Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мурданаш бовар накардам". Панҷ қурбонии муноқиша дар марзро дафн карданд. ВИДЕО


Ҳикматулло Маҳкамов 26 сол дошт
Ҳикматулло Маҳкамов 26 сол дошт

Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъият то ҳоло, нимирӯзии 1 май ором аст ва дар ин ҷо қурбониёни ҳодисаро дафн мекунанд. Дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара, макони асосии муноқиша, шаш маросими ҷаноза баргузор гашт. Дар муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрел аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Хонаводаи онҳое, ки дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел азизони худро аз даст доданд ҳоло дар мотам нишастаанд.

Ҳошим Ҳамроев, падари Иброҳим Ҳошимзода, ки 26 сол дошт, мегӯяд, вақте хабари марги фарзандашро гуфтанд, ӯ аввал бовар накард. “Ба чанд ҷой занг задам. Баъд раиси маҳалла омада шиносномаашро гирифта бурд ва гуфт, ки ҳоло гирифта меорем,”-гуфт Ҳошим Ҳамроев. Ҳамсари ин ҷавон бева монд ва як фарзандаш ятим шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Панҷ қурбонии муноқиша дар марзро дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Тарафи Қирғизистон мегӯяд, дар низои 28 ва 29 апрел 31 шаҳрвандаш кушта ва 154 кас дигар захмӣ шудаанд. Дар байни кушташудагон як духтарчаи 12-сола низ номбар мешавад. Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 майро мотами миллӣ эълон кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон шумораи кушта ва маҷруҳшудагони низои ахирро эълон накардаанд. Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, ки номи 13 қурбонии муноқишаи марзиро маълум кунад. Яке аз онҳо Ҳикматулло Маҳкамови 26-сола аст.

Қайюмбой Боботошев, тағои Ҳикматулло Маҳкамов ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба фикрам, бо силоҳи калони оташфишон задаанд, ки панҷаи дасти чапаш набуд. Қафаси синаашро зада шикоф кардагӣ. Ба тарафи дасти росташ 4 тир задагӣ буд".

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Чанде аз сокинони кушташудаи ҷамоати Чоркуҳро рӯзи 30-уми апрел ба наздиконашон супурдаанд.

Аҳлиддин Аюбов, писарамаки Ҳасанҷон Шаропов, аз қурбониёни дигари муноқиша дар марз, мегӯяд, Ҳасанҷон ба бозор рафта буд, вале баъди шунидани хабар ба ҷанг меравад. Наздикони Шаропов гуфтанд, ӯро дар деҳаи Сомониён бо нишонзан ё “снайпер” задаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, Ҳасанҷон Шаропов устои дуредгар буд.

Далер Эшонов, сокини дигари Чоркуҳ ҳам дар муноқишаи ахир кушта шуд. Дадохон Эшонов, писарамаки марҳум мегӯяд, баъди ба ҷанг рафтан Далер беному нишон шуд ва рӯзи 30-юми апрел ҷасадашро аз дохили гандумзор ёфтаанд. Ин сокини Чоркуҳро ба қавли пайвандонаш, дар назди нуқтаи обтақсимкунии наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло куштаанд.

Номи 12 қурбонии муноқиша дар марз, ки то ин дам ба Радиои Озодӣ маълум шудааст:

САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;

ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;

САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.

БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;

УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

ҲАСАН АКБАРОВ, сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор/

Ҷустуҷӯ ва санҷиши маълумот дар бораи қурбониёни дигар идома дорад.

Бо гузашти ду рӯз аз муноқишаи хунин, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, вазъ феълан ором аст. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, "тамоми нерӯ ва техникаи ҳарбии худро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ берун бурда, роҳҳоро мекушоянд ва ҳаракати бемамониати шаҳрвандонро таъмин мекунанд". Ҳарчанд хабарҳое мерасад, ки ҳарду тараф дар наздикии марз ба ҷамъ кардани нерӯ машғуланд.

Дар назар аст, ки имрӯз 1-уми май гуфтугӯи мақомоти тоҷику қирғиз бар сари масъалаи марз дар Ботканд идома кунад. Ҳайатҳои ду тарафро фармондеҳони неруҳои сарҳадӣ роҳбарӣ мекунанд.

Даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вокуниши байнулмиллиро ба бор овардааст. То ин дам Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Узбекистон, Эрон, Қазоқистон ва Русия тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG