Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад, ба Ботканд мақоми махсус диҳад


Улуғбек Марипов, сарвазири Қирғизистон бо нашри наворе дар саҳифаи "Фейсбук" вазъи вилояти Боткандро шарҳ дод. Вай гуфт, ки дар вилоят "воқеан вазъи сангине ҳукумфармост". Сарвазир афзуд, ҳукумати Қирғизистон нақшаи ҳалли мушкили вилояти наздимарзиро баррасӣ дорад.

"Тавре мо мебинем, дар рӯзҳои ахир масъалаи марз баррасӣ мешавад. Дар бархе вилоятҳо, аз ҷумла Ботканд масоили ҳалношуда мавҷуданд. Дирӯз роҳбарияти вилоят иваз шуд. Мо умедворем, ки дастури президент ва ҳукумат дар фурсати наздиктарин иҷро мешавад. Мо барои ҳалли мушкилӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ тамоми талошро мекунем", - гуфт Марипов.

Сарвазири Қирғизистон ҳамзамон афзуд, масъалаи ба вилояти Бодканд додани мақоми махсус дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар шаҳри Бишкек ду рӯзи ахир бо талаби ҳалли масоили марзӣ гирдиҳамоӣ ташкил мешавад. Наздики 30 тан аз гирдиҳамомадагон талаб доранд, ки аломатгузории марз ҳарчӣ зудтар сурат гирад. Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 км муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар соли 2020 дар марзи ду кишвар 9 муноқиша ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG