Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи гӯшту равған дар Тоҷикистон. Қазияи бензин беасар намонд. ВИДЕО


Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021
Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021

Пас аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, арзиши гӯшту равған низ гарон шуд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, дар замоне ки роҳҳо ба Русия баставу даромади оилаҳо кам шудааст, қимматии нархи маҳсулот зиндагиро мушкилтар мекунад. Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд. Тоҷирон мегӯянд, айби онҳо нест.

Афзоиши нархҳо дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз, аз сӯзишворӣ оғоз шуд. Бар иловаи нархи бензин, ки се ҳафтаи охир дар Тоҷикистон гарону камчин аст, акнун нархи гази моеъ ҳам боло рафт. Агар ҳафтаи гузашта нархи як литр гази моеъ то 4 сомониву 20 дирам арзиш дошт, рӯзи 24-уми март ба 4 сомониву 70 дирам расид.

Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021
Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021

Болоравии нарх ба бозорҳо ҳам "сироят" кард ва сокинон мегӯянд, акнун баъзе маводи ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт ва равғанро бо нархи гаронтар мехаранд.

"Баъзе оилаҳо дар сол гӯшт намехаранд"

Нуқтаи гӯштфурӯшон дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе яке аз марказҳои асосии фурӯши гӯшт дар пойтахт аст. Болоравии нархи ин маҳсулот дар чанд рӯзи охир табъи харидоронро хира ва шумори онҳоро дар ин макон кам кардааст. Чанд муштарӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи гӯшт гарон аст, вале маҷбуранд, ки онро бихаранд.

Илҳом Носиров, сокини Душанбе, гуфт, баъзе оилаҳо дар давоми сол наметавонанд, гӯшт бигиранд кунад ва мақомот бояд ба ин вазъ таваҷҷуҳ кунанд. “Камтар арзон кунанд. Сӯзишвориро ҳам арзонтар кунанд. Бензин надорем. Аз дасти нарху наво пиёда мегардем. Дигар шароит нест. Ягон чораашро бинанд”, -- гуфт ӯ рӯзи 24-уми март.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Болоравии нархи гӯшт дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Феълан нархи як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе то 60 сомонӣ ва гӯшти бе устухон аз 70 сомонӣ боло аст. Агар ба як кило гӯшт 58 сомонӣ пардохтанӣ ҳастед, пас, ба он равған илова мекунанд. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз аз гӯшти гов гаронтар аст.

Волидахон Бобоева, як корбари Радиои Озодӣ, бо шикоят аз гарон шудани нархи гӯшт навиштааст: “Аз дасти халқ чизе намеояд. Тақдир ҳамин будааст гуфта, мегардад. Нахӯрад, намешавад. Халқ назорат карда наметавонад."

“Мо гунаҳкор нестем, аз чорводорон пурсед”

Дар ҳоле, ки сокинон фурӯшандаҳоро ба гарон кардани нархҳо, аз ҷумла гӯшт муттаҳам мекунанд, савдогарон мегӯянд айби онҳо нест. Бахтиёр Мирсалимов, як тоҷири гӯшт, мегӯяд, нархи чорво дар бозор гарон шуд ва вақте онҳо гову гӯсфандро қиммат мехаранд, чӣ гуна арзон бифурӯшанд.

Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021
Бозори гӯшт, шаҳри Душанбе, 24-уми марти 2021

“Маҳсулот проблема аст. Ба мо гӯшт кам ворид мешавад. Мо як килои онро ба 58 сомонӣ мехарем ва ба 60 сомонӣ мефурӯшем. Гӯшт дар дасти соҳиби аслиаш қиммат аст. Онҳо меоянд, мегӯянд, 60 сомонӣ мефурӯшем. Агар мо 60 сомонӣ харем, чанд пул фурӯшем?” – суол гузошт мусоҳиби мо.

Чорводорон дар навбати худ мегӯянд, ки ба гардани онҳо бор кардани гаронии нархи гӯшт нодуруст аст. Неъмат Ҷалолов, сокини ноҳияи Ховалинг, чорводор аст ва мегӯяд, "ҳар ҳар ҳафта ба бозори мол рафта, нархҳоро мушоҳида мекунам. Дар як моҳи охир нархи гову гӯсфанд чандон боло нарафтааст. Аз ин рӯ, айбдор кардани чорводорон дуруст дуруст нест."

“Нархҳо баланду маош кам”

Гӯшт ягона маҳсулоте нест, ки чанд рӯзи охир сокинон аз гарон шудани нархи он шикоят мекунанд. Мушоҳидаи мо дар бозорҳои Душанбе нишон дод, ки нархи равған ҳам боло рафтааст. Агар ҳафтае пеш нархи 5 литр равғани растанӣ 90-92 сомонӣ буд, ҳоло он аз 100 сомонӣ гузаштааст. Равғани русии навъи “Олейна”, ки дар Тоҷикистон муштарии зиёд дорад, дар бозорҳо дида намешавад.

Бо ин ки қиммат шудани маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорро яке ба дӯши дигаре мегузорад, сокинон мегӯянд, дар ниҳоят зарба ба ҷайби онҳо мерасад. Ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, боло рафтани нархҳо онҳоро маҷбур мекунад, ё камтар гӯшт гиранд ва ё аз истеъмоли он муваққатан худдорӣ варзанд.

XS
SM
MD
LG