Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди тоҷик ва ҳамсари собиқаш барои туҳфаи амири Дубай даъво доранд. ВИДЕО


Додгоҳи Душанбе мардеро барои зиндагӣ дар хонаи ҳамсари собиқаш маскун кардааст.

Навори видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Даъвои марди тоҷик барои хайри Амири Дубай
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

Маскун шудани занон дар хонаи шавҳарон дар Тоҷикистон маъмул аст, вале Сафар Маҳмадуллоев, сокини 55-солаи ноҳияи Қубодиён аз камтарин мардони тоҷик аст, ки бист рӯз боз дар як ҳуҷраи манзиле дар Душанбе қарор дорад, ки зани собиқ ва ду фарзандаш дар он ба сар мебаранд.

ТУҲФАИ АМИР БА ДУХТАРИ НӮҲСОЛАИ ТОҶИК

Хонаро ба духтари 9-солаи ӯ, амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид туҳфа кардааст. Хона се ҳуҷра дорад ва бо қарори додгоҳ яке аз онҳо ба ин мард дода шудааст. Фаришта Ғаниева, ки бо Сафар Маҳмадуллоев даҳ сол зиста, аз ӯ ду фарзанд дорад, мегуяд, шавҳараш дар давраи сахти зиндагӣ ва бемории духтараш онҳоро тарк кардаву кӯмаке накард ва ҳаққи зиндагӣ дар ин хонаро надорад.

Шавҳари зан баръакс мегӯяд, вақте занаш хонаи туҳфашударо дид, муносибаташ бо ӯ дигар шуд ва бо баҳонаҳои мухталиф аз ӯ ҷудо шуд.

Аммо Фаришта Ғаниева мегӯяд, “вақте ман духтарамро таваллуд кардам бемории модарзодии дил дошт ва инро шавҳарам фаҳмида моро партофт".

"Барои табобати духтарам чанд сол давидам ва дар шаш солагӣ тавонистам ки ӯро аз ҳисоби табибони араб дар бемористон “Истиқлол”‑и Душанбе ройгон ҷарроҳӣ кунем. Вақте духтарча ҷарроҳӣ шуд, шавҳарам дубора омада, бо мо зиндагиро идома дод”,- -нақл кард ин зан.

"ДАР ҚУБОДИЁН ВА ДУШАНБЕ ХОНА ДОРАД"

Ба иддаои ин зан, шавҳараш дар кӯча намондааст, ҷойи истиқомат дорад, вале додгоҳро розӣ кард, ки дар ин хонаи хайршуда ба духтараш зиндагӣ кунад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш “дар Қубодиён ва Душанбе хона дорад”.

Шавҳари собиқи зан, ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, дар рӯзҳои душвор ӯ дар паҳлӯи ҳамсар ва духтари бемораш буда, тамоми кӯшишро кард то фарзандаш ҷарроҳии қалб шавад. Ҳоло ҳам ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз маскун шуданаш дар ин манзил, аз худ кардани хона не, балки мехоҳад аз кӯдаконаш ҷудо набошад ва дар тарбияи онҳо саҳм гирад. Зеро ӯ бовар дорад, ки ҳамсараш фарзандонро ба танҳоӣ нигоҳубин карда наметавонад.

"БАРОИ ТАБОБАТИ ДУХТАРАМ КӮМАК КАРДААМ"

Сафар Маҳмадуллоев рузи 10-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “барои сафари духтараш ба Дубай кӯмак кардааст”.

"Онҳоро то фурудгоҳ худам бурдам. Ҳатто ҳуҷҷатҳои камбизоатиро барои ҷарроҳӣ ман худам омода кардам. Ин ҳама баъди он сар шуд, ки ҳамсарам баъди соҳиби хонаи нав шудан ҳамеша бо ман ҷангу ҷанҷол мекард. Ин ҳамаро метавонед аз дигарон ҳам пурсед, ки ман барои фарзандаму модараш чӣ кумакҳое кардаам”,--афзуд ин мард.

Маҳмадуллоев мегӯяд, ҳоло бо вуҷуди маскун шуданаш дар ин манзил барои ду фарзандаш алимент ҳам пардохт мекунад.

Баҳси ин хонавода сари манзили зист замоне сар шуд, ки соли 2019 амири Дубай ба духтари бемори онҳо хона тақдим кард ва онҳо ба ин манзил кучиданд.

АЗ МЕҲМОНИИ АМИРИ ДУБАЙ ТО БАҲСИ ДОДГОҲӢ ДАР ДУШАНБЕ

Духтари ҳоло 9-солаи ин хонавода бо бемории дил таваллуд шудааст. Пас аз чанд соли талошҳо ӯ аз ҷониби пизишкони араб дар беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе ройгон ҷарроҳӣ шуд. Муҳаммад бин Рошид, амири Дубай, ки фонди хайрия барои чунин кӯдакон дорад, аз вазъи ин кӯдаки тоҷик огаҳ шуда, ӯро бо модараш ба меҳмонӣ даъват мекунад ва барои духтар дар Душанбе ду хона туҳфа мекунад. Яке барои зист ва яке ҳам барои пешбурди рӯзгор ва идомаи табобати ӯ пешбинӣ шудааст. Духтарчаи 9‑солаи ин хонавода, яке аз 70 миллион нафаре буд, ки дар доираи "Ташаббусҳои глобалӣ"‑и Муҳаммад бин Рошид ба ӯ кумак расонида шуд.

Аммо баъди ҳамагӣ чанд моҳи зиндагии муштарак дар ин хона, волидони духтарак аз ҳам ҷудо шуданду баҳси манзил ба додгоҳ рафт. Ҳарчанд зан мегӯяд, тамоми ин талошҳоро барои муолиҷаи духтар ва фароҳам кардани шароит барои ӯ ба танҳоӣ ба душ дошт, дар қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта шудааст, “ваҷҳи намояндаи қонунии ҷавобгар Ғаниева Фаришта оид ба он ки шавҳараш Сафар дар манзили баҳсӣ зиндагӣ накардааст ва умуман дар табобати фарзандаш иштирок надошт тасдиқи худро наёфтааст...”

ВАҚТЕ МАРД ДАЪВОИ МАСКУНШАВӢ МЕКУНАД...

Шавҳари ҳамакнун собиқи ин зан бо пешниҳоди аксҳои зиёде аз лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ бо фарзандонаш ин ҳамаро рад мекунад ва мегӯяд, барои анҷоми ҷарроҳӣ борҳо ба идораҳои дахлдор рафта, ҳатто рузҳо дар бемористон будани духтарааш канори онҳо буд.

"Худ фикр кунед, ин дар ягон ҷо кор накардааст, чӣ хел пул ёфт, ки дар 4 ҳазор сомон дилашро санҷид, чи хел бо ду ҳазор ҳуҷҷатҳоро дуруст кард ва чӣ хел дар ду рӯз камбизоат дуруст кард?"--афзуд ин мард.

Одатан дар Тоҷикистон бахши умдаи онҳое, ки барои алимент ва маскун шудан даъво кардаанд, занҳо ҳастанд.

Сафар Маҳмадуллоев аз камтарин мардони тоҷик аст, ки бо қарори додгоҳ дар манзили ҳамсари собиқаш маскун шудаааст. Чизе ки барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ғайримаъмулӣ аст.

Бино бар қонунҳои Тоҷикистон зану шавҳаре, ки на камтар аз шаш моҳ бо ҳам зиндагии муштарак доштаанд, метавонанд ба моликияти умумии дар ин давра ҷамъкардаи оила ҳақ пайдо кунанд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG