Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Диплом дорам, аммо ба кор намегиранд." Шикояти Манучеҳр ва ҳамтақдиронаш. ВИДЕО


Маъюбони дипломдор, вале бе ҷойи кор

Баъзе аз шахсони маълул ё имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки талоши мақомот барои таъмини онҳо бо ҷойи кору маош кофӣ нест. Онҳо мегӯянд, дар даст диплом доранд, аммо корхонаҳо аз пазируфтани онҳо худдорӣ мекунанд.

Вақте бори сеюм рафтам ва ба кор пазируфта нашудам, ашк рехтам.
Манучеҳр Раҳматуллоев

"Равшанзамирон" куҷо шуд?

Барномаи "Равшанзамирон" ним сол пеш дар мавҷи Радиои Кӯлоб садо дод. Онро Манучеҳр Раҳматуллоев омода кард ва мегӯяд, ки тасодуфӣ набуд: "Вақте дар мактаб-интернати нобиноёни Ҳисор мехондам, ба ҳамтақдирони худ мегуфтам, ки агар журналист шавам, дар радио барои онҳо барнома таҳия мекунам. Ягона орзуям ҳамин буд."

Қувваи босира ё биноии Манучеҳр Раҳматуллоев кам аст, аммо шавқи хабарнигор шудан ӯро соли 2016 ба бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бурд.

Соле пеш донишгоҳро хатм карду дипломи рӯзноманигорӣ гирифт. Орзу дошт, дар Радиои Кӯлоб кор кунад, вале ӯро ҳамчун коргар қабул накардаанд. Ҳамчун таҷрибаомӯз пазируфтаанд. "Вақте бори сеюм рафтам ва ба кор пазируфта нашудам, ашк рехтам", -- нақл кард ӯ.

Бо ин вуҷуд, аз моҳи ноябри соли 2020 ҳудуди панҷоҳ барнома сабту пахш кард. Яке аз онҳо "Равшанзамирон" буд, вале ҳоло расман бекор аст ва аз як манбаи даромад – маҳрум.

Мақомот далели худро доранд

Дар Идораи телевизион ва радио далели худро доранд. Мақомот гуфтанд, гуё ба сабаби набудани воҳиди корӣ ва маоши кам, Манучеҳр Раҳматуллоев кор дар радиоро напазируфт. Ба қавли як масъули идора, "Манучеҳр гуфт, ки роҳаш дур аст ва маош кофӣ нест. Мо ҳамаи имконияташро ба инобат гирифтем, ки дар наздикии ҷойи зисташ ҳукумати Кӯлоб кор пайдо карда диҳад."

Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб гуфтанд, барои дастгирӣ аз маълулон ё нобиноён ягон барномаи хос надоранд. Танҳо дар сурати дастрас шудани кумак аз тарафи ҳукумати марказӣ, онҳоро аз рӯйи рӯйхат ба шахсони имконияташон маҳдуд мерасонанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Манучеҳр мегӯяд, имконоти маҳдуди моро маҳдудтар накунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд сабт шудаанд. Баъзе аз маъюбон мегӯянд, бо шароиту нафақапулие, ки доранд, зиндагӣ кардан душвор шудааст, вале меафзоянд, аз имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ бархурдоранд.

270 сомонӣ нафақа; ду ҳамтақдир

Манучеҳр Раҳматуллоев мегӯяд, расман 270 сомонӣ нафақаи маъюбӣ дорад, вале барои таъмини хонавода кофӣ нест. Феълан аз ночорӣ барои таъмини зиндагӣ алафҳои баҳорӣ мефурӯшад. Дар як рӯз ба маблағи 60 сомонӣ савдо мекунад ва 20 сомониаш ба фоидаи худаш мемонад.

Манучеҳр Раҳматуллоев, ягона маъюби соҳиби диплом дар минтақаи Кӯлоб нест, ки аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум аст. Довуд Довудов як сол ба ин тараф дар ҷое кор пайдо карда наметавонад.

Ӯ то соле пеш дар як созмони ҷамъиятӣ ҳамчун омӯзгор ба шахсони маъюб аз фанни компютер дарс медод. Маблағгузории ин дарсҳо тибқи лоиҳа пеш мерафт, вале вақте лоиҳа ба анҷом расид, Довуд бекор монд. "Ду диплом дорам, Донишгоҳи Технологиро хатм кардам, аммо кор нест", - мегӯяд ӯ.

Довуд Довудов ба фарқ аз Манучеҳр Раҳматуллоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва бо хондани эълонҳои ҷойи кори холӣ ба онҳо муроҷиат мекунад. Аксаран посухи рад мегирад.

Манучеҳр 22-сола ва Довуд 27-сола аст. Яке зану ду кӯдак дорад, дигаре дар фикри барпо кардани оила. Аммо ҳарду мегӯянд, дипломро ба умеде гирифтанд, ки вориди ҷомеа шаванд ва ба мисли афроди солим ба халқ хидмат кунанд. Онҳо дипломҳои худро ҳар рӯз ба даст мегиранду менигаранд ва дубора дар ҷевони хона мегузоранд, ба умеде, ки рӯзе ба кор ояд.

XS
SM
MD
LG