Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари як зиндонӣ иддао дорад, ки бадани писарашро "сӯзондаанд". ВИДЕО


Савриннисо Саломова мегӯяд, писараш соли 2017 бо гуноҳи дуздӣ маҳкум шудааст

Модари як ҷавони зиндонӣ иддао дорад, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат қисме аз бадани писарашро бо оби ҷӯш сӯзондаанд ва ӯ феълан зери назорати пизишкон аст. Салоҳиддин Саломови 25-сола бо гуноҳи дуздӣ даҳуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Масъулони Идораи зиндонҳо ҳодисаро расман шарҳ надодаанд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари онҳо то ин дам бенатиҷа буд. Модари Салоҳидидн Саломов мегӯяд, воқеа як ҳафта пеш рух додааст ва, ба иттилои дарёфтии ӯ, дар ин кор чанд зиндонӣ гумонбаранд.

Савриннисо Саломова, модари ҷавони маҳбус, рӯзи 14-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки "дар пайи рехтани оби ҷӯш қисме аз бадан (аз миён боло)-и писараш сӯхта, тақрибан саломатиашро аз даст додааст."

Саломова мегӯяд, ҳоло писараш дуруст гап зада наметавонад, то асли қазияро аз худаш бипурсанд. Бори охир ӯро рӯзи 14-уми апрел дидааст. "Фақат ҳаминро фаҳмидам, ки гуё байни маҳбусон ҷанҷол шудаву писари ман низ ҳамроҳ будааст. Баъдан чанд зиндонӣ барои ҷазо додан субҳи барвақт, ҳангоми хоб, чанд литр оби ҷӯшидаро ба сару рӯяш рехтаанд", -- нақл кард ӯ.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Адолатхоҳии модари маҳбуси азиятдида
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Ин зан афзуд, то ҳанӯз мақомот низ ба онҳо сабаби чунин рафтори зиндониёнро бо писараш шарҳ надодаанд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои дастрас кардани шарҳи расмии ҳодиса аз сӯйи масъулони зиндон бенатиҷа буд. Маълум нест, ҷанҷол бар сари чӣ сар зада ва маҳбусоне, ки бо Салоҳиддин Саломов чунин рафтор кардаанд, кӣ ҳастанд.

Зиндони шаҳри Ваҳдат ду сол қабл шоҳиди ошӯби хунин буд. Масъулияти онро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт
Зиндони шаҳри Ваҳдат ду сол қабл шоҳиди ошӯби хунин буд. Масъулияти онро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт

Як манбаи Радиои Озодӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, "воқеан, чунин ҳодиса рух додааст ва ҳоло Салоҳиддин Саломов дар шифохонаи маҳбас муолиҷа мегирад." Дар сурати дарёфти шарҳи расмии мақомот назари онҳоро дар инҷо нашр мекунем.

Дар ҳамин ҳол, яке аз пизишконе, ки аз ҷараёни табобати Салоҳиддин Саломов огоҳ аст, гуфт, бар асари оби ҷӯшида беш аз 40 дарсади бадани ӯ сӯхтааст. "Агар аз рӯйи фармудаи духтурон амал кунад, сиҳат мешавад. Дар шифохонаи маҳбас чунин пизишкон ҳастанд, ки метавонанд хуб табобат кунанд", -- илова кард мусоҳиби мо, вале ҷузъиёти дигар надод.

Ҳоло модари ҷавон аз мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон расман мехоҳад, омилони бадрафторӣ бо писарашро ҷазо диҳанд. Вай мегӯяд, Салоҳиддин Саломов писари ягонааш аст ва умед дошт, пас аз адои ҷазо ислоҳ шудаву дар пирӣ дасти падару модар гирад.

Савриннисо Саломова мегӯяд, бо сабаби ин ки шароити хуби зиндагӣ надошт, писараш дар мактаб-интернат бузург шуда, баъд аз берун шудан аз он дар соли 2017 бо ҷурми дуздӣ дастгиру маҳкум шуд. Ӯ гуфт: "Ягон бор аз рафтори писарам шикоят нашуда буд. Дар як ё ду моҳ ба хабаргирияш мерафтам, мегуфт, хато кардаасту аз ин кораш пушаймон аст."

Муноқиша байни маҳбусон ва ё бадрафторӣ бо зиндониён дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Аммо ба сабаби он ки зиндонҳои Тоҷикистон ба рӯйи хабарнигорону созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бастаанд, имкони дарёфти иттилои бештар ё тасдиқи ҳодисаҳо мушкил аст.

Чанд сол пеш хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба зиндоне дар Душанбе роҳ доданд, аммо аксари суҳбатҳо зери назари масъулони зиндонҳо сурат гирифт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гуна мулоқот аксар гапҳо гуфта намешавад ва масъалаи шиканҷа низ пинҳон мемонад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG