Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Ғайб задан дар Русия ва пайдо шудан дар Тоҷикистон тамоюл шудааст? ВИДЕО


Гум шудан дар Русия ва пайдо шудан дар Тоҷикистон, он ҳам дар боздоштгоҳ. Ҳодисае, ки солҳои охир ба як тамоюл табдил шудааст ва ахиран бо Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва Саиднуриддин Розиқов, як руҳонии тоҷик руй дод.

Дар гузашта айни кор бо Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократ, Мақсуд Иброҳимов, роҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, Шобуддин Бадалов, фаъоли Гуруҳи 24 ва чанд каси дигар низ иттифоқ афтода буд.

Чанди дигар аз чунин сарнавишт наҷот ёфтанд, монанди Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири пешини Тоҷикистон. Ин раванд чист? Чаро идома дорад ва чӣ таъсире бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва берун аз он гузоштааст?

Дар барномаи “Гапи озод” меҳмонони барнома Маҳдӣ Собир, коршинос ва Фарҳод Одинаев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Аврупо, ки ба худи ӯ низ истирдоди махфӣ ба Тоҷикистон таҳдид кардааст, дар ҳамин бора суҳбат мекунанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Маҳдӣ Собир: “Мо бояд пеш аз онки як инсонро боздошт кунем, ё ӯро ба шуъбаи корҳои дохилӣ ва ё амният даъват кунем, ҳатман мо бояд хешу табори он касро огоҳ кунем. Ба ӯ даъватнома диҳем, дар асоси даъватнома бояд донанд, ки ин одам, ё хеши онҳо дар куҷост. Вале вақте мо меоем, аз паси дар ҷеғ мезанем, ба сари ӯ халта мекашем ва ӯро ба ҷойи номаълум мебарем ва баъди 24 соат дар Тоҷикистон пайдо мешавад, ин хилофи қонун аст.”

Фарҳод Одинаев: “Тоҷикистон мехоҳад, аз зӯр будан, қудрати худро нишон диҳад. Мехоҳад ба шаҳрвандонаш бифаҳмонад, ки шумо агар мухолифи ҳукумат ҳастед, дасти ҳукумат дароз аст. Бо вуҷуди онки шаҳрвандии Русияро доред, мо шуморо метавонем, биёрем, ҳар куҷое, ки набошед.”

Маҳдӣ Собир: “Ман пешниҳод мекунам, ки президенти кишвар, чун раиси тоҷикони дунё ҳаст, бояд барои ӯ ҳар як тоҷик азиз бошад. Барои ҳамин бояд роҳбарони Тоҷикистони мо ҳам як фикр кунанд, андеша кунанд. Вақте ӯ раиси тамоми тоҷикони дунё аст, бояд барои ӯ ҳар як тоҷик азиз бошад ва коре, ки кунад, ки мардумро ба ваҳдат биёрад.”

Фарҳод Одинаев: “Ақлҳои солим дар ҳукумат бояд кор кунанд, бояд пешниҳодҳое кунанд, ба раиси ҷумҳур ки имрӯз вақти он расидааст, ки ба матбуот озодӣ бидиҳем, ба ҳизбҳои сиёсӣ озодӣ фароҳам биёрем, ба тоҷирон озодиҳои тиҷоратӣ бидиҳем. Аз ҳама муҳим бо дигарандешон рафтори дигар кунем.”

Бақияи барномаро инҷо худатон бубинед ва навиштани назарҳоятонро фаромӯш накунед.

Ғайб задан дар Русия ва пайдо шудан дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:25 0:00
XS
SM
MD
LG