Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд чӣ гуна фурӯ нишондани тазоҳуроти норозиён аз бебарқиро машқ кардаанд. ВИДЕО


Мақомоти интизомӣ дар маркази вилояти Суғд шеваҳои муқобила бо тазоҳурот ё бетартибиҳои оммавиро тамрин кардаанд. Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, ки тамрин рӯзи 21-уми январ дар қисми низомии 3501, дар шаҳри Хуҷанд, гузашт.

Дар он тамрин як гурӯҳи шартии аҳолӣ бо сабаби набудани барқ гирдиҳамоӣ карда, маъмурони милиса иддаеро дастгир ва боқимондаро бо гази ашковару мошинҳои обпош пароканда намудаанд.

Машқи шеваҳои муқобила бо эътирози эҳтимолӣ як ҳафта идома карда, ба иттилои расмӣ, ҳадафаш "таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳаёти сокинон, ҳифзи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ ҳангоми таҷаммӯи эътирозгарон" будааст.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҳарчи бештар шудани шарҳҳои норозиёнаи мардум дар суҳбатҳои ҷудогона ва шабакаҳои иҷтимоӣ зоҳиран бими мақомотро ба вуҷуд овардааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ингуна машқ барои озмудани маҳорати кормандон ҳар сол баргузор мешавад ва сабабу баҳонаҳои эҳтимолӣ гуногун аст.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, гуфт: "Бо назардошти он ки дар обанбори "Норак" об кам шудааст ва эҳтимоли камтар шудани қувваи барқ ҳаст, ин метавонад ба ягон норозигиҳои мардум оварда расонад. Шояд ба ҳамин хотир тайёрӣ дидаанд, ки дар сурати зарурӣ мақомот вокуниш кунанд."

Баъд аз се соли ваъдаи мақомот дар бораи ба афсона табдил шудани лимит, моҳи декабри соли 2020 расман маҳдудияти барқ ҷорӣ шуд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" камобиро далел оварданд, вале сокинон аз он норизоӣ карданд, ки Тоҷикистон дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ аст ва чӣ гуна беоб мондааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Хуҷанд шеваи фӯру нишондани тазоҳуротро машқ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Тамрини мақомоти низомӣ бо гуруҳи шартии тазоҳургарон дар ҳоле рӯй медиҳад, ки дар Тоҷикистон бар асоси қонун баргузор кардани тазоҳурот озод, аммо бо иҷозаи мақомот аст.

Аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 мардум аз ин роҳи баёни иродаи худ парҳез мекунанд, ҳарчанд дар соли 2020 дар ноҳияи Хуросон ва Рӯшон тазоҳуроти пуриздиҳоми сокинон баргузор шуд. Пас аз тазоҳуроти сокинони деҳаҳои селзадаи ноҳияи Хуросон 6 нафар боздошт шудаанд, ки то ҳол сарнавишти онҳо маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG