Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ду нафар аз обҳои Тоҷикистон пайдо шуд


Дарёи Варзоб
Дарёи Варзоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, чанд рӯзи охир наҷотдиҳандагон аз обҳои кишвар ҷасади ду ғарқшударо берун оварданд. Аз ҷумла, 30 январи соли ҷорӣ сокинон дар қаламрави деҳаи Сароби ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ зери ях ҷасади як писарбачаро мушоҳида карданд. Ғаввосон ҷасади кӯдаки чорсолаи сокини ҳамин деҳаро берун оварданд. Зоҳиран кӯдак болои ҳавзи об лижатозӣ карда ғарқ шудааст. Ҷасади дуюмро субҳи 1-уми феврал имдодгарон аз дарёи Вазоб берун оварданд. Маълум шуд, ки вай сокини 37-солаи деҳаи Навободи ноҳияи Варзоб буда, 7 декабри соли гузашта аз хона баромада, бедарак шудааст.

XS
SM
MD
LG