Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифамоҳ, фариштае дар ҷабҳаи аввали ҷанг бо COVID-19.ВИДЕО


Шарифамоҳ Алиева ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе

Ӯ ба садҳо бемор мадад расонд, баъд худ гирифтори коронавирус гашт. Пас аз шифоёбӣ дубора ба кор баргашт. Он ҳам замоне ки авҷи сирояти COVID-19 шумурда мешавад. Ягона зан дар миёни 90 ронандаи "Ёрии таъҷилӣ", ҳарчанд 65-сола шуд, ин шабу рӯз низ бо суръати баланд пизишконро ба назди беморон мерасонад ва беморони вазнинро ба бемористон. Ҳеч шикояте аз душвориҳо надорад, магар аз он ки дар кӯчаҳо ронандагоне ҳастанд, ки ба ӯ роҳ намедиҳанд ва назди хонаҳо ин қадар мошинҳо гузошта мешаванд, ки ӯ наметавонад ба манзили касони бемор наздиктар равад.

Саргузашти Шарифамоҳ Алиева, ки дар бемористони «Истиқлол»-и Душанбе кор мекунад, меҳвари филми нави Радиои Озодӣ "Дар ҷабҳаи аввал" шуд.

"Дар ҷабҳаи аввал"- филми мустанади Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:40 0:00

Вай 45 соли ахир ронанда аст ва мегӯяд, пандемия сахттарин давраи кораш шуд, ки худи ӯро ҳам барои муддате аз пой афтонд, вале шояд дуои ҳазорон беморе, ки ӯ кумакашон кардааст, сабаби шифояш гашт, он ҳам дар ҳоле ки солмандон ба гуруҳи хатари ин беморӣ дохил мешаванд ва ба зудӣ ба хатти ҷабҳаи мубориза бо беморӣ баргашт.

Шарифамоҳ чаҳор писар ва 21 набера дорад. Шавҳараш чанд сол пеш фавтидаву ҳоло ӯ дар хонавода нақши ҳам падар ва ҳам модарро иҷро мекунад. Дар ҷойи кор ва маъракаҳои тую мотам ӯро эҳтиром мекунанд. Тавре худаш мегӯяд, баъзан бо шӯхӣ ӯро «мард» ном мебаранд. Рӯзҳои аввали шиддати ҳамагирии коронавирус Шарифамоҳ соҳиби мошини нави "Ёрии таъҷилӣ" шуд. Аз се мошини наве, ки дар он рӯзҳо кишвари Қатар ба Тоҷикистон туҳфа кард, якеро ба Шарифамоҳ доданд. Ҳоло дар ин шӯъба 18 мошини ёрии таъҷилӣ шабонарӯзӣ фаъоланд.

Шарифамоҳ дар баробари дигар ронандаҳои амбуланс дар давраҳои сахти ҳамагирии коронавирус се дафъа кӯмаки молӣ гирифтааст. Ҳар бор 800 сомонӣ. Кӯмаки мардуми хайрхоҳ ба кормандони шӯъбаи "Ёрии таъҷилӣ"-и бемористони "Истиқлол" низ дар он рӯзҳои вазнини пандемия сазовори таҳсин буд.

Дар авҷи пандемияи коронавирус мисли Шарифамоҳ чандин нафар аз табибон ва ронандаҳои ёрии таъҷилӣ ба ҳар навъе ин бемориро пушти сар карданд. Аммо омори ҳақиқии гирифторон ва фавтидаҳо аз коронавирус ва илтиҳоби шуш дар миёни кормандони тиб эълон нашудааст. Ҳоло кори Шарифамоҳ ва ҳамкоронаш ба реҷаи оддӣ баргаштааст ва ӯ умед дорад, ки он рӯзҳои сахт барнагарданд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG