Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

18 пизишки тоҷик аз коронавируси нав ҷон бохтаанд. ВИДЕО

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба бемории COVID-19 тасдиқ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги даҳҳо табиби тоҷик бо нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, дар нишасти рӯзи 12-уми феврал бори аввал омори гирифторӣ ба коронавируси навро дар минтақаҳои Тоҷикистон ошкор кард. Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар вилояти Суғд сирояти коронавирус сабт шудааст. Омори беморонро дар ин минтақа 4 ҳазор кас баршумурд.

Дар шаҳри Душанбе низ, ба иттилои ӯ, 4 ҳазор нафар ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд. Аз рӯи гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷойи севум, Хатлон дар ҷойи чаҳорум ва аз ҳама охир вилояти Бадахшон будааст.

Дар оғози пандемия хабарҳои нахустин аз фавти сокинон бо нишонаҳои коронавирус дар вилояти Суғд ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Ҳарчанд мақомот ин хабарҳоро рад карда, ҳолатҳои марги шубҳаоварро аз илтиҳоби шуш мегуфтанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта, замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Ҳоло мақомот пофишорӣ доранд, ки тайи тақрибан ду моҳи охир дар кишвар ягон мавриди сирояти бемормии ҳамагир сабт нашудааст, вале суолу шубҳаҳо дар ин замина ҳанӯз боқист.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Душанбеву Маскав масъалаҳоеро, ки "ҳалли фавриро тақозо мекунанд", баррасӣ карданд

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон Русия дар Душанбе.

Дар Душанбе музокироти Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили муҳоҷират баргузор шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин музокирот, масъалаҳое, ки "ҳалли фавриро тақозо мекунанд", баррасӣ шудааст. Дар ин бора шарҳи бештар ироа нашудааст. Аммо чанд рӯз пеш муовини вазири корҳои дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла аз Тоҷикистон хоста буд, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар музокироти рӯзи 19-уми апрел ҳайати Тоҷикистонро Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҷониби Русияро Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии он кишвар, раҳбарӣ карданд. Дар музокирот намояндагони вазорату идораҳои ду кишвар ҳузур доштаанд.

"Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт",-омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ин музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд.

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд. Аммо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".

Тоҷикистон аз Чин 150 ҳазор воя ваксинаи "Коронавак" мегирад

Ваксинаи чинӣ зидди КОВИД-19. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, кишвар аз Чин 150 ҳазор вояи ваксинаи "Коронавак" мегирад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ин ваксинаҳо барои Тоҷикистон ройгон хоҳанд буд. Ба гуфтаи Ҷаъфаров, тавофуқ барои интиқоли ваксинаҳо аллакай ҳосил шудааст.

"Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби Чин теъдоди мавриди назарро омода мекунад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон нақлиёти ҳавоиро фароҳам хоҳад сохт",-гуфтааст Навруз Ҷаъфаров.

Пешниҳоди интиқоли ваксинаи чинӣ пештар дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин садо дод. Дар он суҳбат, раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвараш омода аст, ки ба Тоҷикистон ваксина зидди COVID-19 диҳад.

Тоҷикистон то имрӯз 192 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” гирифтааст ва то имрӯз 35 ҳазор нафарро зидди коронавирус эм кардаанд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ COVAX ва ройгон ба Тоҷикистон дода шуд.

Пештар масъулини Вазорати тандурустӣ гуфта буданд, барои ворид кардани ваксинаи русии "Спутник V" ва ваксинаи "Синовак" аз Чин гуфтугӯ доранд. Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад аз Чин ваксина бигирад, ки то ҳол Созмон ҷаҳонии тандурустӣ бехатарии онро ваксинаи чиниро тасдиқ накардааст.

Неруҳои Русияву Сурия ба шимолу шарқи Палмир ҳамла карданд

Неруҳои русӣ дар Сурия.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, рӯзи душанбе ба "пойгоҳи террористон" дар шимолу шарқи Палмири Сурия ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Ба навиштаи хабаргузории Arabnews, неруҳои низомиву кайҳонии Русия, баъди тасдиқи иттилоъ дар бораи ҷойгиршавии ин нерӯҳо, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, наздики 200 ҷангҷӯро куштаанд.

Ба иттилои Маркази сулҳофаринӣ миёни тарафҳои даргир ва назорати кӯчидани фирориён дар Сурия, дар шимолу шарқи Палмир ҷангҷӯён пойгоҳи махфие бунёд мекарданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия баҳори соли 2011 аз даргирии шаҳрвандӣ шуруъ шуд ва ба шуриш зидди низоми Башор Асад печид. Баъдтар ба ин ҷанг кишварҳои муҳими минтақа, созмонҳои байналхалқӣ, гуруҳҳои низомиву сиёсӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ шомил шуданд.

Узбекистон 300 000 моя ваксинаи "Спутник V" дарёфт мекунад

Ваксинаи "Спутник".

Интизор меравад, Узбекистон то охири моҳи апрели соли равон 300 000 моя ваксинаи русии зидди коронавирус -- "Спутник V"-ро дарёфт кунад. Дар ин бора сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавирус дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи сарвазири Узбекистон, қарор аст, кишвараш то охири моҳи равон 1 миллион моя ваксинаи чинии зидди коронавирус дарёфт кунад.

Орипов афзуд, ки сокинони Узбекистон метавонанд яке аз ин ду ваксинаро интихоб намоянд.

Пештар хабар дода шуд, шумори узбекистониҳое, ки бо ваксинаи зидди коронавируси нав эм шудаанд, аз 400 ҳазор гузаштааст.

Донишҷӯйи тоҷик дар Русия мегӯяд, ба раҳоии муҳоҷирон кумак кард, вале худ ба ёрӣ муҳтоҷ шуд

Охун Раҳимов

Охун Раҳимов, магистри Донишгоҳи Санкт-Петербург аз Тоҷикистон, мегӯяд, аз сӯйи пулиси ин шаҳр боздошту шиканҷа шудааст. Мақомоти пулис қазияро шарҳ надоданд, аммо як масъули Ҳизби "Справедливая Россия" тасдиқ кард, ки Раҳимов дар боздоштгоҳ буд ва танҳо бо ёрии онҳо раҳо шуд. Ӯро рӯзи 2-юми апрел дастгир карда будаанд.

Вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад.
Игор Охтин

Раҳимови 24-сола мегӯяд, мушкили ӯ баъд аз он сар шуд, ки барои аз дасти маъмурони пулис озод кардани як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек кӯшиш кард.

"Чанде пеш як гуруҳ аз муҳоҷирони узбек, ки қаблан бо онҳо шинос будам, хостанд, барои раҳо шуданашон аз боздоштгоҳ ёрӣ кунам. Ба бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург рафтам. Асосҳои қонунгузории Русияро дар донишгоҳ омӯхтаам ва тавонистам бо машварати ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони узбек, онҳоро аз боздошт раҳо кунам", -- нақл кард ӯ рӯзи 19-уми апрел.

Акмал Муҳаммадиев, муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки онҳо дар як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд ва, воқеан, тақрибан се ҳафта пеш дастгир шуда буданд.

Баъд аз раҳоии муҳоҷирони узбек, ба ӯ хабар расондаанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик низ ба бахши пулис оварда шудааст. Охун Раҳимов мегӯяд, ба кумаки онҳо шитофт, вале дар ниҳоят, маъмурони пулис худашро дастгир кардаанд.

"Либосу ҳамён ва телефонамро гирифта, вориди утоқи сард карданд. То ҳол месулфам. Пеш аз боздошт мегуфтанд, ки барои худ дарди сар эҷод мекунӣ. Ҳангоми боздошт шиканҷа карданд. Ман фақат мехостам ба муҳоҷирон кумак кунам. Сипас, ба Маркази кумаки ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" занг задам ва онҳо барои раҳоии ман ёрӣ карданд", -- нақл кард ӯ.

Раҳимов гуфт, намояндаҳои ин ҳизб аз ӯ хостаанд, санадҳои заруриро дар ихтиёри онҳо гузорад ва ин қазияро то ба додгоҳ мебаранд. Ба гуфтаи вай, ҳизбиён ваъда додаанд, ки ба Охун Раҳимов ду вакили дифоъ ҳам медиҳанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани назари масъулини бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург то ин дам бенатиҷа анҷом ёфт.

Игор Охтин, масъули Маркази кумакҳои ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" мегӯяд, "вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад. Маъмурони пулис ба раҳо кардани Охун Раҳимов розӣ шуданд."

Ба хотири ҳалли ниҳоии масъала Охун Раҳимов тасмим гирифтааст, агар тавассути додгоҳ муваффақ нашавад, пас, таҳсилро тарк карда, ба нишони эътироз ба ватан бармегардад: "Шояд, чунин амр кумак кунад, ки мақомоти Русия ба мушкилоти кору зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар ин кишвар таваҷҷӯҳи бештар кунанд."

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст.

То замони пандемия онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар мефиристоданд. Соли гузашта бо сабаби бемории коронавирус ва баста будани марзҳо бахши аъзами онҳо дар кишвар монданд. Ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, соли 2020 аз Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд. Ҷониби Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар тақрибан як миллион нафар медонанд.

Аввалин парвози чархбол ба Миррих

Чархболи Ingenuity

Оҷонсии парвозҳои ҳавоии ИМА НАСА гуфт, ки 19-уми апрел нахустин бор як роботи чархболи хурде ба сатҳи сайёраи Миррих баланд шуд ва дар сатҳи он парвози идорашаванда анҷом дод. Мудири тарҳ Мими Аунг гуфт, “акнун мешавад гуфт, ки инсон дар рӯи чархбол дар сайёраи дигар ҳам парвоз анҷом дод”. Намоиши ин саҳнаро НАСА тавассути YouTube ба роҳ монд:

Нозирони парвоз дар Калифорния тасдиқ карданд, ки чархболи хурди Ingenuity бо вазни 1,8 кг тавассути миррихгарди Perseverance, ки аз фосилаи 65 метр назорат мекард, парвози кӯтоҳмуддате анҷом дод. Тими Аунг се соат интизор шуд, ки натиҷаи парвози барномарезишуда дар фосилаи 287 миллион километрро бифаҳмад.

Феълан иттилои зиёд дар даст нест, вале маълум аст, ки дар аввал НАСА мехост парвоз 40 сония идома кунад. Бояд чархбол ба баландии 3 метр парида, дар ҳаво 30 сония бимонад ва баъдан ба самти миррихгард ҳаракат карда дар назди он бинишинад. Барои анҷоми чунин парвоз дар мадоре, ки зичиаш аз Замин тафовути зиёд дорад, қаноти чархбол бояд дар яке дақиқа 2500 бор тоб мехӯрд ва ин панҷ баробар босуръаттар назар ба Замин мебошад.

Барои сохтани ин чархболи хурд бо баландии 0,5 метр беш аз шаш сол сарф шуд.

Ingenuity батареяи офтобӣ ҳам дорад. То моҳи оянда озмоишҳо идома меёбад. Дар умум, фикри донишмандон ин аст, ки Perseverance ва Ingenuity баъди даҳ сол ба Замин баргарданд.

Блинкен аз қарори хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар нишасти хабарӣ дар сафорати Амрико дар Кобул

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз қарори ИМА дар заминаи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт, ки таҳдиди терроризм ҳама ҷо паҳн шудааст ва Вашингтон ҳоло бояд “нирӯву захираҳои худро” ба масоили муҳими дигари мисли пандемияи COVID-19 ва тағйироти иқлим равона кунад. Блинкен, ки 18-уми апрел бо телевизиони ABC сӯҳбат мекард, гуфт, “таҳдиди терроризм ба дигар маконҳо паҳн шудааст. Ва мо масоили дигари муҳиме дорем, аз ҷумла, аз равобит бо Чин, аз ҷумла, муқобила бо тағйироти иқлим сар карда то COVID”. Президент Ҷо Байден рӯзи 14-уми апрел эълон кард, ки ИМА ҳамаи нирӯҳои боқимондашро пеш аз 11 сентябр аз Афғонистон берун мекашад. Хуруҷи нирӯҳо бо ин вуҷуд сурат мегирад, ки музокироти сулҳи Афғонистон, ки миёни ҳукумат ва Толибон ҷараён дорад, бо мушкил пеш меравад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан, ИМА сари масоили таҳдиди терроризм аз Афғонистон тамаркуз хоҳад кард. Айни замон ӯ таъкид кард, ки баъди рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон “касе замонат дода наметавонад, ки дар дохил чӣ хоҳад шуд”. Ӯ гуфт, тамоми коре, ки ИМА барои нирӯҳои амниятии Афғонистон, ҳукумат ва мардумаш карда метавонад, ин таъмини захираву имкониятҳо, тамрин, муҷаҳҳазкунии нирӯҳо ва ёрӣ ба ҳукумат мебошад. Салливан рӯзи 18-уми апрел дар сӯҳбат бо Fox News гуфт, “фурсати он расидааст, ки нирӯҳои амрикоӣ ба хона баргарданд ва мардуми Афғонистон кишвари худро худаш дифоъ кунад” .

Хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, Навалнийро ба беморхонаи зиндон интиқол доданд

Акс аз 29-уми июли соли 2019. Алексей Навалний дар як беморхонаи Маскав

Мақомоти зиндонҳои Русия гуфтанд, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалий ба бемористони зиндон интиқол меёбад. Ин қарор дар ҳоле гирифта шуд, ки мунаққиди Кремлин 20 рӯз мешавад, ки гуруснанишинӣ эълон карда, хабарҳо аз якбора бад шудани саломатии ӯ ба даст мерасанд. Дар изҳороти хадамоти зиндонҳои Русия рӯзи 19-уми апрел гуфта шуд, ки “феълан саломатии А.Навалний қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯро ҳамарӯза духтур муоина мекунад. Бо ризоияти бемор, ӯро бо витамин муолиҷа мекунанд”.

Пеш аз ин духтури хусусии Навалний ва се табиби дигар, аз ҷумла, духтури дил дар номае ба раҳбарияти Хадамоти федеролии зиндонҳо бо таъкид ба ин ки “ҳар лаҳза” метавонад дили Навалний аз кор монад, талаб карданд, ки барои муоинаи ӯ иҷоза диҳанд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний ҳушдор дод, ки агар ба зудтарин фурсат чораандешӣ нашавад, Навалние, ки чанд моҳ пеш аз ин аз заҳролудшавӣ бо заҳри низомии “Новичок” табобат гирифтааст, метавонад дар рӯзҳои башумор “ҳалок шавад”.

Вазъи Навалний равобити то имрӯз бадшудаи миёни Русияву Ғарбро бадтар мекунад. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 18-уми апрел гуфт, ҳукумати ИМА ба Русия гуфтааст, ки агар Навалний дар зиндон “бимирад”, ин ҳолат “паёмад хоҳад дошт”.

Қазияи Навалний рӯзи 19-уми апрел дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад. Жозеп Боррелл, дипломати аршади аврупоӣ дар остонаи нишасти ИА ҳушдор дод, ки Маскавро барои вазъи сиҳҳатии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ҷавобгар хоҳад кард.

Навалний моҳи августи порсол замоне, ки аз як сафари корӣ дар Сибир ба Маскав бармегашт, аз ҳуш рафт ва баъди ин озмоишгоҳҳои аврупоӣ гуфтанд, ки ӯро бо заҳри “Новичок” заҳролуд кардаанд. Худи Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар амр додани заҳролудкунии ӯ айбдор кард, вале Кремлин ин иттиҳомро рад кардааст. Моҳи феврали имсол, вақте Навалний аз муолиҷа дар Олмон баргашт, додгоҳ ӯро барои, ба гуфтааш, вайрон кардани қарори додгоҳи соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.

18-уми апрел муттафиқони Навалний аз мардум даъват карданд, ки рӯзи 21-уми апрел, пеш аз он ки ба Навалний “осеби ислоҳнопазир” расонида шавад, ба эътирозҳои дастаҷамъӣ бароянд. 19-уми апрел яке аз муттафиқони дигари Навалний - Владимир Милов эълон кард, ки ба хотири боздошт нашуданаш кишварро тарк мекунад.

Муҳоҷирони "ғайриқонунӣ"-и тоҷик дар Русия чӣ қадаранд? Ҳисоби мушкили Маскаву Душанбе

Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон талош доранд, ки барои кор худро ба Русия бирасонанд

Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд. Маскав ба ин гуруҳи муҳоҷирон то 15-уми июн муҳлат додааст, ки будубоши худро қонунӣ кунанд, дар акси ҳол номашон ба рӯйхати шахсони “мамнуъ-ул-вуруд” дохил мешавад.

Дар Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфтанд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия ба он миқдоре нест, ки Маскав ҳисоб кардааст. Зоҳир Мирзоев, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, омори мақомоти рус дар бораи теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воқеият рост намеояд.

Мирзоев гуфтааст, дар ин кор зиёдаравӣ сурат гирифта, Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро барзиёд ҳисоб кардааст.

Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат далел овардааст, ки омори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, аксарияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои дигар ба Тоҷикистон рафтаанд ва ҳоло онҷо қарор доранд.

Изҳори назари ин мақомдори тоҷик пас аз он садо дод, ки Маскав ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия то 15-уми июн муҳлат дод, ки будубоши худро қонунӣ кунанд. Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) хост, масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашонро дар ин кишвар "ҳал кунанд".

"Бисёре аз шаҳрвандони Шумо дар хоки кишвари мо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мувофиқи қарори президент ин шумораро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, ихроҷ аз сарҳад, рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мехоҳем, бо ёрии матбуот дар кишварҳои худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед."

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, хост, то 15-уми июни имсол ба шуъбаҳои ноҳиявии идораи муҳоҷират дар Русия ҳозир шуда, будубоши худро қонунӣ гардонанд.

Барои суол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд, ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:

Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;

Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

Новосибирск: +7(965)3586161;

Уфа: +7 (915) 4883223;

Краснодар: +7(929)540 88 88;

Хабаровск: +7 (909)809 5548;

Астрахан: +7(977)2720001.

Навалнийро ба беморхона мебаранд

Намоиши эътирозӣ дар Бритониё ба пуштибонии Навалний

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия гуфтанд, ки Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон ба беморхона интиқол дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки “аҳволи ӯ қаноатбахш” аст.

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз он ки табибон ва сухангӯи Навалний ҳушдор доданд, ки ӯ бар асари гуруснанишинӣ ба марг наздик шудааст, вазъи нигаҳдории мунаққиди зиндонии Кремлро "комилан беинсофӣ" номид.

Байден рӯзи 17-уми апрел ба рӯзноманигорон гуфт, "ин комилан, комилан беинсофона ва комилан номуносиб аст".

Қаблан хабар дода буданд, ки саломатии Алексей Навланий босуръат бад шудааст. Ба гуфтаи табиби шахсӣ ва се табиби дигар "ҳар дақиқа" имкони аз кор мондани тапиши дилаш вуҷуд дорад.

Пизишки Алексей Навланий дар ин бора рӯзи 17-уми апрел дар як мактуб ба Идораи зиндонҳои Русия навишта гуфтааст, ки бо гуруҳе аз табибон омодаи кумак ба Навалний ҳастанд.

Навалнийи 44-сола 31-уми март бо нишони эътироз аз он, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти зиндон аз иҷозати гирифтани ёрии тиббӣ саркашӣ карданд, гуруснанишинӣ эълон кард.

Пизишкони маҳбас гуфтанд, Навалний дар камараш ду "грижа" дорад. Пизишкон ҳамчунин гуфтанд, ки Навалний таби баланд ва сулфа дорад.

Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли гузашта беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.

ИМА нисфи аҳолиро эм кард, Исроил гаштугузори бениқобро иҷоза дод

Кӯчае дар Исроил. Мардум бидуни ниқоб ҳақ доранд гаштугузор кунанд, вале доштани ниқоб дар дохили муассисаҳо ҳатман талаб мешавад

Дар ИМА нисфи калонсолон дастикам як воя ё дозаи ваксинаи зидди COVID-19-ро дарёфт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар қаламравҳои дигари сайёра муқовимат бо мавҷи нави шаклҳои вирус идома дорад. Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар ИМА тахминан 130 миллион аҳолии аз 18-сола боло ҳадди аққал як воя ё дозаро дарёфт кардаанд, ки ин 50,4 дарсади аҳолии кишвар мебошад. Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо мегӯяд, 84 миллион аҳолӣ ваё сеяки ҷамъияти Амрико бо ҳарду дозаи воксина эм карда шудаанд. Рӯзона дар ин кишвар 3 миллион дона воксина дода мешавад. Вале айни замон, дар ҷомеаи Амрико нафароне кам нестанд, ки аз гирифтани воксина саркашӣ мекунанд, масалан, дар назарсанҷиҳо аз ҳар 5 нафар як нафар гуфтаанд, ки воксина гирифтан намехоҳанд.

Дар нуқтаи дигари ҷаҳон – Исроил рӯзи 18-уми апрел бори аввал ба мардум иҷоза доданд, ки ниқобҳои тиббии худро бикашанд ва мисли пешина нафаси озод гиранд. Дар ин кишвар беш аз нисфи аҳолӣ пурра эм карда шудаанд. Исроил бо истифода аз воксинаи Pfizer/BioNTech яке аз босуръаттарин маъракаҳои зидди COVID-19-ро роҳандозӣ кард. Дар ин кишвар уфти бисёр ҷиддии ҳодисаҳои олудагӣ, бистаришавӣ ва марг бар асари коронавирус мушоҳида мешавад ва мақомот дари мактабу тарабхона ва дигар муассисаҳои ҷамъиятиро боз карданд. Дар ин кишвар доштани ниқоби тиббӣ дар дохили муассисаҳо ҳамоно ҳатмӣ талаб мешавад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти амрикоӣ гуфт, ки эҳтимолан дар оянда боз ҳам зарурат ба гирифтани воксинаҳои сахттар пеш ояд.

Мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон ҷаласа мекунанд

16-уми апрел, мулоқоти президентони Украина ва Фаронса дар Париж

Рӯзи 19 апрел қарор аст дар як ҷаласае мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон роҳҳои эҳтимолии коҳиши таниш дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони Украина, Фаронса ва Олмон дар паи ҷаласаи муштараке аз Русия тақозо карданд, ки нирӯҳояшро аз назди марзҳои Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим бозпас бикашад. Созиши оташбаси бисёр заъифе, ки миёни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия имзо шудааст, ҳафтаҳои ахир риоя намешавад ва аз оғози соли ҷорӣ шумори сарбозони кушташудаи украинӣ дар ин шарқ дастикам 30 нафарро ташкил дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки дар талоши ташкили музокироти аъзои гурӯҳи Нормандия мебошад, ки ба он Украина, Русия, Фаронса ва Олмон шомил мешаванд. Фаронсаву Олмон аз соли 2015 ба ин сӯ дар низои Украина ба ҳайси миёнҷӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 16-уми апрел Зеленский дар Париж бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон имкони ташкили музокирот бо президенти Русия Владимир Путинро баррасӣ кард. Баъди ин ду раҳбар тавассути тамоси интернетии видеоӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел сӯҳбат карданд. Зеленский дар Париж гуфт, ҳадафи мушовирони сиёсӣ азсаргирии созишномаи Минск мебошад, ки оташбас дар шарқи Украинаро ҳамчун қадаме ба сӯи хатми низоъ дар шарқи ин кишвар пешбинӣ кардааст.

ИА иддаои Чехияро дар бораи ду ҷосуси рус баррасӣ мекунад

Александр Петров ва Руслан Боширов, ду ҷосуси эҳтимолии Русия, дар баробари заҳролудкунии Скрипалҳо дар ташкили таркише дар Ҷумҳурии Чех низ муттаҳам мешаванд

Қарор аст, рӯзи 19-уми апрел вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо иддаои Ҷумҳурии Чехро дар бораи ду ҷосуси Русия баррасӣ кунанд.

Мақомоти Прага гуфтанд, ин афрод дар ташкили таркиши як захирагоҳи силоҳ дар соли 2014 даст доштанд. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар заҳролудкунии Скрипалҳо дар соли 2018 дар Бритониё муттаҳаманд.

Нахуствазири Чехия Андрей Бабиш рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ки 18 дипломати русро аз хоки ин кишвар берун мекунанд. Дар посух Маскав ҳам гуфт, 20 дипломати чехро аз хокаш меронад.

Моҷарои бархоста баъд аз соли 1989 – замони суқути ҳукумати коммунистӣ дар ин кишвари хурди Аврупо, ки як узви НАТО мебошад, бесобиқа аст ва таниши миёни Маскаву Ғарбро боз ҳам бештар мекунад.

Бабиш дар изҳороташ рӯзи шанбе гуфт, далели боварбахши муфаттишони Чехияро дар ихтиёр доранд, ки дар он аз нақши ҷосусони рус дар таркиши соли 2014 дар шаҳри Врбетитсе сӯҳбат мешавад.

Ӯ афзуд, ин кори дасти ходимони ГРУ ё Сарраёсати ҷосусии маъруф бо рақами 29155 мебошад. Ин бахш дар чанд талоши сӯиқасд ба ҷони одамон дар Аврупо гумонбар мешавад ва яке аз онҳо заҳролудкунии падару духтар, Скрипалҳо, дар шаҳри англисии Салисбури мебошад.

Муҳимоти низомиву силоҳе, ки соли 2014 дар Чехия нобуд карда шуд, тибқи гузоришҳо, бояд ба Украина фиристода мешуд. Ин кишвар аз соли 2014 бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин дар ҳоли низоъ мебошад. Дар таҳқиқот маълум шудааст, ки як созмони тоҷири силоҳ дар Булғористон ҳам бояд мавриди ҳадафи ҳамла қарор мегирифт.

Ҳалокати 3 ҷавон дар садамае дар шоҳроҳи Душанбе - Файзобод

Ноҳияи Файзобод.

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт, се сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса шаби 17-уми апрел дар мавзеи Дубедаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, се мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Ду нафари онҳо ҳамагӣ 17-сола ва нафари севум 22-сола будааст. Ин мошин аз сӯи як сокини 18-солаи Файзобод идора мешудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳалокшудаҳоро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварданд.

Сабабҳои дақиқи ин ҳодиса эълон нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, мошин"бо кадом сабабе" аз роҳ берун ва дучори садама шудаст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе аз ин мусофирон хонандагони мактабҳои 51 ва 72-и шаҳри Душанбе будаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамакнун ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

ВКД-и Қирғизистон гуфт, монеи тазоҳуроти "Зидди хушунат" нашудаанд

Бинои Вазорати умури дохилии Қирғизистон.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 18-уми апрел гуфт, хабарҳо дар бораи парокандасозии тазоҳурот "Зидди хушунат", аз сӯи кормандони пулис дар либоси мулкӣ асос, надорад.

Рӯзноманигори қирғиз Болот Темиров дар як навор гуфт, тазоҳуроти рӯзи 15 апрелро, ки дар назди бинои вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешуд, кормандони ин ниҳод дар либоси мулкӣ пароканда карданд.

"Ин гуфта дурӯғ аст ва ба ҳақиқат мутобиқат надорад. Дар воқеъ, дар наворҳо дида мешавад, ки кормандони пулис дар тазоҳурот ҳузур доранд, аммо бояд гуфт, кормандони пулис ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ бо хоҳиши худ ба ҷамъи мардум ҳозир шудаанд ва назорат карданд, ки байни тазоҳургарон ҷанҷол нашавад", - омадааст дар хабари ВКД.

Рӯзи 15-уми апрел фаъолони Қирғизистон назди бинои ВКД тазоҳурот ташкил карданд. Онҳо таҳқиқи қатли Айзада Канатбекова ва истеъфои вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбековро талаб карданд.

Аммо чанд марде, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд ва худро кормандони бознишастаи корҳои дохилӣ унвон карданд, монеи ин тазоҳурот шуданд. Каме дертар як гуруҳи дигари одамон назди бинои ВКД омаданд ва тазоҳургаронро бо алфози қабеҳ дашном доданд ва низ монеи тазоҳуроти аввалиҳо шуданд.

Қатли Айзада Канатбеков, як духтари ҷавон дар ибтидои моҳи апрел ҷомеаи Қирғизистонро ваҳшатзада кард. Канатбековаро ҷавоне барои издивоҷи иҷборӣ рабуд, аммо дар нимароҳ қатл кард. Қирғизистониҳо мегӯянд, мақомот барои таҳқиқи қатли Канатбекова талоши заруриро ба харҷ намедиҳанд.

Падари президенти Туркманистон фавтид

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов.

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадови 88-сола, падари президенти Туркманистон - Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 18 апрел фавтид. Дар ин бора расонаҳои давлатии он кишвар хабар доданд.

Расонаҳо дар бораи фавт ва маросими ҷанозаи Бердимуҳаммадови калонӣ ҷузъиёти бештар надоданд.

"Ин хабари нохушро мардуми Туркманистон бо андуҳи амиқ қабул карданд", - хабар дод Оҷонсии иттилоотии "Асри тилоии Туркманистон".

Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов 12-уми августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.

Расонаҳои давлатии Туркманистон хабари фавти Бердимуҳаммадови калониро бо нақли қавли Бердимуҳаммадови хурдӣ ҷамъбаст карданд.

"Роҳи омӯзандаи роҳнамои ман бароям омӯзанда буд, тарзи зиндагии вай - бароям идеал, донишгоҳи ҳаётӣ буд",-гуфтааст Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар марги падараш.

Дар Туркманистон медале бо номи Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.

Кормандони "Jizzakh Petroleum" ба корпартоӣ таҳдид карданд

Кормандони норозии ширкати Jizzakh Petroleum.

Кормандони яке аз бузургтарин ширкатҳои нафту газ дар Узбекистон -- "Ҷиззах Петролиум" (Jizzakh Petroleum) таҳдид мекунанд, ки дар эътироз ба кам шудани маошашон даст ба корпартоӣ хоҳанд зад.

Видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, нишон медиҳад, беш аз 100 корманди ширкати муштараки мазкур аз раҳбарияти худ сабаби кам шудани маошашонро мепурсанд.

"Ман дараҷаи панҷум дорам ва моҳи март 1 миллиону 400 ҳазор сӯм гирифтаам. Агар дар оила кӯдаке бемор шавад ба табобати он чӣ қадар пул сарф мешавад? 1 миллион сӯм пули иҷораи манзил ва 246 сӯм барои таҳсили кӯдак месупорам. Барои барқу газ бояд пул надиҳем? Хонаводаро бо кадом пул хуронем?", - суол мегузорад, корманди норозии "Ҷизак Петролиум".

Яке аз кормандони "Ҷизак Петролиум" ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки ин видео 9 апрел сабт шудааст.

"Ҳамдигарро тариқи Телеграм хабар дода, он рӯз ҷамъ шудем. Ҳудуди 100 корманд муроҷиатнома ба унвони раҳбарияти ширкатро имзо карданд. Дар басти шабона касе ба кор набаромад. Он рӯз аз Тошканд намояндаҳо омада, ваъда доданд, ки аз аввали соли нав маош баланд мешавад. Агар пеш як корманд 4 миллион сӯм (380 доллар) маош мегирифт, ҳоло ӯ 2 миллион хоҳад гирифт. Як намояндаи тошкандӣ ваъда дод, ки раҳбарро иваз ва ҳамаро ба монанди пешин хоҳанд кард. Вале бо гузашти як ҳафта чизе тағйир нашудааст. Агар ин ваъдаҳо иҷро нашаванд, даст ба корпартоӣ мезанем", - изҳор дошт ӯ.

Раҳбарияти "Ҷизак Петролиум" гуфт, кам шудани маоши кормандон ба коҳиши ҳаҷми истихроҷи нафт рабт дорад.

"Ҷизак Петролиум" ширкати муштараки Узбекистону Русия аст, ки соли 2017 аз сӯи "Узбекнафтгаз" ва Gas Project Development Central Asia (ширкати зетобеи "Газпром"-и Русия) таъсис ёфтааст.

Ваколати Рустам Акрамзода дар Маҷлиси Миллӣ қатъ шуд

Рустам Акрамзода, раиси пешини ноҳияи Рӯдакӣ

Маҷлсии миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ваколатҳои Рустам Акрамзода, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро дар ин маҷлис пеш аз мӯҳлат қатъ кард.

Нашрияи порлумонии“Садои мардум” хабар дод, ки рӯзи 16-уми апрел Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи қатъи узвияти Акрамзода ҳамчун узви ин маҷлис қарор қабул намуд.

Маҷлиси Миллӣ 33 узв дорад ва аъзои он дар панҷ сол якбор интихоб мешаванд. Аз интихоби Акрамзода ба узвияти ин Маҷлис як сол гузашта буд. Узви ин маҷлис аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва дар сурати содир кардани ҷиноят танҳо пас аз қатъи ваколат нисбат ба ӯ парванда боз мекунанд.

Рустам Акрамзода моҳи ноябри соли 2020 пас аз панҷ рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи тақсими ноодилонаи замин дар ин ноҳия аз мақомаш барканор шуд.

Дар фармони барканории ӯ гуфта мешуд, ки “бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан” аз мансаб барканор шудааст, вале бар асоси иттилои дарёфтӣ, ҳанӯз ӯ мақоми дигаре дарёфт накардааст.

Ӯ пас аз барканориаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иқрор шуд, ки маҳз нашри таҳқиқот боиси барканории ӯ шудааст.

Дар ин мақола чанд мисоле оварда шуд, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳанок ва осон соҳиби қитъаи замин барони бунёди манзили зист шудаанд.

Аз ҷумла, гап дар бораи хонум Ф.Д. мерафт, ки дар зарфи дуюним моҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби замин шудааст, дар ҳоле ки садҳо нафари дигар солҳо боз дар навбат ҳастанд.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, Ф.Д. ҳамсари яке аз наздикони раиси ноҳияи Рӯдакӣ аст ва маҳз барои ҳамин хеле зуд ва бо нақзи муқаррарот соҳиби замин гашт.

Рустам Акрамзода робитаи хешутаборияшро бо Ф.Д. рад карда, дар шарҳи масъала ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "аз ҳолатҳое, ки дар мактуб омадааст, дар ҳайрат мондааст". Ва афзуд, "баъзан чизҳое мешавад, ки мо умуман бехабар мемонем".

Рустам Акрамзода, зодаи ноҳияи Данғара 52-сола аст ва дар гузашта дар мансабҳои муовини раиси ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) ва Ҷалолуддини Балхӣ кор кардааст. Аз соли 2017 то 2018 ноиби аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ буд ва баъдан раиси ин ноҳия таъин шуд.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Ироқ ва Тайланд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои моҳи июни марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тимҳои миллии Ҷопон ва Мянмар, моҳи май ду бозии дӯстона бо мунтахабҳои Ироқ ва Тайланд баргузор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии лӯстона миёни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон 24-уми май дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Басра баргузор мешавад.

Шогирдони Усмон Тошев бозии дӯстонаро бо мунтахаби Тайланд 29-уми май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 15 имтиёз аз 5 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Бозиҳои дӯстона

24-уми май (душанбе)

Ироқ – Тоҷикистон

Басра, Ироқ

29-уми май (шанбе)

Тайланд – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр кард

Замини кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон харитаеро таҳия кардааст, ки кишоварзон аз он дар бораи дар кадом минтақа чӣ зироат ҳосили бештар медиҳад, маълумот мегиранд.

Ин вазорат рӯзи 13-уми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, ҳадаф аз таҳияи ин харита “расонидани кӯмаки машваратӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати ба нақшагирии кишти зироатҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд, аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил” мебошад.

Муаллифони ин харита пешниҳод кардаанд, ки он дар шакли китоб нашр ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тақсим карда шавад.

Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ сохти колхозҳоро барҳам дод ва ба ҷойи он хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ ташкил ёфтанд. Ҳоло дар кишвар ба иттилои вазорат 172 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ амал мекунанд. Аксарияти ин хоҷагиҳо замини каме дар ихтиёр доранд ва бинобар заъфи молӣ наметавонанд таҷҳизоти муосири кишоварзӣ харидорӣ кунанд ва мизони ҳосилнокии киштаҳояшон ҳам хеле поин аст.

ФСБ гуфт, тарҳи сӯиқасд ба Лукашенкоро ошкор кардааст

Александр Лукашенко, президенти Беларус

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) ва Кумитаи давлатии амнияти Беларус (КГБ) аз боздошти афроде хабар доданд, ки гӯиё нақшаи қатли Александр Лукашенко ва табаддулоти давлатӣ дар Беларусро доштаанд.

Кормандони ФСБ-и Русия ҳуқуқшинос Юрий Зенков, шаҳрванди Беларус, ки ҳамзамон шаҳрвандии ИМА-ро дорад, ҳамроҳ бо Александр Федута, сиёсатмадор боздошт кардаанд.

Хадамоти амнияти федеролии Русия бо нашри наворе хабар додааст, ки онҳо нақшаи қатли Александр Лукашенкоро доштанд ва ин нақшаи худро бояд рӯзи 9-уми май ҳангоми таҷлили ҷашни "Ғалаба" амалӣ мекарданд.

Дар ин нақша гӯиё онҳоро "як генерал" низ ҳамроҳӣ мекардааст, вале аз ӯ ном бурда намешавад.

Александр Лукашнеко дар изҳороте гуфт, ки "мақомоти баландпояи ИМА ба қатли ӯ ва фарзандонаш розигӣ додаанд."

Иттилое, ки ҳеҷ мақоми амрикоӣ онро тасдиқ накардааст.

Норизоияти сокинон ба президентии Александр Лукашенко аз моҳи августи соли гузашта давом дорад.

Ӯ аз соли 1994 раҳбари Беларус аст ва дар интихоботи 9-уми август низ ӯро ғолиб донистанд. Мухолифон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд.

Садҳо нафар барои эътироз зидди Лукашенко дар Беларус боздошт шудааст.

Байден муносибат бо Навалнийро “комилан бинсофӣ” номид

Алексей Навланий, мунтақиди Кремл дар зиндон аст

Ҷо Байден, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико пас аз он ки табибон ва сухангӯи Навалний ҳушдор доданд, ки ӯ бар асари гуруснанишинӣ ба марг наздик шудааст, вазъи нигаҳдории мунаққиди зиндонии Кремлро "комилан беинсофӣ" номид.

Байден рӯзи 17-уми апрел ба рӯзноманигорон гуфт, "ин комилан, комилан беинсофона ва комилан номуносиб аст".

Қаблан хабар дода буданд, ки саломатии Алексей Навланий босуръат бад шудааст. Ба гуфтаи табиби шахсӣ ва се табиби дигар "ҳар дақиқа" имкони аз кор мондани тапиши дилаш вуҷуд дорад.

Пизишки Алексей Навланий дар ин бора рӯзи 17-уми апрел дар як мактуб ба Идораи зиндонҳои Русия навишта гуфтааст, ки бо гуруҳе аз табибон омодаи кумак ба Навалний ҳастанд.

Навалнийи 44-сола 31-уми март бо нишони эътироз аз он, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти зиндон аз иҷозати гирифтани ёрии тиббӣ саркашӣ карданд, гуруснанишинӣ эълон кард.

Пизишкони маҳбас гуфтанд, Навалний дар камараш ду "грижа" дорад. Пизишкон ҳамчунин гуфтанд, ки Навалний таби баланд ва сулфа дорад.

Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли гузашта беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, роҳи муолиҷаи СОVID-ро ёфтанд, вале...

Олимқодир Бейшеналиев, маҳлули решаи аконитро ба хабарнигоро нишон дод ва каме нӯшид.

Мақомоти баландпояи Қирғизистон барои тарғиби истифодаи маҳлули як рустании заҳрнок барои муолиҷаи бемории COVID-19 зери танқид монданд. Вазири тандурустӣ Олимқодир Бейшеналиев рӯзи 16-уми апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, маҳлули решаи аконитро, ки дар ин кишвар месабзад ба 300 гирифтори COVID-19 додаанд ва худаш ҳам дар пеши чашми хабарнигорон миқдоре аз он маҳлулро нӯшид.

Ӯ гуфт, ки ин маҳлул “ба сиҳатии инсон зарар надорад.” Вазири тандурустии Қирғизистон гуфт: “Ин маҳлулро бояд гарм ва ду се рӯз бинӯшед ва касе коронавирус гирифта бошад, худро беҳтар ҳис мекунад.”

Рӯзе пештар аз вазир, раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов дар Фейсбук эълон кард, ки кишвараш усули “босамар”-и муолиҷаи COVID-19-ро ёфтааст. Ӯ ҳамчунин бо нашри видеое гуфт, ки нӯшидани маҳлули сарди решаи аконит метавонад, инсонро бикушад.

Дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешниҳоди мақомоти Қирғизистонро сахт танқид кард ва гуфт, ҳеч далеле нест, ки нишон бидиҳад, маҳлули решаи аконит, ки гулҳои кабуд дорад, давои ҳаргуна дарде, аз ҷумла коронавирус бошад. Баъзе аз табибони қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарғиби истифода аз решаи аконит бар хилофи қонунҳо дар бораи саломатии омма дар Қирғизистон аст.

Аконит дар Аврупову Осиё, аз ҷумла дар вилояти Шинҷони Чин ва баъзе аз қисматҳои Қирғизистону Қазоқистон месабзад. Баъзе аз мардум бо ин бовар, ки решааш шифобахш аст, онро чой мекунанд ва ё дар хӯрокашон меандозанд, аммо дар асл решаи аконит заҳрогин буда, сабаби беморӣ ва ё ҳатто марги инсон мешавад.

Раул Кастро аз мақомаш истеъфо дод

Раул Кастрои 89-сола дигар яке аз раҳбарони аввали Куба нахоҳад буд.

Раул Кастро аз мақоми раиси Ҳизби коммунистии Куба истеъфо дод ва тасмимаш ба ин маъност, ки пас аз соли 1959 дигар яке аз мақомҳои баландпоя дар ҳукумати Куба нахоҳад буд. Бародари ӯ Фидел Кастро соли 1959 ҳукумати Кубаро сарнагун кард ва ҳарду аз он замон раҳбарони аввали кишвар буданд.

Раул Кастрои 89-сола рӯзи 16-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар оғози анҷумани 8-уми Ҳизби коммунистии Куба дар бораи истеъфояш хабар дод. Ӯ гуфт, азбаски “маъмурияташро анҷом додааст”, бознишаста мешавад. Айни замон ӯ гуфт: “То замоне зинда ҳастам, барои муҳофизати ватан, инқилоб ва сотсиализм бо нерӯи бештар аз ҳар вақт ба по меистам.”

Раул Кастро нагуфт, ки вориси ӯ мешавад, аммо дар гузашта, аз Мигел Диаз Канел, ҳимоят кардааст, ки ба соли 2018 ба ҷойи ӯ раиси ҷумҳур шуд. Фидел Кастро соли 1959 пешвои инқилобе буд, ки диктатори кишвар Фулгенсио Батистаро сарнагун кард. Ӯ соли 1965 раиси Ҳизби коммунистии Куба шуд ва соли 2008 мудирияти кишвар ва мақоми президентро ба бародараш Раул Кастро дод.

Амрико амалкарди Русияро мояи таассуф номид

Сергей Лавров ҳангоми сафар ба Қазоқистон дар рӯзи 8-уми апрел.

Вазорати умури хориҷии Амрико қарори Русия барои аз қаламраваш рондани 10 дипломати амрикоиро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид. Сухангӯи вазорат рӯзи 16-уми апрел дар як номаи электронӣ ба расонаҳои Амрико гуфтааст, шиддат гирифтани авзоъ “ба нафъи мо нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.”

Аз ин пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар посух ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Амрико, айни корро бо 10 дипломати амрикоӣ дар Русия мекунад. Ҳукумати Ҷо Байден Русияро ба дахолат дар интихоботи кишвар, ҳамлаҳои кибернетикӣ муттаҳам кард ва дипломатҳои русро аз Вашингтон ронд.

Баъди ин Русия ҳам гуфт, ки айни корро мекунад. Қарори Ҷо Байден дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус ва эъмоли таҳрим ба чанде аз мақомоти баландпояи Русия рӯзи 15-уми апрел қабул шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG