Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Тоҷикон шоирона фикр мекунанд” ВИДЕО


Тоҷикистон чанде пеш дар як раддабандии сифати таълими математика ва илмҳои дақиқ дар миёни 137 кишвар ҷойи 74-умро гирифт. Зинае, ки поёнтар аз он бисёре аз кишварҳои камбизоату рушднокардаи дунё қарор доранд. Баъди ин баҳси зиёде бархост, ки шеързадагии тоҷикон сабаби дур мондан аз математика, физика, кимиё шудааст. Илмҳое, ки заминаҳои аслии пешрафти иқтисод ва ҷомеа дар ҷаҳон аст.

Шеър ва риёзиёт. Оё дар Тоҷикистон яке ҷойи дигариро танг кардааст? Ин суолро дар “Гапи озод” бо ду донишманди шинохтаи тоҷик дар миён гузоштем ва бо Мамадшо Илолов, раиси пешини Академияи илмҳои Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи миллӣ ва Абдуқодири Рустам, нависанда ва адабиётшиноси шинохта.

Иқтибосҳое аз барнома:

Мамадшо Илолов: “Ман фикр намекунам, ки агар ҷавонони мо ба адабиёт ва шеър майл дошта бошанд, ин бад аст. Ин бад нест, ин хуб аст. Физика ва лирика инҳо гӯё ки муқобили ҳамдигар бошанд, инҳо даст ба даст пеш рафта метавонанд, чунки ду чиз аст, мантиқ ва интуитсия (эҳсос). Интуитсия бисёртар аз адабиёту санъатҳои бадеӣ ва дигару дигар пеш меояд, мантиқ аз ҳисоби илмҳои дақиқ.”

Абдуқодири Рустам: “Мардуми мо шеързада нестанд, вале мардуми мо нигоҳи шоирона ба зиндагӣ доранд, ки ин боиси халал ёфтани зиндагии мо мешавад, дар бисёр мавридҳо. Ба ҳама чиз нигоҳи шоирона доранд, ба воқеаҳо, ба падидаҳо, ба одамон. Онҳо ба зиндагӣ бархӯрди эҳсосотӣ доранд, на бархӯрди ақлӣ. Мо бояд аз шоирона фикр кардан каме даст бикашем.”

Мамадшо Илолов: "Илм чизи арзон нест." Суҳбати ҷолибро инҷо бубинед ва ёдатон наравад, ки назари хешро дар поёнаш бинависед.

Гапи Озод: "Математика ва ё шеър?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:45 0:00

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG