Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндонии ширкати "Умед-88" дар бемористон даргузашт. САДО


Раҷабалӣ Одинаев аз соли 2017 дар зиндон буд

Раҷабалӣ Одинаев, раиси зиндонии ширкати "Умед-88", даргузашт. Одинаев, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, як моҳи охир дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ" дар Душанбе аз захми меъда табобат мегирифт.

Пайвандони Раҷабалӣ Одинаев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъд аз зуҳри 7-уми апрел дар бемористон даргузашт ва маросими видоъву дафнаш рӯзи панҷшанбе дар деҳаи "Дараи калот"-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мешавад.

Раҷабалӣ Одинаевро моҳи марти имсол пас аз бад шудани вазъи саломатиаш дар зиндон ба бемористони "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Пизишкон қаблан гуфта буданд, ки ӯ аз солҳои пеш дарди меъда доштааст ва беморияш дар зиндон хуруҷ кардааст. Ӯро ба наздикӣ ҷарроҳӣ карда буданд.

Молики ширкати "Умед 88" соли 2017, баъди як интиқоди раиси ҷумҳур аз кораш, боздошт ва бо гуноҳи "тасарруфи молу мулки давлатӣ" ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ин айбномаро беасос ва ҳукми додгоҳро "бераҳмона" номида буданд.

Раҷабалӣ Одинаев аз чӣ даргузашт?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Линки мустақим

Дар аввал мақомот Раҷабалӣ Одинаевро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчун қарз ба ширкати ӯ дода буд, айбдор карданд.

Сипас ба парвандаи ӯ "дуздии моликияти давлатӣ" ва "исрофкорӣ" ҳам зам шуд. Наздиконаш айбномаи ӯро рад карда гуфта буданд, агар Одинаевро озод кунанд ӯ метавонад бо фурӯши амволаш қарзи нерӯгоҳи "Роғун"-ро баргардонад, вале мақомот ин пешниҳодро напазируфтанд.

Бо зиндонӣ шудани роҳбараш, ширкати "Умед 88", ки яке аз се ширкати калони воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон буд, тақрибан аз байн рафт.

"Умед-88" бо "Газпром"-и Русия ва ширкати "Фароз" дар рақобат қарор дошт. Баъзе аз коршиносон рақобат бо "Фароз"-ро сабаби асосии зери фишор афтодани ширкат номида буданд.

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG