳо ё филиппиниҳо, пас, алакай хеле арзонтар аст. Дар ҳар кишваре ҳанӯз талаботи худашон ҳаст. Масалан, агар ҷопоние ба муҳосиби англисидоне, ки барномаҳои хосро медонад, ниёз дошта бошад, бояд барояш 1500 доллар бидиҳад, мо барои ин кор 300-400 доллар мегирем", -- нақл мекунад Хонҷонов.

Ба гуфтаи вай, кормандони марказ забонҳои русиву англисӣ ва барномаҳои компютериро баладанд ва агар дар ҷойе зарур бошад, ки ба талаботи он мувофиқ шаванд, ба корфармо пешниҳод мекунанд, омӯзиш диҳад ва дар замони ҳамкорӣ пулашро бигирад.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи мудир, дар ин марказ 5 тим кор мекунанд, ки ҳар кадоме аз онҳо барои худ ширкат пайдо мекунанд, ба тавофуқ мерасанд ва анҷом додани корҳои мушаххасеро ба дӯш мегиранд.

"Мо барои ин тимҳо муҳитро фароҳам кардем, харҷи худро барои иҷораву ҳаққи посбонҳо ва ғайра сарфа мекунем. Агар ҳар тиме дар алоҳидагӣ кор мекард, хароҷот бештар мешуд ва арзиши хидматрасонӣ боло мерафт ва онҳо дар бозор бо ҳиндуҳо вориди рақобат шудан наметавонистанд", -- шарҳ медиҳад Хонҷонов.

Дар оянда, мегӯяд ӯ, маркази онҳо ният дорад то 200-300 ҷойи кор эҷод кунад. Бо ин вуҷуд, таъкид мекунад мудир, муваффақияти ҳар як корманд ба он бастагӣ дорад, ки ӯ то куҷо ба ин кор эътимод дорад ва чӣ қадар хидмати босифат мерасонаду обрӯйи худро боло мебардорад.

Мавридҳои бобарор

Мавригул Қосумбекова, мудири ширкати "Pamir data entry" аст, ки дар муддати кӯтоҳ тавонистааст тими 26-нафариеро созмон диҳад ва онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кунад. "Ман ва ду нафари дигар ба ин кор дар соли 2016 оғоз кардем. Бо гузашти як сол ширкати худро номнавис кардем. Дар оғоз барои чаҳор мағоза дар Амрико кор мекардем, ҳоло шумораашон ба 400 расид", -- мегӯяд Мавригул.

Кори онҳо аз ворид кардани маълумот дар низомҳо, омода кардани гузоришҳо барои бонкҳо ва ҳисобфактурҳо иборат аст. “Дар низоме, ки мо кор мекунем, амалкардҳо зиёданд, вале мо ҳоло танҳо ба чанде аз онҳо машғулем, дар оянда ният дорем соҳаи фаъолиятро васеъ кунем”, -- мегӯяд Қосумбекова.

Маоши кормандон, ба гуфтаи вай, баробар ба маоши миёна дар минтақа аст, ки 1000-1500 сомониро дар бар мегирад.

Мақомот ваъдаи пуштибонӣ медиҳанд

Бо фаъолияти марказ чанде пеш раҳбарии вилоят таваҷҷуҳ карданд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва шаҳрдори Хоруғ Алишер Мирзонабот 12-уми январ аз ин марказ дидан карданд. Тавре дар саҳфаи раиси ҳукумати вилоят хабар дода мешавад, Файзов омодагии худро барои пуштибонии марказ дар амри ташкили ҷойҳои нави кор изҳор кардааст ва ваъда супурдааст, ки дар фурсатҳои наздик барои ёфтани биноҳи иҷора ёрӣ мерасонад.

Мувофиқи маълумот дар соли 2020 аз 128,3 ҳазор аҳоли қобили кори вилоят, танҳо 17,2 % онҳо соҳиби ҷойи кории доимиянду халос ва 28% дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Дар панҷ соли ахир, танҳо бар асоси иттилои расмӣ дар ВМКБ шумораи бекорон то 42,7% зиёд шудааст.

Соли 2018 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муштаракан бо ЮНИСЕФ таҳқиқоте дар мавриди баҳогузории модели Импакт Сорсинг дар Тоҷикистон анҷом доданд.

Мувофиқи натиҷаҳои ин тадқиқот “ҳам ширкатҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ниёзмандии шадиде ба кормандони ҷавон доштанд, ки метавонанд бо доштани маҳоратҳои рақамӣ корҳои мушаххасеро иҷро кунанд, ки дар бозори муосир бо номи “кори хурд” (microwork), машҳур аст. Ин навъи кор барои Тоҷикистон хеле қуллайтар аст. Азбаски аксари аҳолии кшварро ҷавонон ташкил медиҳанду дар навоҳии дурдасту вилоятҳо зиндагӣ мекунанд имкони ками корёбӣ доранд”, - гуфта мешавад дар торнамои ЮНИСЕФ.

"Ин бахш ғайрирасмӣ рушд мекунад"

Нур Сафаров, шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, дар ин бозор имкон ҳаст, ки нисбат ба муҳоҷират бештар пул кор кард, вале барои ин бояд зерсохтҳо ва донишҳои бунёдӣ дар бахши барномасозӣ ва гузоришҳои молиявиро рушд дод.

"Бозори outsource ҷойҳои кори бештареро дар ҷаҳон таъсис дода истодааст. Кишварҳое чун Ҳинд, Ирландия, Русия, Белорус ва дар минтақаи мо Қирғизистон хидматрасониҳои худро фаъолона дар ин бозор пеш мебаранд. Дар мо ин бахши хидматрасониҳо дар ВМКБ, Душанбе ва Суғд рушд карда истодааст, вале маълумот дар бораи ширкатҳо ва навъи хидматрасониҳо хеле кам дастрас ҳаст, эҳтимол пеш аз ҳама барои душвориҳои андоз", -- мегӯяд Сафаров.

Ҳар сол даҳҳо ҳазор кас ба ҷустуҷӯи кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд
Ҳар сол даҳҳо ҳазор кас ба ҷустуҷӯи кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд

То ҳанӯз дар Тоҷикистон як гигабайт интернети мобилӣ 34 сомонӣ аст. Дар ҳоле ки маоши миёна камтар аз 70 доллар аст. Ин баландарин нархи интернет дар минтақа аст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон шумораи бекорон камтар аз се дар сад аст. Вале коршиносони мустақил мегӯянд, ин омор хеле дур аз воқеият аст ва омори бекорӣ аз ҳисоби муҳоҷират ба Русия кам мешавад. Ҳукумати Русия мегӯяд, ки шумораи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар аз марзи як миллион нафар гузаштааст, вале тибқи омори ҷониби Тоҷикистон, шумораи онҳо то 500 ҳазор нафар аст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG