Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳриддин аз чӣ фавтид? ВКД: "Аз ошёнаи сеюм афтод." Наздиконаш: "Чаро ягон ҷояш нашикаст?" ВИДЕО


Меҳриддин Гадозода 31-сола ва соҳиби се фарзанд будааст

Пайвандони як сокини шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз чанд соати боздошт аз сӯйи маъмурони милиса ҷон бохтааст, мегӯянд, ба хулосаи мақомот дар бораи шеваи фавти ӯ бовар надоранд.

Вазорати корҳои дохилӣ ду рӯз пеш дар хабарномае гуфт, Меҳриддин Гадозода, ки ба дуздӣ гумонбар буд, бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои ШКД-и шаҳри Ваҳдат ба замин партофт ва дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш дар бораи осори латукӯб суҳбат мекунанд.

"Даъват карданд, бегоҳ мурдаашро оварданд"

Ба нақли пайвандон, Меҳриддин Гадозода рӯзи 10-уми апрел бо даъвати маъмурони милиса ҳамроҳи падараш ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат рафта, бегоҳи ҳамон рӯз ҷасадашро овардаанд.

Тоҷинисо Гадозода
Тоҷинисо Гадозода

Тоҷинисо Гадозода, хоҳари Меҳриддин, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қазияи бародараш соли 2017 оғоз шуда буд. "Ҳамон вақт ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда буданд. Пас аз пардохти маблағ гуфтанд, ки парванда пӯшида шуд", -- афзуд ӯ.

Мақомот ҳарчанд дар хабари худ Меҳриддинро "гумонбар ба дуздӣ" навиштанд, вале нагуфтанд, ки ҳодиса ба соли 2017 бармегардад ва он замон дақиқан чӣ гузашта буд.

Тоҷинисо Гадозода, хоҳари Меҳриддин, афзуд: "Ду рӯз пеш ба идораи милиса даъват карданд. Ӯ гуфт, гуноҳ надорам, намеравам. Ба воситаи раиси маҳалла чанд бор даъват карданд. Рӯзи 10-уми апрели соли 2021, соати 10, падарам ӯро гирифта, бо дасти худаш ба ШКД бурд. Дар онҷо додарамро дароварданд ва падарамро нагузоштанд, ки гап занад."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Аз афтидан ҳалок шуд ё аз шиканҷа?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Мақомот: бо мақсади гурехтан худро ба поён партофт

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шаби 10-уми апрел дар хабарномае гуфтанд, Меҳриддин Гадозодаи 31 сола "бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ" худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД-и шаҳри Ваҳдат ба поён партофт."

Ба иттилои вазорат, Меҳриддин Гадозода "ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад."

Бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат
Бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат

Дар хабари ВКД омадааст, ӯ ба 12 ҳолати дуздӣ муттаҳам мешуд. Назаре, ки пайвандони Меҳриддин онро қабул надоранд.

Ҳабибулло Гадоев, амаки Меҳриддин, гуфт, бародарзодааш "ҷинояти вазнин накарда буд, ки маҷбур шавад худро аз ошёнаи сеюм партояд. Вай на ягон касро кушта буд ва на ягон касро таҷовуз карда буд, ки аз шарм худро ба замин партояд."

"Агар аз боло афтидааст, чаро ягон ҷояш нашикаст?"

Дар ҳоле ки мақомот натиҷаҳои ташхиси Меҳриддин Гадозодаро расман эълон накарданд, хешовандон мегӯянд, вақти кушодани ҷасад баъзе осори шиканҷаро дидаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин иддао посух надоданд.

Ҳабибулло Гадоев
Ҳабибулло Гадоев

Ҳабибулло Гадоев, амаки Меҳриддин, суол гузошт, ки агар бародарзодааш аз ошёнаи сеюм афтидааст, пас, чаро ҳеч ҷояш нашикастааст? "Фақат дасти росташ тоб дода баромадагӣ буд ва қисми чапи сараш тақрибан панҷ сантиметр дарун рафта буд. Пушти сараш хун печида буд ва ягон хел пачақ набуд", -- афзуд ӯ.

Мақомот ба ҷуз аз нашри як хабари расмӣ дар шаби 10-уми апрел ҳеч ҷузъиёте дар ин бора намедиҳанд.

Рӯзи 12-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба идораи милисаи шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд, аммо дар онҷо аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карда, гуфтанд, "ба дафтари матбуоти ВКД муроҷиат кунед".

Дафтари матбуоти вазорат ба ҷуз аз нашри як хабари кӯтоҳ дигар иттилое надодааст.

Рӯзи 12-уми апрел вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили падари Меҳриддин Гадозода рафтанд, чанд нафар бо либоси мулкӣ кори хабарнигорон ва нақлиёти онҳоро бо телефон сабт мекарданд. Маълум нест, онҳо кӣ буданд.

Масъулини ҳукумати шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла мудири бахши занон, баъд аз чанд дақиқаи расидани хабарнигорони Радиои Озодӣ, ба манзили Меҳриддин Гадозода омаданд, аммо нахостанд, суҳбат кунанд.

Бори аввал нест, ки як нафар пас аз чанд соати боздошт аз сӯи мақомоти интизомӣ ба таври мармуз вафот мекунад. Пештар низ чанд гумонбар баъди дастгир шудан аз тарафи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд.

Қазияи Абдурасул Назаров, Баҳромиддин Шодиев, Шамсиддин Зайдуллоев ва Умар Бобоҷонов аз ин қабил аст. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот сактаи дилу муътодии гумонбаронро далел пеш овардаанд.

Шарҳҳоро бинед (30)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG