Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба оби тоза бештар шуд, аммо 68%-и мардуми деҳот ҳамоно "ташнаанд". ВИДЕО


Норасоии об дар деҳот

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар шаҳру деҳот дар ду соли ахир сеюним дарсад бештар шудааст.

Шикояти сокинони деҳот ва бархе маҳаллаҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ ҳанӯз коҳиш наёфтааст.

68 ДАР САДИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ ОБИ ПОК НАДОРАНД

Масъулoни корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гуфтанд, ҳоло 65 дарсади аҳолии шаҳр ба обӣ пок дастрасӣ доранд, вале баръакс, дар деҳот, 68 дар сади сокинон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

Кай дар деҳоти Тоҷикистон камбуди оби ошомиданӣ ҳал мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Мушкили дастрасӣ ба об борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ низ садо додааст. Соли 2019 Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Ҷамшед Табарзода, раҳбари корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" рузи 15‑уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе гуфт, аксари лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳрҳо анҷом мешаванд, аз ин рӯ, вазъи дастраси ба об дар деҳот зиёд тағйир накардааст.

“Ҳоло таваҷҷуҳ ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар доираи солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар мешавад. Ин ҳам такони ҷиддӣ аст. Боз лоиҳаҳои нав амалӣ шуда истодаанд ва фикр мекунам, ки беҳбудӣ мешавад”,‑‑гуфт ӯ.

Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар деҳаҳои кишвар аз мавзуҳоест, ки пайваста мавриди баҳсу баррасии доираҳои гуногун қарор мегирад.

Нигаронии сокинон низ аз камбуди оби ошомиданӣ ва набуди хизматрасониҳои коммуналӣ борҳо садо додааст.

ТАШНАЛАБОН ДАР ЭСАНБОЙ

Аз ҷумла, сокинони 11 деҳаи ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз муҳимтарин васила барои зиндагӣ -- об маҳруманд. Онҳо мегӯянд, мушкили беобӣ маҷбурашон кардааст, қисме аз даромади моҳонаи худро барои харидани он харҷ кунанд. Теъдоде аз сокинон гуфтанд, аз беобӣ ба танг омадаанд, вале ба хотири ин, ки ҷое барои рафтан надоранд, зиндагии худро дар чунин деҳаҳои беоб идома медиҳанд. Мавҷигул Раҷабова, сокини деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, баъзан барои оби шӯре, ки аз зери замин мебарояд, ҷангу ҷанҷол миёни ҳамсояҳо сурат мегирад.

“Барои об ҷанг мешаванд, кӯдаконро мезананд, онҳо бо дасти холӣ ба хонаҳояшон мераванд. Барои об кашмакашҳои зиёд мешавад”,-гуфт ӯ.

Солҳо боз бисёре аз сокинони шаҳру деҳот аз норасоии оби пок шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, сол то сол вазъ беҳтар мешавад, вале огоҳони умур ба ин шубҳа доранд.

СММ: МУШКИЛ БОЯД ҲАЛ ШАВАД

Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд, вале зоҳиран мушкил ҳали худро наёфтааст. Ду соли пеш Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ дар гузориш таъкид карда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад.

Ҷамшед Табарзода, раҳбари корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” гуфт, дар як соли ахир дар доираи “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” бештар аз 46 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Барои таъмини аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба ниҳодҳои марбутаи соҳаи об даҳҳо миллион доллар аз ҳисоби созмону ташкилотҳои байналмилалии молӣ ҷудо мегардад.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз гӯшаҳои гарму хушки курраи Замин ҷойгир аст, ки талаботи даҳҳо миллион аҳолии он ба як сарвати муҳими табиӣ, яъне об сол ба сол меафзояд. Тақрибан 60 дарсади оби ин минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва об як сарвати асосии кишвар ба ҳисоб меравад.

Солона дар кишвар бештар аз 13 миллиард метри мукааб об сарф мешавад ва бино ба гузоришҳо бештар як миллиард метри мукааби об талаф меёбад.

XS
SM
MD
LG