Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул зидди саркардагони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парванда кушод. ВИДЕО


Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар баёнияи нахустин бобати муноқиша дар марз нерӯҳои мусаллаҳ ва сокинони Қирғизистонро ба барангехтани низоъ ва хунрезӣ гунаҳкор карданд. Ҷониби Қирғизистон пештар бо нашри баёнияҳои гуногун гуфта, ки муноқиша ва сангандозӣ аз тарафи Тоҷикистон оғоз ёфт ва сипас ба даргириву хунрезӣ кашонид.

Дар баёнияе, ки Додситонии кул рӯзи 3-юми май нашр кард, омадааст, рӯзи 29-уми апрел садҳо сарбозу ғайринизомии қирғиз дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”, мутаалиқ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ҷамъ омада, монеи кори муҳандисони тоҷик шуданд, ки мехостанд, дар сарбанд ё Маркази тақсими об бо номи “Головной” дурбинҳои назоратӣ шинонанд.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Дар идомаи баёния омадааст: “Шахсони болозикр бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт.”

Пулиси вилояти Ботканди Қирғизистон дар рӯзи ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистонро ба барангехтани низоъ муттаҳам карда гуфт, “онҳо аввал ба тирандозӣ ба сӯи воҳиди низомии марзбонони қирғиз дар ин маҳал” оғоз кардаанд.

Дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки пас аз 5 рӯзи муноқиша нашр шуд, омадааст, ки бетартибиву сангандозӣ бо иғвои “Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ин нерӯҳои марзбони Қирғизистон буданд, ки чанд низомии тоҷик ва Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро, ки барои ҳалли ҷанҷол рафта буд, бо зарби тир маҷруҳ карданд.

Наворро ин ҷо бинед:

Додситонии кул зидди саркардагони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парванда кушод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Додситонӣ ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистонро ба талоши ғасби қаламрави Тоҷикистон айбдор карда, гуфтааст: “Баъди ин тирандозӣ шахсони болозикр бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.”

Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ба ин баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ба амалкардҳои сарҳадбонони Қирғизистон ва “ҳамлаи мусаллаҳонаи онҳо”, ки сабаби куштаву захмӣ шудани чандин нафар шуд, “ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад”.

Дар ин баёния омадааст, “аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гуруҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчунин, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.”

Дар як банди ин баёния, ки иборат аз иттиҳомоти ҷиддӣ ба зидди гуруҳе аз сарбозону ғайринизомиёни Қирғизистон аст, додситонӣ гуфтааст:

“Нисбат ба гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо моддаҳои оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона, одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.”

Додситонӣ гуфтааст, барои таҳқиқи ин парванда гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис додааст ва тафтиш идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 2-юми май тарафи Тоҷикистонро ба “амалкардҳои ғайриқонунӣ” муттаҳам карда ва гуфтааст, дар ин замина бо иттиҳомоти ҷиноят ба зидди субот, бетартибиҳои оммавӣ, убури ғайриқонунии марз, авбошӣ ва куштор 11 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бар асари муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканду Лайлаки Қирғизистон сар зад, аз ҳарду тараф, даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудаҳоро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 16 қурбонии муноқишаи охирро маълум кард. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодисаҳо 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 35 нафар, аз ҷумла як духтари дувоздаҳсола ҷон бохтаанд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG