Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азим Иброҳим гуфт, ба мусофирбарӣ бо қатор омода ҳастанд, вале COVID-19 монеъ мешавад. ВИДЕО


Вазири нақлиёти Тоҷикистон чӣ гуфт?

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ки омода ҳастанд, ҳамин лаҳза мусофиркашониро тавассути қатор ё поезд ба хориҷа, аз ҷумла Русия, ба роҳ монанд, вале вазъи вобаста ба коронавирус иҷозат намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани сирояти бемории ҳамагир хабар медиҳад. Маълум нест, Душанбе аз кушодани марзу фазояш ба рӯйи кишварҳои дар ҳоли "ҷанг" бо бемории ҳамагир худдорӣ меварзад, ё дигарон ҳанӯз барои рафтуои мунтазам бо Тоҷикистони, ба қавли мақомот, орӣ аз COVID-19 истиҳола мекунанд.

"Мо бояд аз корҳое, ки метавонад бемориро хуруҷ бидиҳад, даст бикашем. Агар хоҳиши мо бошад, ҳамчун Вазорати нақлиёт, мехоҳем, тезтар раванду оянд, нишондоди Тоҷикистон нағз мешавад. Мутаассифона, ин танҳо аз Тоҷикистон вобастагӣ надорад, аз ҳолати воқеӣ бо COVID-19 вобаста аст", -- гуфт Азим Иброҳим дар нишасти хабарии 3-юми феврал дар Душанбе.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иддао карда буданд, ки барои ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия низ омода ҳастанд ва ҳанӯз тобистони соли 2020 ба Маскав дар ин бора ризоят дода, вале аз он тараф ҷавобе нагирифтанд. Дар ҳоле ки Русия то кунун парвозҳои доимиро бо чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон, ҳамсояи Тоҷикистон, аз сар гирифт, вале дар мавриди Душанбе бо парвозҳои чартерӣ ё "якҷониба" иктифо шуд.

"Боркашонӣ ҳам кам шуд"

Муҳоҷирон қаторро яке аз василаи арзони сафар ба Русия медонистанд. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон қаторро яке аз василаи арзони сафар ба Русия медонистанд. Акс аз бойгонӣ

Қаторҳо ё поездҳои Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 ба ин тараф ба хориҷа мусофир намекашонанд. Дар гузашта дар баробари ҳавопаймо ин нақлиёти алтернативӣ барои муҳоҷирон ба шумор мерафт, ки бо қимати арзонтар худро ба Русия мерасонданд.

Мақомот мегӯянд, соли гузашта бино бар пандемияи фарогири COVID-19, натанҳо бахши мусофиркашонӣ, балки боркашонӣ тавассути қатор низ ба мушкил печид ва дар муқоиса ба соле пеш ба маблағи 300 миллион сомонӣ камтар хадамот расонданд.

Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 3-юми феврал гуфт: “Дар умум, соли гузашта бо нақлиёти байналмилалии боркаш ба маблағи 272 миллион сомонӣ камтар маҳсулот интиқол дода шуд. Мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан низ 28,9 миллион сомонӣ камтар шуд". Қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли гузашта фаъол буданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити пандемия интиқоли бор хароҷоти бештареро дар пай дошт. Ба гуфтаи Анвар Латифзода, роҳбари котиботи ширкати Роҳи оҳан, "вақти аз марз баромадан ва ё ворид шудан ба борҳо ҳатман маҳлулҳои беҳдоштӣ мепошанд. Якчанд муддати муайян дар карантин меистанд."

Наворро дар инҷо бинед:

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба интиқоли мусофирон омодааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ҳукумат зарари ширкатҳоро ҷуброн кунад ё не?

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои дигар, Тоҷикистон бояд зарари иқтисодӣ ба ширкатҳоро ҷуброн кунад. Аммо Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, бо чунин даъват мувофиқ нест.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров

Ӯ мегӯяд, "хуб аст, ки вазири нақлиёт ошкоро аз зарарҳои соҳа аз пандемия гап мезанад. Бояд иқрор шавем, ки агар ширкатҳо зарар дида, фоидае ба даст наовардаанд, пас, аз фоида низ андоз ё молиёт пардохт намекунанд. Ширкатҳо танҳо бояд тибқи созишномаҳои корӣ бо кормандонашон рафтор карда, дар бораи идомаи фаъолияти онҳо тасмимҳои қонунӣ бигиранд".

Русия ва баъзе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта коронавирусро ҷиддӣ гирифта, марзу фазои худро бастанд. Тоҷикистон танҳо дар охири моҳи апрели соли 2020, дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва дертар аз дигарон (ба истиснои Туркманистон) мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Ва нахустин кишваре дар минтақа шуд, ки аз пирӯзӣ ба бемории ҳамагир хабар дод.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз он замон то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар дохилу хориҷ ба омори расмии вобаста ба коронавирус шубҳаҳо боқист, чун аз оғоз мақомот дар эълони рақамҳо ва ҷузъиёти он шаффофу ошкор набудаанд.

Вале онҳо ҳамеша дар бораи зиёнҳои расида аз бемории ҳамагир ба зиндагии мардум ва бахши иқтисоди кишвар суҳбат карда, аз созмону кишварҳо мадад хостаанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, зарари умумӣ ба иқтисоди кишвар метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил диҳад ва эҳтимол дар оянда ҳам афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG