Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чатри норинҷӣ" – "дарси бехатарӣ" ва "тарбияи ҷинсӣ" ба кӯдакон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


"Чатри норинҷӣ" ташаббуси гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Фейсбук аст, ки ҳадафаш "ҷалби таваҷҷуҳи волидон барои тарбияи дурусти ҷинсиву бехатарии кӯдакон" гуфта мешавад.

Муаллифони ташаббус ба ин боваранд, ки волидонро зарур аст, барои пешгирӣ аз ҳар гуна фоҷиа, аз ҷумла таҷовузу хушунат ва рабуда шудан, дар хона ба кӯдакон "дарси бехатарӣ" ва "тарбияи ҷинсӣ" гузаранд.

Мавзӯи тарбияи ҷинсӣ ҳассос аст. Бояд пеш аз ҳама, ин чизро ба назар гирифт, он нуктае, ки ба кӯдакон омӯзонда мешавад, ба фарҳанги мо муносиб бошад.
Маҳмудшоҳ Кабирӣ

Дар ҷомеаҳои суннатие ба мисли Тоҷикистон, суҳбат дар бораи тарбияи ҷинсӣ ҳассос аст ва баъзе аз волидон ба ин андешаанд, ки ҳамагуна гуфтугӯ роҷеъ ба ин гуна масоил метавонад, натиҷаи баръакс диҳад.

Нақши волидон чист?

Дилбар Тӯрахонова, ҳуқуқдон ва яке аз муаллифони "Чатри норинҷӣ", охири моҳи апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом дар пайи чанд мавриди дастдарозӣ ба номуси ноболиғон дар соли 2020 роҳандозӣ шуд.

"Ин на ба он маъност, ки мо қаблан дар бораи ин мушкилҳо фикр намекардем, аммо ин хабарҳо моро ба таъсиси чунин гуруҳе водор кард", --мегӯяд ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, азбаски дар мактабҳо дар ин масоил ба қадри кофӣ суҳбат намешавад, бояд волидон барои тарбияи ҷинсиву бехатарии онҳо нақши калидӣ бозанд: "Барои мисол, фаҳмонанд, ки касе набояд ба бадани кӯдак даст расонад ва ӯ фаҳмад, ки ин ҳарими хусусии ӯст. Волидон бояд инро ба ҳар шакле, масалан, ҳангоми оббозӣ ё баъд аз муоинаи духтур ба кӯдакон фаҳмонанд."

Яъне, ба таъкиди Тӯрахонова, ин маънои онро дорад, ки волидон ҳангоми тарбияи фарзанд ба саломатии бадану ақл ва рӯҳ баробар эътибор диҳанд.

Дар саҳифаи "Чатри норинҷӣ" дар Фейсбук тасвирҳое нашр шудааст, ки роҳҳои бо кӣ гаштан ва чӣ гуна рафтор кардани кӯдаконро бо шахсони бегона нишон медиҳанд. Ба ақидаи муаллифони ташаббус, ин метавонад аз ҳодисаҳои нохуше ба мисли рабуда шудану мавриди ҳамлаи таҷовузгарон қарор гирифтани кӯдакон пешгирӣ кунад.

Мавзӯи табу ва ҳассос

"Чатри норинҷӣ" дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки суҳбат дар бораи тарбияи ҷинсӣ бо кӯдакон дар ҷомеаҳои суннатӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мавзӯи табу ва ҳассос аст. На ҳама волидон омодаанд, дар ин мавзуъ бо кӯдакони худ суҳбат кунанд.

Баъзе аз волидон ба ин андешаанд, ки суҳбат дар бораи ин гуна масъалаҳо метавонад, натиҷаи баръакс диҳад. Ҳарчанд мегӯянд, пайваста бо кӯдакон дар бораи муносибат бо шахсони бегона дар кӯча гап мезананд.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Дарсҳои тарбияи ҷинсӣ барои кӯдакон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Раъно, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ҳарчанд фарзанди хурдсол надорад, ҳамеша ба набераҳояш таъкид мекунад, ки ҳеч гоҳ бо афроди бегона суҳбат накунанд. Ӯ гуфт: "Ҳоло замона ташвишовар шудааст. Мегӯем, ки агар одами бегона чизе дод, нагир ва ё агар суроға пурсид, ҷавоб надеҳ."

Аммо ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, барояш чандон осон нест, ки дар бораи тарбияи ҷинсӣ бо кӯдаконаш суҳбат кунад: "Ин, албатта, мушкил аст. Ҳамин камбуди мо ҳаст, ки кӯдакон ҳамагуна тарбияву огоҳии ҷинсиро аз кӯча, аз одамони бегона, мегиранд."

"Тасмими хуб аст, агар бо фарҳанги бегона омехта набошад"

Равоншиносон машварат медиҳанд, ки пеш аз ҳама бояд волидон кӯдакони худро беназорат нагузоранд, ба ҳар кас бовар накунанд ва барои кӯдак рафтор бо шахсони бегонаро омӯзанд.

Маҳмудшоҳ Кабирӣ
Маҳмудшоҳ Кабирӣ

Маҳмудшоҳ Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, бовар дорад, ҳама гуна тасмимҳо барои боло бурдани тарбия, аз ҷумла бехатарии кӯдакон, хуб аст, "агар он бо фарҳанги бегона омехта набошад."

Ӯ мегӯяд, ҳоло ду чиз барои кӯдакон хатарнок аст: дуздида шудан ва мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтан: "Аммо як чиз аст, ки мавзӯи тарбияи ҷинсӣ ҳассос аст. Бояд пеш аз ҳама, ин чизро ба назар гирифт, он нуктае, ки ба кӯдакон омӯзонда мешавад, ба фарҳанги мо муносиб бошад."

Афзоиши озору азияти кӯдакон

Талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тарбияи ҷинсиву бехатарии кӯдакон дар ҳолест, ки хабарҳо дар мавриди дуздида шудани кӯдакон ва ҳам таҷовузу дастдарозӣ нисбат ба онҳо дар солҳои охир бештар шунида мешавад.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли охир 10 ҳолати бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон сабт шудааст ва ин рақам дар ба муқоиса ба омори соли 2019 як маврид зиёд аст.

Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст. Маълум нест, чӣ қадари дигар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.

Дар аввали имсол як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳурӣ ва раҳбарони ду палатаи порлумон хостанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд.

XS
SM
MD
LG