Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз гумонбарон дар қазияи Азизбек Раҷабов ба 6 сол зиндон маҳкум шуд


Азизбек Раҷабов соли гузашта дар моҷарое бо ҳамсолони худ кушта шуд

Мақомоти додгоҳӣ як наварси 16-соларо дар пайванд ба қатли Азизбек Раҷабов, сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ, ба шаш сол зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардаанд. Қаблан додситон барои Мақсуд Ниёзов ҳафт соли маҳбас талаб карда буд.

Ҳукм рӯзи 16-уми апрел аз сӯйи додраси Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қабул шудааст. Як манбаи боварбахш дар додгоҳ гуфт, "ҳоло ҷонибҳо фурсат доранд, ки аз рӯйи ҳукм шикоят баранд". Наздикони навраси маҳкумшуда гуфтанд, барои бозбинии қарор талош доранд.

Азизбек Раҷабов, сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ, соли гузашта дар моҷарое бо ҳамсолони худ кушта шуд. Дар марги ӯ чаҳор нафарро гумонбар карданд. Ҳукми яке аз онҳо эълон шуда, муҳокимаи се каси дигар идома дорад.

Хуршед Раҷабов, бародари Азизбек Раҷабов, рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Мақсуд Ниёзов бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳ ба "авбошӣ" гунаҳкор дониста шуд. Бояд парвандааш бар асоси моддаи "куштор" баррасӣ мешуд. Шаш сол зиндон кам аст."

Ин дар ҳолест, ки наздикони ноболиғи маҳкумшуда мегӯянд, аз шеваи таҳқиқи муфаттишон ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Каром Ниёзов, бобои Мақсуд Ниёзов, рӯзи 19-уми апрел гуфт, "ҳоло бо вакили мудофеъ санадҳоро тартиб дода истодаем ва ният дорем, ки ба зудӣ ба зинаи болоии додгоҳ "шикояти кассатсионӣ" барем."

Дар робита ба марги Азизбек Раҷабов, сокини 18-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки соли гузашта дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавон муттаҳам шуданд. Ба иттилои дарёфтӣ, се нафари онҳо дар боздоштанд ва рӯзҳои наздик ҳукмашон содир хоҳад шуд.

Як манбаъ дар Додситонии ноҳияи Айнӣ гуфт, Ҳабибулло Бурҳонов ва Тамкин Раҳмонов ба “авбошӣ” (моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) ва Сарбоз Раҳмонов барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбаранд. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом, ба онҳо аз панҷ то понздаҳ сол зиндон таҳдид мекунад.

Муноқиша миёни ҷавонони ду деҳа дар ноҳияи Айнӣ, ки бо марги як нафар анҷомид, рӯзи 31-уми июли соли 2020 рух дод.

Бо гузашти нӯҳ моҳ ҳанӯз мақомот сабаби аслии занозании ҷавононро нагуфтаанд. Танҳо модари Азизбек Раҷабов ва пайвандони дигараш дар суҳбати пешинаи худ бо Радиои Озодӣ ишора карданд, ки ин ҳосили "хусумати байни деҳаҳои Ревад ва Ёвони ноҳияи Айнӣ аст".

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти доғ табдил ёфтааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд ва ба захмӣ шудан ё марги якдигар сабаб мегарданд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG