Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзҳои ҷанҷоли марзӣ дар Овчӣ-Қалъача чӣ гузашт? ВИДЕО


Тирезаи мактабе, ки аз тири низомиёни қирғиз шикастааст

Дақиқ нест, пас аз чанд вақти сар задани муноқиша дар марзи Исфара дар бахши дигари сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тирандозӣ сар зад. Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, даргириҳо дар ин ҷо баъд аз нимирӯзии 29-уми апрел рух дод.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тирандозиро марзбонони қирғиз сар карданд, вале мақомоти Қирғизистон дар ин муноқиша тарафи Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Ба гуфтаи сокинон, майдончаи футболе, ки миёни маҳаллаи қирғизнишину тоҷикон қарор дорад, ба майдони ҷанг табдил ёфт. Дар гузашта низ борҳо маҳз дар инҷо танишҳо рух дода буд ва хисороти молию ҷонӣ дар пай дошт. Вале ин бор, ба гуфтаи ду сокини калонсоли маҳаллаи Баҳори ҳамин ҷамоат, ки шоҳиди ҳодиса буданд, муноқиша на байни сокинон, балки миёни низомиёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ҷараён гирифт.

Ҷӯлибой Ҷумъаев, сокини Овчӣ-Қалъача, он рӯзро ба ёд оварда гуфт, замоне ки тирандозӣ сар шуд, ӯ дар хона буд. "Фаҳмидам, ки аз ҷониби қирғизҳо тирпарронӣ шудааст. Ҳоло сарбозони мо тир холӣ накарда буданд. Вақте онҳо ҳуҷум карданд, баъд инҳо низ муқовимат нишон доданд. Аввал қирғизҳо сар карданд ҷангро. Чӣ ҷойи дуруғ гуфтан, бачаҳо дар ҳамин ҷо истоданд ва чандтоашон захмӣ шуданд", -- мегӯяд Ҷумъаев, дар ҳоле ки мақомоти ду тараф ҳамдигарро айбдор мекунанд. Ҳарду ҷониб барои таҳқиқи ин ҳодисаҳо тафтиши ҷиноӣ сар кардаанд.

Санавбар Ҷумъаева, сокини дигари Овчӣ-Қалъача, мегӯяд, тақрибан соати 17-и бегоҳ тирандозӣ сар шуд: "Дар даруни хона шиштем, тирпарронӣ шуда истодааст. Маззаам гурехт, фишорам баланд шуд. Ба фикрам, 6-7 соат ҷанг шуд. Ба чанд ойинаи хонаҳоямон тир зад ва ҷиҳози хонаи келинам низ зарар дид."

Ба нақли шоҳидон, даргирии шадид байни сарҳадбонон дар наздикии мактаби рақами 71-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҷараён гирифтааст. Дар ин мактаб беш аз 400 нафар дар ду баст таҳсил мекунанд.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Хотироти шоҳидони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:39 0:00

Абдухалил Халилов, мудири мактаби рақами 71 дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача мегӯяд, он лаҳза хонандагон дар мактаб буданд: "Вақте ойинаҳо шикастанд, ба таври фаврӣ бо кумаки омӯзгорон дар муддати 5 ё 6 дақиқа мактаббачаҳоро зуд аз муассиса берун кардем. Ба мактаббачагон зарар нарасид, фақат баъзеашон аз тарс давида, дар роҳ меафтанд. Осеби сахт надидаанд."

Ба нақли мудири мактаб, дар ин ҳодиса 37 тирезаи мактаб шикаста, панҷ дари синфхона ва девору овезаҳои деворӣ низ зарар дидаанд. Дар долону дохили синфхонаҳо осори хун мушоҳида мешавад. Мақомот мегӯянд, аз ин ҷамоат як нафар фавтида, чанде аз сарбозону мардуми мулкӣ захмӣ шуданд.

Қаблан тарафи Қирғизистон гуфт, дар ин минтақа бештар хона, мактаб ва дӯконҳое тахриб шуданд, ки ба шаҳрвандони Қирғизистон тааллуқ доранд. Бошандагони маҳаллаи Муҳиддин Ҳайдаров мегӯянд, он бегоҳ ба назди хонаҳояшон чанд гӯлула низ афтид ва ба сокинону ҳавлиҳояшон зиён расонд. Ба гуфтаи онҳо, манзили афроди осоишта амдан (барқасдона) ҳадаф гирифта мешуд.

Муҳаммадусмон Наврӯзов, сокини Овчӣ-Қалъача, гуфт, дар назди хонаи ӯ як хумпора (снаряд)-е аз тарафи Қирғизистон афтод ва дар натиҷа "пойи падару писари амакаш сахт захмӣ шуда", худи ӯ ва бадародараш захм бардоштанд. Танҳо аз хонаводаи Наврӯзовҳо дастикам панҷ нафар маҷруҳ шудаанд. Ба нақли Мансур Наврӯзов, дар ин ҳодиса аз ҳама бештар писараш Темуралӣ сахт захмӣ шудааст. Замоне ки хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин минтақа рафт, намояндагони мақомоти вилоят ба аёдати сокинони захмишуда рафта, ба онҳо кумаки молӣ расониданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо яке аз захмиён, ки аз як пой маҳрум шудааст, гуфт "Мо барои поятон протез фармоиш медиҳем ва аз ҳисоби ҳукумат хубашро харидорӣ мекунем, ки боз роҳ гардед. Зонуятон ба фикрам ҳеч осеб надидааст ва бо пайваст кардани протез боз мисли пештара мешавед."

Вазъият бегоҳии рӯзи 29-уми апрел дар минтақаи дигари марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хистеварз низ муташанниҷ будааст. Дар як гӯшаи ин мавзеи наздисарҳадӣ, ягона мактаб-интернат дар ҳудуди вилоят барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷойгир шудааст. Омӯзгорон мегӯянд, он рӯз аз шунидани садои тир дар оғоз парешон буданд, вале баъдан барои ҳифози шогирдонашон дастбакор шуданд. Гулчеҳра Исоева, омӯзгори мактаб-интернат, гуфт, баъд аз оғози тирпарронӣ 308 хонандаро ба деҳаи Зарзамин ба макони амн кӯчониданд.

Ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр марз доранд.

Дар рухдоди ҳодисаи ахир ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин руйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои кулли ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG