Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё шаҳрвандии Қирғизистон, ё аз Тоҷикистон." Шикоят аз Бишкек, посух аз Лахшу Мурғоб


Ноҳияи Мурғоб

Гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон иддао кардаанд, ки дар хонаи наздикон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дармондаанд ва мақомоти тоҷик аз онҳо тақозои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, касеро барои гирифтани шаҳрвандӣ маҷбур накардаанд.

Шикояти шаш нафар

Шаш нафар дар Бишкек ба дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ рафта, гуфтаанд, наздиконашон бино бар пандемияи коронавирус дар ноҳияи Лахш дармондаанд ва дар ду ҳафтаи охир пешниҳоди дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтаанд.

Мақомот дар ноҳияи Мурғоб ва Лахш мегӯянд, танҳо аз сокиноне, ки ҳамзамон шаҳрвандии Қирғизистонро доранд, хостаанд, аз баҳри шаҳрвандии яке аз ин ду кишвар бигузаранд. Онҳо тасдиқ карданд, ки панҷ сол боз дар пайи татбиқи қонун дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳастанд.

Дар ин ду ноҳияи Тоҷикистон қисман қирғизтаборон зиндагӣ мекунанд ва, ба гуфтаи мақомот, баъзе аз онҳо ҳанӯз шаҳрвандии ду кишварро доранд.

Акмалиддин Калбеков, шаҳрванди Қирғизистон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ба ҳамсари дӯсташ, ки дар ноҳияи Лахш қарор дорад, шаш рӯз муҳлат додаанд, Тоҷикистонро тарк кунад.

Ин мард мегӯяд, ба хотири зери хатар нагузоштан, намехоҳад номи дӯст ва ҳамсари ӯро ошкор кунад.

“Маҷбурӣ нест, якеро интихоб кунанд”

Лахш
Лахш

Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, рӯзи 1-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ маҳдудият барои равуои шаҳрвандони ду кишвар вуҷуд надорад ва мақомот танҳо татбиқи қонун дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистонро назорат мекунанд.

Соли 2015 қонун дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон тағйир ёфт. Бар асоси он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди кишваре буда наметавонад, ки миёни онҳо шартнома дар бораи душаҳрвандӣ имзо нашуда бошад.

Тоҷикистон танҳо бо Русия чунин шартнома дорад. Қазоқистон иҷоза намедиҳад, ки шаҳрвандонаш ҳамзамон шаҳрванди дигар кишварро дошта бошанд.

Файзулло Баротзода мегӯяд, “шумораи онҳое, ки шаҳрвандии дигар кишвар, аз ҷумла Қирғизистонро гирифтаанд, хеле кам ҳастанд”. Ӯ афзуд: "Дар интихоби шаҳрванди сокинон озоданд, касе монеъ нест. Мо қонунҳои худамонро дорем. Ин ҷо мардум оромона пайи кору зиндагии худ ҳастанд. Хонае нест, ки тоҷик ё қирғиз бо ҳам хешу табор набошанд. Ҳама омехта аст. Касе шаҳрвандии ҳар давлатеро гирифтааст, бояд якторо интихоб кунад. Ягон кори маҷбурӣ нест."

Ин мансабдори ноҳияи Лахш гуфт, масъалаи татбиқи қонун дар бораи шаҳрвандӣ нав нест. Ба гуфтаи ӯ, танҳо бо боз шудани марзҳо ва оғози рафтуо миёни ду кишвар ин кор аз сар гирифта шудааст.

“Мегӯянд, кишварро тарк кунед”

Дар ҳукумати ноҳияи Мурғоб низ вуҷуди мушкили душаҳрвандиро тасдиқ карданд ва гуфтанд, мақомот панҷ сол боз барои ҳалли ин талош мекунанд.

Қуфлиддин Тошматов, шаҳрванди дигари Қирғизистон, мегӯяд, баъзе аз арфод барои дидорбинии наздиконашон ба Тоҷикистон рафтанд ва бо оғози маҳдудиятҳо дар он ҷо дармонданд. “Чанд рӯзи охир онҳоро ба идораи пулиси маҳаллӣ даъват мекунанд ва мегӯянд, дар давоми як рӯз шаҳрвандии Тоҷикистонро бигиранд ё давоми шаш соат ин кишварро тарк кунанд”, -- гуфт ӯ.

Абдӣ Ниязов, сокини ҷамоати Ҷиргатоли ноҳияи Лахш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзуъ аз чанд сол боз дар ноҳияи онҳо матраҳ аст.

Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз хонаводаҳо шаҳрвандии ду кишварро доранд, вале ҳардуро аз даст додан намехоҳанд: “Мисол, баъзеҳо рафта дар Қирғизистон зан гирифтаанд ё шавҳар кардаанд ё баръакс. Дар ин ҷо падару модарашон ҳастанд. Дар ҳарду тараф тиҷорат доранд ё ягон коре, ки ба рафтуомади озод манфиатдоранд ва аз ҳамин сабаб шаҳрвандиашонро аз даст додан намехоҳанд.”

Фарқ дар қонунҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Азизбек Ашӯров, ҳуқуқшиноси созмони “Адвокатҳои бидуни марз” дар водии Фарғона ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, бар асоси қонун шаҳрвандони Қирғизистон дар сурати дарёфти шаҳрвандии кишвари дигар низ имкон доранд, шаҳрвандии худро ҳифз кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, нафаре, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро мегирад, бояд аз шаҳрвандии Қирғизистон даст кашад.

Чанд тан аз сокинон мегӯянд, дар ҳоле аз онҳо талаби даст кашидан аз шаҳрвандии яке аз ин ду кишварро кардаанд, ки баҳсҳои лафзӣ бар сари аломатгузории марз авҷ гирифтааст. Мақомот инро рад мекунанд.

Теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Қирғизистонро доранд, маълум нест. Соли 2017 мақомоти ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки танҳо дар даъвати баҳорӣ ба хотири фирор аз артиш 1200 ҷавон шаҳрвандии Қирғизистон гирифтаанд.

Бар асоси омори ғайрирасмӣ беш аз 10 ҳазор сокини ноҳияи Лахш ва Мурғоб шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд.

Ноҳияи Лахш ва Мурғоби Тоҷикистон наздики 90 ҳазор аҳолӣ доранд ва бар асоси ҳисобҳо дар ин ду ноҳия аз 30 то 35 ҳазор қирғизтабор зиндагӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG