Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Ашт ба Ҳаҷ нарафт ва пул сохт. ВИДЕО


Ҳуриниссо Сайидалиева, сокини 72-солаи деҳаи Ғудоси ноҳияи Ашт, аз ҳисоби нафақааш дар ин деҳа пули мошингузар сохтааст.

Ин зани бузургсол беш аз 40 сол дар хоҷагии деҳқонии деҳот кор карда ва каме бештар аз 500 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш ният дошт, бо маблағи ҷамъкардааш сафари Ҳаҷ кунанд, вале се сол пеш шавҳараш аз бемории саратон даргузашт ва нақшаҳоя иҷро нашуд.

Видеоро ин ҷо тамшо кунед.

Зане дар Ашт пасандози сафари Ҳаҷро дар сохтмони пул сарф кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ҳуриниссо Сайидалиева гуфт, “баъди сари ҳамсараш дигар нахост танҳо ба тавофи Каъба равад".

"Барои ҳамин хостам купрук созам. Наздикии ҳамин купрук қабристон аст ва атрофи онро аввал тоза карда барқ часпондам. Баъд ба сохтани купрук оғоз кардам",--гуфт ӯ.

Дар арафаи иди Наврӯз пули дарозиаш 6 ва бараш 3 метр дар ин деҳа ба истифода дода шуд. Ин зан барои бунёди он беш аз 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ин пул, ки роҳи сокинони деҳаро бо қабристони қадимаву бузурги деҳа пайванд месозад, чанде пеш шикаста шуда буд.

Ашӯрбӣ Нишонбоева, сокини ноҳияи Ашт гуфт, “пештар ин пулро тобутгузар мегуфтанд ва соли 2016 сел онро хароб кард".

"Баъди он пулро аз чуб сохтанд ва фақат як одам гузашта метавонист. Вақте тобутро гузаронидан вайрон шуд ва шикаст”,--гуфт ӯ.

Ҳуринисо Саидалиева замони Шӯравӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Калинини ноҳияи Ашт аз пешқадамони колхоз буд ва дар мавсими ғунучини пахта то 13 тонна пахта мечид. То солҳои аввали соҳибистиқолии Тоҷикистон чанд дафъа вакили маҳалливу вилоятӣ низ будааст. Дар ивази меҳнатҳояш ҷоизаи “Байрақи сурх” ва “Шарафи меҳнат”-ро соҳиб гашта, барои фаъолияти пурсамараш дар замин ба ӯ унвони “собиқадори меҳнат” додаанд.

Ӯ гуфт, ки “маблағро беҳуда сарф накард ва онро барои рӯзи мабодо ҷамъ кард".

"Медонам, баъзе пулро дар ҳар куҷо сарф мекунанд, вале ман инхел нестам. Пулро эҳтиёт мекунам ва ба қадраш мерасам. Пулро сохтам ва баъд ба фарзандонам гуфтам. Дар вақташ нагуфтам, ки кӯмак карда метавонед, ё не. Гуфтам, хиҷолат накашанд.”​

Ин собиқадори кор мегӯяд, ба ғайр аз нафақа дар иду ҷашнҳо гоҳ-гоҳ мукофотпулӣ низ мегирад ва дар оянда ният дорад, дар ободии мактаби деҳа низ саҳми худро гузорад.

Чанд соли ахир ҳукумат тарғиб мекунад, ки соҳибкорон ва сокинон мушкили худро бо нерӯи худ дар маҳалҳо ҳал кунанд. Бархе ҳукуматро танқид мекунанд, ки пули буҷаро дар чорабиниҳои беҳуда сарф мекунанд, вале аз афроди хайрхоҳ мехоҳанд, ки харобиҳои маҳали зисташонро дуруст кунад.

Расонаҳои давлатӣ низ сокинонро таблиғ мекунанд, ки ба ҷойи рафтан ба Ҳаҷ, ба ободкорӣ дар ватан даст зананд. Маълум нест, ки ин сокини ноҳияи Ашт аз пеши худ иқдоми сохтани пулро кардааст, ё мақомот ӯро ба ин кор ташвиқ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (38)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG