Дар чанд ҷумла
С.Муҳриддин: Талошҳо барои бозгардони шаҳрвандон аз урдугоҳҳои Сурия имсол идома мекунад
Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, соли 2021 талошҳо барои бозгардони шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия идома меёбад, вале “бисёр чиз аз пандемия ва ҳам масоили амниятии лагерҳо вобаста аст”. Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 15 феврал дар як нишасти хабарии натиҷагирии сол дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, дипломатҳои Тоҷикистон соли 2020 аз вазъи занону кӯдакони тоҷик дар урдугоҳҳои зери назари шӯришиёни курд дар Сурия дидан карданд. “Вазъи онҳо хеле риққатбор аст” ва “бисёри онҳо баргаштан мехоҳанд, вале айни замон, онҳое ҳам ҳастад, ки баргаштан намехоҳад”, гуфт вазир. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби пандемия барномаи бозгардони ин занон аз урдугоҳҳо ба таъхир уфтод, вале соли 2021 Тоҷикистон талош мекунад, ки ин барномаро иҷро кунад. Мақомот мегӯянд, ҳадди аққал 260 шаҳрванди Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, вале ин омор метавонад камтар аз шумори воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон бошад.
Ӯ гуфт, ин урдугоҳҳо зери назари гурӯҳҳои курд мебошад ва барои раҳо кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин урдугоҳҳо бояд бо ин гурӯҳҳо музокира барпо шавад.
Занону кӯдакони дар урдугоҳҳои Сурия нигаҳдоришаванда аъзои оилаи ҷангҷӯёни узви ДОИШ мебошанд, ки баъди соли 2014 Тоҷикистонро бо ҳадафи ҷанг дар сафи ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон тарк карданд. Аксари мардҳо кушта шуданд ва ҳоло садҳо занону кӯдакони онҳо дар ду урдугоҳи Рож ва Ал-Ҳол нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳафтаи гузашта СММ аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки шаҳрвандонашонро аз ин урдугоҳҳо, ки шароити бисёр сангин доранд, баргардонанд
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳамлаҳои вайронгари Русия ба пойтахти Украина
Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, рафъи пайомадҳои ҳамлаи вайронгари Русия идома дорад, ки шаби якум ба дуюми июн сурат гирифт ва камаш 13 нафарро кушт.
Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 2-юми июн гуфтанд, ки дар умум Русия ба ин кишвар бо 73 мушак ва бештар аз 650 паҳпод ё дрон ба 38 мавзеъ ва бахусус ба шаҳри Киев зарба задааст.
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, дар ҳамлаҳо 58 кас, бо шумули кӯдакон, захмӣ шуданд.
Ба қавли Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, даҳҳо бинои истиқоматӣ ва иншооти сирф ғайринизомӣ дар ҳамлаҳо осеб диданд.
Пеш аз ин ҳамлаҳо, Русия ҳушдор дод, ки ба Киев, аз ҷумла “марказҳои тасмимгирӣ” зарба хоҳад зад ва аз шаҳрвандони хориҷӣ ва дипломатҳо хост, ин шаҳрро тарк кунанд.
"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"
Дар пайи канда шудани батут (лимпопо) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд як навраси даҳсола ҷон бохта, панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса шоми 1-уми июн дар канори обанбори "Баҳри тоҷик" рух дод.
Дар дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "бар асари вазидани шамоли сахт, батут (лимпопо), ки барои бозии кӯдакон насб гардида буд, канда шуда, ба тарафи баҳр афтодааст".
Мусоҳиби мо афзуд, "шаш ноболиғро бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бурданд, вале як нафари онҳо Манучеҳр Музаффарзодаи даҳсола ҷон бохт." Ин наврас аз шаҳри Конибодом будааст.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.
Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ бар шамоли сахт як балон ё кураи бодӣ аз назорат баромад. Дар ин ҳодиса як зан бо кӯдакаш ҷароҳат бардошта, дар шифохона бистарӣ ҳастанд.
Тоҷикистон дар як моҳи охир шоҳиди офатҳои табиӣ, аз ҷумла бодҳои сахт буд. Рӯзи 27-уми июн шамоли сахт ба чанд бино ва нақлиёт дар шаҳри Душанбе зарар расонд.
Бо Аврупо ё АвруОсиё? Ҳушдори Русия ва шариконаш ба Ереван
Рӯзи 7-уми июн дар Арманистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки ба қавли бисёриҳо сарнавиштсоз хоҳад буд. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян саъй дорад, бо ҳадафи узвияти кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо ин созмон густариш диҳад.
Маскав бо ишора ба увзияти Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин кӯшишҳоро ғайри қобили қабул шумурда, ба Ереван машварат додааст, ки узвияти ҳамзамон дар ду созмони ёдшуда имкон надорад.
Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Арманистон ҳушдор додаанд, ки агар Ереван кӯшиши пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бас накунад, узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бозмедоранд.
Дар изҳороти раҳбарони ин кишварҳо, ки охири ҳафтаи гузашта дар Қазоқистон нашр шуд, таъкид гардидааст, ки омодагиҳои Арманистон ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо "амнияти иқтисодӣ"-и аъзои дигари Иттиҳоди АвруОсиёро таҳдид мекунад. Дар ин санад аз Арманистон тақозо шудааст, ки ҳарчӣ зудтар "назархоҳии умумӣ" доир намуда, интихоб кунад, ки бо Иттиҳоди АвруОсиё аст ё Иттиҳоди Аврупо?
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар остонаи нишасти Қазоқистон гуфт: “Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия ҷанги ниёбатӣ ё худ гибридӣ эълон намуда, расман иброз доштаанд, ки ҳадафи онҳо шикасти стратегии Русия аст. Пас, Арманистон бо кӣ санадҳои стратегии худро имзо мекунад? Бо онҳое, ки мехоҳанд ба Иттиҳоди АвруОсиёи мо зиён расонанд?"
Сарвазири Арманиcтон Никол Пашинян ба нишасти Қазоқистон ба ҷойи худ муовинаш Мҳер Григорянро фиристод. Дипломатҳо ин иқдомро ҳамчун бойкот арзёбӣ намуданд. Пашинян таъкид кард, ки бо вазифаҳои дохилӣ ва маъракаи интихоботи порлумонии 7-уми июн банд аст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои давлатии Русия воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, мева ва машруботи Арманистонро манъ карданд. Собиқ дипломати қазоқ Жарас Ормантай бар ин назар аст, ки монеагузориву фишорҳои Маскав метавонад натиҷаи баръакс диҳад.
Ӯ афзуд, феълан Кремл болои Арманистон нуфузи бузурги сиёсиву иқтисодӣ дошта, имкон дорад, ки Ереванро дар мақоми ҳозирааш нигаҳ дорад. Аммо агар кӯшишҳои Маскав ноком гарданд, мақому манзалати Русияро дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барҳам мезанад.
Талошҳои фирори Ереван аз зери назари Маскав замоне сурат мегирад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии президенти Амрико Доналд Трамп низ бархӯрдор аст.
Ҳафтаи гузашта баъд аз сафари котиби давлатии Амрико Марко Рубио ба Арманистон, Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар интихоботи порлумонии Арманистон аз номзадии Пашинян дастгирӣ мекунад.
Парванда ба зидди омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт
Мақомоти ноҳияи Нуробод ба зидди омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Муҳимҷон Раҳмонов пештар ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст.
Ду манбаи огоҳ аз қазия 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбат ба омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов бар асоси қисми 3-и моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак ё истифода аз зӯровариро пешбинӣ мекунад.
Мақомот расман шарҳ надодаанд, ки чаро нисбат ба омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт, боз парванда шуд. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омӯзгор ба он муттаҳам мешавад, ки нисбати хонандае, ки бародараш омӯзгорро зад, гуё алфози қабеҳ истифода бурда бошад. То ҳол маълум нест, ки нисбат ба соҳибкор Миралӣ Орзуев, ки ба латукӯб шудани омӯзгор гумонбар аст, чӣ чора андешида шудааст.
Радиои Озодӣ барои гирифтани ин суол ба ҳукумати ноҳия ва Шуъбаи маорифи Нуробод муроҷиат кард, аммо дар ҳарду ниҳод гуфтанд, санҷиш идома дорад.
Навор дар Инстаграм:
Қарор буд, Додгоҳи ноҳияи Нуробод 1-уми июн парвандаи маъмурӣ нисбат ба омӯзгорро баррасӣ кунад, аммо бо сабаби дар сафари корӣ будани муовини раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф мурофиа ба рӯзҳои баъдӣ гузошта шуд.
Омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов даъво дорад, ки бародари яке аз шогирдонаш ӯро латукӯб ва ҳам таҳдиди куштан кардааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби бадрафторӣ бо ӯ танҳо сарзаниши хонанда барои гапгардонӣ будааст. Ташхиси пизишкӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кардааст.
Миралӣ Орзуев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгорро назада, балки танҳо суҳбат карданд.
Дар видеои суҳбати муаллим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла "Фейсбук" васеъ паҳн шуд, Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, фарде, ки ба ӯ дарафтод, ҳамчунин гуфтааст, "падару модаратро фалон мекунам" ва сипас "ба рӯям туф кард".
Идомаи даргирӣ миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон
Бо вуҷуди эълони оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ҳамлаҳои ду тараф ҳамчунон идома дорад.
Баъд аз эълони "Ҳизбуллоҳ" дар бораи ҳамла ба нерӯҳо ва тонкҳои Исроил, хабаргузории расмии Лубнон ҳам аз зарбаҳои нави Исроил ба ҷануби Лубнон хабар дод.
Ин гузориш ҳамчунин аз вуқӯи инфиҷор ё таркиши сахт дар шаҳраки "Даббин" хабар дод.
Аз сӯи дигар, артиши Исроил дар соатҳои аввали сешанбеи 2-юми май аз нобуд кардани ду паҳпод аз сӯи Лубнон хабар дод.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки Доналд Трамп ва сафорати Лубнон дар Вашингтон шоми 1-уми июн аз мувофиқати "Ҳизбуллоҳ" аз оташбас бо Исроил хабар доданд.
Тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбекистон 50% зиёд шудааст
Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳи аввали имсол ба таври назаррас боло рафтааст. Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, Душанбе ва Тошканд дар моҳҳои январ-апрели имсол дар ҳаҷми 284,3 миллион доллар додугирифт доштаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 дарсад бештар аст.
Ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон бошад, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмон, техникаи маишӣ ва маҳсулоти фулузотӣ оварда шудааст.
Додугирифти солонаи Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Моҳи март дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гуфта буданд, ки мехоҳанд, дар чор соли оянда, яъне то соли 2030 додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.
Ба писари 18-солаи Рамазон Қодиров боз ҷоиза додаанд
Мақомоти Чеченистон гуфтанд, ба Одам Қодиров, писари 18-солаи Рамазон Қодиров, раҳбари ин ҷумҳурии Русия, барои саҳм гузоштан дар "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина медал ё нишони фахрӣ доданд. Русия таҷовузи низомияшро ба Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз кард, расман "амалиёти махсус" меномад.
Аҳмад Дудаев, муовини раиси ҳукумати Чеченистон, рӯзи 1-уми июн навишт: "Ҷоизаи олӣ эътирофи саҳми сазовори Одам Рамазанович дар таъмини амният ва пуштибонӣ аз амалиёти махсуси низомӣ аст."
Ба гуфтаи Аҳмад Дудаев, писари Рамазон Қодиров ба ҳайси ҳамоҳангсози Донишгоҳи нерӯҳои махсуси ба номи Путин дар шаҳри Гудермес "дар рушди яке аз муҳимтарин марказҳои омодасозии ҳомиёни Ватан фаъолона саҳм мегузорад".
Нашрияи таҳқиқотии "Вёрстка" соли 2025 навишт, ки аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб ба Одам Қодиров камаш 16 ҷоиза ва нишони фахрӣ додаанд.
Одам Қодиров дар Чеченистон чанд мансабро бар уҳда дорад ва мақомоти ин ҷумҳурӣ ӯро "лейтенанти хурд" эълон кардаанд.
Чанде аз ҷоизаҳоро ба писари раҳбари Чеченистон дар замони ноболиғ буданаш супурдаанд ва пас аз он ки ӯ дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний Никита Журавел, як муттаҳам ба оташ задани китоби Қуръонро латукӯб кард.
Озодии Набиев ва Ғайратов, ду мақоми пешини ҲНИТ аз зиндон
Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду мақоми баландпояи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз зиндон озод шудаанд.
Яке аз пайвандони онҳо бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин субҳ аз маҳбас баромаданд. Ёздаҳ сол дар боздоштгоҳ ва зиндон буданд."
Дар аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Муҳаммадшариф Набиев дар ҳалқаи наздикон ва берун аз дарвозаи зиндон тасвир ёфтааст.
Муҳаммадашариф Набиев, раиси пешини дафтари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Абдусамад Ғайратов, узви пешини раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 дастгир ва дертар ба 14-солии зиндон маҳкум карда шуданд.
Як иттиҳоми асосӣ алайҳи ин аъзои баландпояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамроҳонашон кӯшиши ғасби қудрат ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 гуфта мешуд.
Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал соли 2020 дар як арзёбияш гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аъзои баландпояи ҲНИТ-ро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст.
Ҳизби наҳзати исломӣ то қатъи фаъолият дар Тоҷикистон, ба гуфтаи саронаш, бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.
Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб дар хориҷа ин айбномаҳоро намепазирад.
То кунун барои пайравӣ аз ҲНИТ даҳҳо нафар дар зиндон ҳастанд ё таҳти пайгарди байнулмилилӣ қарор доранд.
Додгоҳ як ронандаро барои пахши ноболиғ 6 сол ҳабс кард
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як ронандаро барои пахши ноболиғ ба шаш сол зиндон маҳкум кардааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, Раҷаҳмад Рафиев, 4-уми апрели имсол як навраси 8-соларо пахш кардааст ва ин ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоле, ки назари ронандаи маҳкумшуда ба қазия маълум нест, пулиси Душанбе гуфтааст, ӯ "дар ҳолати сархушӣ" ва зери таъсири доруи "лирика", қарор дошт.
Додгоҳи Раҷаҳмад Рафиевро дар вайрон кардани қоидаи ҳаракат, ки боиси марги инсон мешавад, гунаҳкор дониста, ӯро 6 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунин ин мард баъди озод шудан даҳ сол ҳаққи ронандагӣ надорад.
Маълум нест, ки Рафиев дар додгоҳ то куҷо гуноҳашро эътироф кардааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри ин хабар аз сокинон талаб кардааст, ки "ҳеҷ гоҳ дар ҳолати сархушӣ ё зери таъсири маводи нашъадор" ронандагӣ накунанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд.
Хадамот гуфт, мушкили камбуди семент "дар як шабонарӯз" ҳал шуд
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муддаӣ шудаанд, ки мушкили камбуди семент ва боло рафтани нархи ин маҳсулот "дар як шабонарӯз" ҳал шудааст.
Ба гузориши Хадамот, аз нимаи дуюми моҳи май "камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гардида", нархи як халта семент аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Дар иттилои расмӣ омадааст, 29-уми май нархи як халта семент дар минтақаҳои кишвар мутаносибан аз 54 то 65 сомонӣ аст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Аммо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ нагуфтаанд, ки чаро нархи семент якбора боло рафт?
Дар Хадамот бидуни шарҳи бештар гуфтанд, гурӯҳи кории ин ниҳод то пурра ба эътидол омадани вазъ корашро давом медиҳад.
Мақомот дар гузашта ҳам талош кардаанд, ки нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла гӯштро назорат кунанд, аммо дар ниҳоят нарх боз боло рафт.
Рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи камбуди семент дар кишвар баҳс шуд ва раиси ҷумҳур аз ин вазъ интиқод кард.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон аз кор монда, фаъолияти миёнаравҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.
Барқарор шудани парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе
Баъди се моҳ таваққуф, парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе азсар гирифта шудаанд. Ҳавопаймои ширкати эронии "Вориш" зуҳри 31-уми май дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст.
Тибқи нишондоди онлайн-таблои Фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймои ширкати "Вориш" соати 12 ба Душанбе расида, баъди ду соат ба Теҳрон баргашт.
Парвозҳо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврали имсол қатъ шуда буд. Бо эълони оташбас дар моҳи апрел парвозҳо дар ин масир барқарор нашуд ва манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, Туркманистон барои убури ҳавопаймои эронӣ иҷозат надодааст.
Дар хатсайри Теҳрон-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" ҳам то охири феврал парвоз мекарданд. Ин ширкат дар бораи барқарории парвозҳо ҳанӯз хабар надодааст.
Ҳамлаи густурдаи Исроил ба ҷануби Лубнон
Артиши Исроил рӯзи якшанбеи 31-уми май аз амалиёти густурдаи заминӣ дар ҷануби Лубнон хабар дод.
Дар баёнияи артиш омадааст, неруҳои исроилӣ барои таҳкими мавқеашон аз рӯди Литонӣ убур кардаанд. Ин рӯд тақрибан дар 30 километрии марзи Исроил ва Лубнон ҷойгир аст.
Дар ҳамин ҳол Исроил Катс, вазири дифои Исроил эълом кард, ки артиши ин кишвар қалъаи Шақиф (Бофур), як қалъаи стратегии асримиёнагӣ дар ҷануби Лубнонро тасарруф карда, парчами Исроилро болои он барафроштааст.
Артиши Исроил ҳамчунин рӯзи якшанбе ба ғайринизомиёни лубнонӣ дар ҷануби рӯди Заҳронӣ ҳушдор дод, ки фавран ба шимоли ин рӯдхона раванд. Исроил аз сахтар шудани амалиёти алайҳи гуруҳи Ҳизбуллоҳ хабар дод.
Шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ"-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.
Оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ аз 17-уми апрел расман барқарор шудааст, аммо он дар амал риоя нашуд. Ҳарду тараф якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.
Бетартибиҳо ҳангоми таҷлили пирӯзии ПСЖ дар Фаронса
Дар Париж ва дигар шаҳрҳои Фаронса дар ҷараёни нооромиҳо пас аз пирӯзии ПСЖ дар Лигаи қаҳрамонҳо, беш аз 300 нафар боздошт шуданд.
Дар пойтахти Фаронса даҳҳо ҳазор мухлис барои тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳи "Парк де Пренс"-и ПСЖ ҷамъ омаданд. Аз чаҳор то панҷ ҳазор нафар дар беруни варзишгоҳ буданд, ки бархе аз онҳо ба сӯи пулис ашёву оташбозиҳои гуногун партофтанд.
Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, бо истинод ба изҳороти пулис, ҳудуди 150 нафар "кӯшидаанд аз дарвозаи варзишгоҳ рахна шаванд", аммо ба ақиб ронда шуданд.
Бошгоҳи ПСЖ (Пари Сен-Жермен)-и Фаронса 30-юми май дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА тими "Арсенал"-и Англияро шикаст дод ва барои дувумин бор паёпай ба унвони қаҳрамони ин мусобиқот мушарраф гардид.
Дархости Ҳегсет аз кишварҳои Осиё барои муқобила бо нуфузи Чин
Пит Ҳегсет, вазири дифои ИМА аз муттаҳидони осиёии Вашингтон хост, барои муқобила бо нуфузи низомии Чин, хароҷоти дифоии худро зиёд кунанд.
Ҳегсет 30-юми май дар нишасти амниятии Шенгри-Ла дар Сингапур гуфт, "давраи субсидия (кумаки молияӣ) додани Амрико барои дифоъ аз кишварҳои сарватманд ба поён расидааст".
Вазири дифои ИМА гуфт, ки Вашингтон аз муттаҳидон ва шарикони осиёии худ интизор дорад, ки хароҷоти дифоии худро то ба 3,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии худ расонанд.
Пит Ҳегсет ҳамчунин бо такрори мавқеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА гуфт, Амрико дигар омода нест хароҷоти дифоъ аз кишварҳои сарватмандро танҳо ба дӯш гирад.
Ӯ гуфт, "мо шарик мехоҳем, на кишварҳои вобаста". Ин мақомдори амрикоӣ ҳамчуни афзуд, ки иттиҳоди қавӣ танҳо замоне маъно дорад, ки ҳамаи тарафҳо "саҳми худро дар масъулиятҳо дошта бошанд" ва "аз хизматрасонии ройгон истифода накунанд".
Ҳалокати устоди Академияи ВКД дар тасодуфи роҳ
Дар як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд се нафар, аз ҷумла устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса нимашаби 30 ба 31-уми май дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ ва дар ҳудуди деҳаи Хумрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз се фавтида, ду нафарашон сокинони ноҳияи Мастчоҳ будаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ҳодиса полковник Меҳриддин Ғафурӣ, устоди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ ҷон бохтааст.
"Мошине, ки ба садама дучор шуд, нақлиёти барқӣ буд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад", - гуфт манбаи мо.
Ҳамкорони Меҳриддин Ғафурӣ дар Фейсбук навиштанд, ӯ солҳо дар Академияи ВКД ба донишҷӯён дарс мегуфт ва пештар роҳбари факултаи рақами 4 буд. Марҳум 47 сол доштааст.
Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳам дар саҳифаи фейсбукиаш ба наздиикони ин афсар ҳамдардӣ кардааст.
Наздикони Меҳриддин Ғафурӣ гуфтанд, маросими видоъ бо ӯ баъд аз зуҳри 31-уми май дар зодгоҳаш, деҳаи Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд.
Мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат низ аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Аксҳои бештар аз ҷойи ҳодиса: