Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон даъвояшро дигар кард, ҳабси Фурқат Абдуфаттоев дар Русия дароз шуд


Фурқат Абдуфаттоев

Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия бар асоси шикояти нави Бишкек муҳлати ҳабси Фурқат Абдуфаттоев, шаҳрванди Тоҷикистонро ду моҳ дароз кард.

Ин дафъа Раёсати корҳои дохилии Бодканди Қирғизистон дар номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".

Дар аввал ҷониби Қирғизистон иддао дошт, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 13-уми марти соли 2019 дар моҷарои марзӣ ширкат кардааст ва талаб дошт, мақомоти Русия ӯро ба ин кишвар диҳанд.

Наздикони Фурқат Абдуфаттоев ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст. Додситонии вилояти Суғд гуфт, дар ин бора ба мақомоти Бошқирдистон нома фиристоданд, вале ҳоло маълум нест, дар посух чӣ гирифтанд.

Ислом Неъматов, яке аз пайвандони Фурқат Абдуфаттоев, рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бино бар қарори додгоҳ, ӯ то 2-юми майи имсол дар боздоштгоҳ (СИЗО) мемонад. Наздикони ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтанд, онҳоро ба мурофиаи рӯзи сешанбе роҳ надоданд, вале барои мулоқоти кӯтоҳ бо ӯ иҷоза доданд.

Латиф Абдуфаттоев, бародари Фурқат Абдуфаттоев, мегӯяд , саломатии бародараш хуб нест, чун ба тозагӣ гирифтори коронавирус шуда буд ва ҳанӯз ҳолаш беҳ нашудааст. "Лекин аз шароити нигоҳдориаш дар боздоштгоҳ шикоят надорад", -- афзуд ӯ.

Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додааст, рӯзи 1-уми феврали имсол дастгир кард. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст.

Раёсати корҳои дохилии Бодканд дар огоҳномаи наве, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтааст: "Фурқат Абдуфаттоев ҳамроҳи сокинони дигари ҷамоати Ворух – Толиб Юсуфов, Диловар Ҷӯраев, Наҷмиддин Неъматов, Рустам Мирзоев ва дигарон (ҳудуди 70 нафар) рӯзи 22-юми июли соли 2019 роҳи Оқсой ва Ворухро бастанд. Онҳо бо мошин сангреза оварда, ба бетартибӣ роҳ доданд. Ҳадафи онҳо зарари ҷисмонӣ расондан ба сокинони Қирғизистон буд."

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, Абдуфаттоев дар моҷароҳои марзӣ ширкат надошт ва Русия бояд ӯро озод кунад. Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотӣ дар Додситонии вилояти Суғд, чанд рӯз қабл зимни нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт: "Додситонии ҳарбӣ маълумоти заруриро ба Русия фиристод ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ мешавад."

Дар ду моҳи охир бори дувум аст, ки сокинони Ворух бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт мешаванд. Қаблан Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дар Русия дастгир шудааст.

Хабари боздошти сокинони Ворух дар Русия ва бо талаби мақомоти Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд дошт. Баъзе аз шарҳнависон гуфтанд, дар моҷароҳои марзӣ чандин сокини Тоҷикистон низ куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон кофтукоб ва муҷозот нашудаанд.

Ҷамоати Ворухи Исфара (Тоҷикистон) бо Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа гӯшаҳои таъину аломатгузоринашудаи марзи ду кишвар воқеъ аст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро ба тирпаронӣ кашида мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG