Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Музди камтар, аммо бехатар". Баъзе аз муҳоҷирон ба ҷойи Русия Қазоқистонро интихоб мекунанд


Нархи гарони билети сафар ба Русия ва имтиҳону дарёфти иҷозатномаи кор гуруҳе аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки акнун дар Қазоқистон, кишвари сарватманди минтақа, кор биҷӯянд.

Деҳқонӣ, сохтмону бозорҳоро муҳоҷирон "меҷунбонанд"

Дилшодбек, муҳоҷири корӣ аз шаҳри Қуқанди Узбекистон, беш аз даҳ сол барои кор ба Русия мерафт, вале имсол ният дорад, ки ба Қазоқистон биравад. "Дар Қазоқистон нархи кор андаке арзонтар аст, аммо дар умум, ба ҳисобҳои ман, фарқи зиёд нахоҳад дошт", -- мегӯяд Дилшодбеки 42-сола.

Вай афзуд, "писарамаки ман моҳи май ба Русия рафт. Ба 600 доллар билет харид ва барои ёфтану гирифтани иҷозатномаи кор сесад доллари дигар сарф кард. Харҷи роҳ то Қазоқистон андак аст."

Чунин ба назар мерасад, ки Қазоқистон низ барои қабули муҳоҷирони корӣ омодааст. Аксари муҳоҷирон ба иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ розӣ ҳастанд, чизе, ки сокинони маҳаллӣ намекунанд. Баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон ҳатто харҷи сафари муҳоҷиронро аз кишварҳои ҳамсоя пардохт кардаанд.

Мақомоти вилояти Атирау, ғарби Қазоқистон, моҳи май 600 нафарро аз Узбекистон барои кор дар бахши кишоварзӣ бурданд. Як моҳ пеш барои расондани 70 муҳоҷири узбек, ки ба ҳайси роҳрӯб пазируфта шудаанд, низ парвози чартерӣ ташкил шуд. Атирау ба сабаби пандемияи коронавирус ва баста будани марзҳо соли 2020 ба монанди минтақаҳои дигари Қазоқистон бо камбуди нерӯи корӣ дучор шуд.

Актурлан Ерманов, мудири хоҷагии кишоварзӣ дар вилояти Атирау, мегӯяд, 1500 гектар замин дорад ва барои киштану гирифтани ҳосил ба коргар ниёз дорад. Аммо дар ин кишвари нафтхези минтақа бисёре аз сокинон барои корҳои вазнини ҷисмонӣ розӣ нестанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, майдони сохтмону бозорҳоро асосан муҳоҷирон "меҷунбонанд".

"Муҳоҷирон бисёр хуб кор мекунанд, – гуфтааст Актурлан Ерманов дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ. – Коргарони таҳҷоӣ корро то охир намерасонанд. Зуд аз кор ронда мешаванд ва ё худашон рӯзи дигар ба кор намеоянд."

Маош чанд аст?

Роҳрӯбон дар вилояти Атирау моҳе тақрибан 330 доллар мегиранд. Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар як моҳ тақрибан 235 доллар ба даст меоранд. Ин маоши хубе барои муҳоҷирони корӣ аз Узбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон дониста мешавад. Онҳо дар кишварҳои худ барои кори ҳамсон пули камтар мегиранд. Бекорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1990 ба ин тараф мушкили ҷиддӣ аст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия яке аз маконҳои асосии кор барои миллионҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ буд. Ба Қазоқистон дар оғоз шумори камтари корҷӯён мерафтанд, вале аз соли 2014 ба ин сӯ, замоне ки Русия бо буҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл рӯ ба рӯ гардид, ин омор дар ҳоли афзудан аст. Бино ба иттилои расмӣ, дар панҷ соли охир шумори муҳоҷирони узбекистонӣ дар Қазоқистон ба камияш даҳ баробар бештар шудааст.

То замони пандемия дар ин кишвар тақрибан як миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ фаъолият доштанд. Шумори дақиқи онҳо маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон дар корхонаву хоҷагиҳои хусусӣ ва бо ҳадафи гурез аз пардохти молиёт ғайрирасмӣ кор мекунанд.

Муҳоҷирони узбек гурӯҳи калони коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон ҳастанд. Тибқи иттилои баъзе аз манобеъ, пеш аз пандемияи коронавирус шумори онҳо тақрибан 360 ҳазор нафар будааст. Вазорати иқтисоди Узбекистон мегӯяд, сарфи назар аз баста будани марз, дар моҳи январи имсол дар Қазоқистон беш аз 209 муҳоҷири узбек қарор доштанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон моҳи январи имсол хабар дод, ки тақрибан 35 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар дар Қазоқистон, узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), як созмони зери назорати Русия, кор мекунанд. Қирғизистон низ узви Иттиҳоди иқтисодӣ аст.

Тибқи омори расмӣ, пеш аз пандемия тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон кор мекарданд. Дар бораи шумораи шаҳрвандони Туркманистон, ки дар Қазоқистон кор мекунанд, маълумоте нест. Ишқобод чунин иттилоъро дастраси умум намекунад.

Фарқи Қазоқистон аз Русия

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мегӯянд, наздикии рӯҳӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва талаботи нисбатан осони иҷозат ба кор онҳоро ба Қазоқистон бештар ҷазб мекунад. Барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия бояд аз забону таърихи рус имтиҳон супорид, дар ҳоле ки дар Қазоқистон чунин талабот вуҷуд надорад.

Дар муқоиса бо вазъ дар Русия, ҷиноятҳои бегонаситезӣ дар Қазоқистон низ камтар ба назар мерасанд. "То соли 2019 дар як бӯстонсарои хусусӣ дар Русия ҳар моҳ тақрибан 700 доллар маош мегирифтам", -- мегӯяд Дилшодбек, шаҳрванди Узбекистон. - Дар Қазоқистон тақрибан нисфи ин маблағро гирифта метавонам, аммо дар айни замон ба ман зарур нест, ки ҳар дафъа дар бораи ҳамла ё таҳқири бегонаситезон биандешам."

Расонаҳо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мавридҳои зиёди ҳамла, аз ҷумла ҳамлаҳои марговарро ба муҳоҷирон дар Русия сабт кардаанд. Мақомоти Русия низ эътироф мекунанд, ки солҳои охир муносибати мардум ба муҳоҷирони корӣ якбора бад шудааст. Муовини раиси дастгоҳи президенти Русия ба расонаҳо гуфтааст, "дар соли 2020 тақрибан ҳар чаҳорумин пурсидашуда (дар назарсанҷӣ) муносибати манфии худро нисбат ба муҳоҷирон эълон карданд. Теъдоди одамоне, ки бо муҳоҷирон бад муносибат мекунанд, 7,5 дарсад бештар шудааст."

"Инҷо... ҳама чиз хуб нест"

Дар Қазоқистон низ ҳама чиз хуб нест. Ҷасури 38-сола аз Узбекистон, ки дар Чимкенти Қазоқистон як нонвойхонаи хурдро ба иҷора гирифтааст, мегӯяд, "кор ва пул ёфтан мушкил нест", вале ҳама чиз якбора муяссар намешавад. Вай нақл кард, ки дар Қазоқистон барои "як сол кори кардаашон" ба ӯву ҳамроҳонаш маош надодаанд.

Ҷасур бори аввал панҷ сол пеш бо падараш ва панҷ нафари дигар аз вилояти Намангони Узбекистон ба Қазоқистон рафтааст. Онҳо розӣ шудаанд, ки барои як шаҳрванди Қазоқистон хона бисозанд. Корфармо ба онҳо чор ҳазор доллар дода, ваъда кардааст, ки даҳ ҳазор доллари дигарро пас аз адои кор медиҳад. Шартномаи хаттӣ набудааст. Муҳоҷирон бе дарёфти иҷозаи кор дар Қазоқистон ҳамчун сайёҳ ба он кишвар рафта буданд.

Ӯ ба хотир меорад, ки тамоми сол хонаро сохтанд, вале ҳангоми гирифтани пул корфармо нопадид шуд. Дертар маълум шудааст, ки дар садамаи нақлиётӣ ҷон додааст. Хешовандонаш аз додани пул ба муҳоҷирон саркашӣ кардаанд ва Ҷасуру ҳамроҳонаш, ки ғайриқонунӣ кор мекарданд, низ натавонистанд аз мақомот ёрӣ пурсанд.

"Мо умед доштем, ки мусулмонҳо фиреб намекунанд, аммо на ҳамеша чунин будааст", -- мегӯяд Ҷасур. Ӯ афзуд, ин ҳодиса барояш дарси ибрат шуд ва акнун ба таври қонунӣ дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. Нонвойхонааш дар Чимкент муштариёни зиёд дорад. "Ҳафтае як бор ба оилаам дар Узбекистон пул мефиристам", -- мегӯяд ӯ.

Ҷасур мегӯяд, ҳамдеҳагонаш аз вилояти Намангон зуд-зуд ба ӯ занг зада, хоҳиш мекунанд, ки дар Қазоқистон ба онҳо ҷойи кор ёбад. Дар деҳа кор нест. Ҷасур бо монеаи забонӣ рӯ ба рӯ нест: вай забони қазоқиро, ки ба мисли узбекӣ ба гурӯҳи забонҳои туркӣ мансуб аст, ба осонӣ азхуд кардааст.

Аммо зиндагӣ ва кор дар Қазоқистон барои Ҷасур як чораи муваққатист. Вай ояндаашро дар ватани худ мебинад ва мегӯяд, барои сохтани хона дар деҳа пул ҷамъ меорад. Чизе, ки то ба ҳол орзуи амалиношуда мондааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG