Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ сабаби марги сарбоз Раҷабалӣ Назаровро дар Бадахшон таҳқиқ мекунад. ВИДЕО


Раҷабалӣ Назаров сарбозе, ки дар қисми ҳарбӣ дар Мурғоб фавтид

Пас аз дафни Раҷабалӣ Назаров, ки ҳангоми хидмат дар артиш ба таври мармуз фавтид ва дар расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба вуҷуд овард, Додситонии ҳарбии горнизони шаҳри Хоруғ ба санҷиши марги ӯ оғоз кардааст.

Аз чанд идора ба хабаргирӣ омаданд. Ба амакам 3 ҳазор сомонӣ ва ба падарам 2 ҳазор сомонӣ додаанд. Боз равғану биринҷ ва пиёз оварданд.
Абдуҳафизи Ғоибназар

Як мансабдори баландпояи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳодиса дар ноҳияи Мурғоб иттифоқ афтодааст ва бино бар ин, додрасҳои минтақа сабабҳои фавти сарбозро тафтиш ва таҳқиқ мекунанд". Ӯ ба шарти халал нарасондан ба кори тафтишот аз додани тафсилоти бештар худдорӣ варзид.

Ваъда ва кумаки мақомот

Абдуҳафизи Ғоибназар, бародари сарбози фавтида, тасдиқ кард, ки намояндагони Додситонии ҳарбӣ ба хонаи онҳо рафта, ваъдаи бозрасии қазияро додаанд. Ӯ афзуд, "мақомоти маҳаллӣ низ барои гузарондани маросими мотам маҳсулоти ғизоӣ оварда, ёрии молӣ расонданд."

"Аз чанд идора ба хабаргирӣ омада, дилдорӣ мекунанд. Ба амакам 3 ҳазор сомонӣ ва ба падарам 2 ҳазор сомонӣ додаанд. Боз равғану биринҷ ва пиёз оварданд. Раиси ноҳия омад ва рӯҳияамонро баланд бардошт", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пайвандон мегӯянд, Раҷабалӣ Назаров тирамоҳи соли 2020 довталабона ба артиш рафта буд. Ӯ 19 сол дошт. Назаровро як ҳафта қабл аз марг аз қисми низомии 13483 (ноҳияи Восеъ) ба қисми низомии 15426-и нирӯҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон (дар ноҳияи Мурғоб) бурда будаанд.

Шубҳаҳо боқист

Ҷасади ӯро субҳи 21-уми апрел кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич ба наздиконаш дар деҳаи Каҷровути ҷамоати Исмоили Сомонии ин ноҳия супурданд. Мақомот сабаби марги сарбози ҷавонро дарди шадиди гурда ва аз кор мондани он гуфтанд, вале пайвандони сарбоз мегӯянд, дар бадани ӯ осори латукӯбро диданд.

Дар натиҷаи ташхисе, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, чунин навиштаанд: "Сабаби бевоситаи фавт варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасоии шадиди нафас ва кори дилу рагҳост."

Абдуҳафизи Ғоибназар, бародари калонии Раҷабалӣ Назаров гуфт, онҳо талош доранд, қазияи марги додараш ҷиддӣ ва шаффоф баррасӣ шуда, агар касе гунаҳкор аст, ҷазо бигирад. Вай ба шарҳи мақомот, ки ҷавон гуё аз дарди гурда фавтидааст, шак дорад.

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Додситонӣ сабаби марги Раҷабалӣ Назаровро таҳқиқ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Изҳороти гуногуни аъзои оила

Ин дар ҳолест, ки дар як навор марде худро Алиназар Назаров, амаки Раҷабалӣ Назаров, муаррифӣ карда, суҳбатҳои Абдуҳафизи Ғоибназарро рад кардааст ва мегӯяд, “аз марги ҷияни сарбозаш ҳеч шикоят надоранд”. Ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд.

Ӯ рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Табибон гуфтанд, барои ташхиси тиббӣ ва барои маълум кардани сабаби фавти ӯ пушти сари ҷиянамро ҷарроҳӣ кардаанд. Ба фикри ман, Раҷабалиро назадаанд ва ӯ аз намуди бемориҳое, ки дар варақаи ташхиси охиринаш ба мо додаанд, фавтидааст”.

Айни замон, Алиназар Назаров ва пайвандони дигари сарбоз батакрор мегӯянд, ки Раҷабалӣ Назаров пеш аз рафтан ба хидмат аз саломатиаш шикояте надошт.

Ду бародари сарбоз, Абдуҷалил Назаров ва Муҳриддин Назаров, ки дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, мегӯянд, ба зудӣ ба Тоҷикистон баргашта, бо кумаки вакилони мудофеъ то ба раиси ҷумҳурӣ шикоят мебаранд. Раҷабалӣ писари хурдии ин хонавода будааст.

Марги сарбозон

Хабари марги мармузи сарбоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсҳои шадид қарор гирифт ва эҳтимоли вуҷуди бадрафториро дар қисмҳои низомӣ дубора доғ кард.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG