Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Қазоқистон об медиҳад. ВИДЕО


Қазоқистон мехоҳад аз обанбори Қайроқум об харад

Қазоқистон дар тобистони имсол ба сурати изофӣ аз обанбори нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” 315 миллион мукааб оби изофии полезӣ мегирад.

315 миллион мукааб оби изофӣ

Фарорасии фасли гармо ва боришоти кам дар фасли баҳор кишоварзони кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро бо камбуди оби полезӣ рӯбарӯ кардааст. Серик Кожаниёзов, муовини вазири зистмуҳитӣ, геология ва захираҳои табии Қазоқистон ба расонаҳо эълон кардааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон барои гирифтани 315 миллион мукааб оби изофии полезӣ аз обанбори нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” дар шимоли Тоҷикистон тавофуқ кардааст. Ба гуфтаи вай, ин миқдор об моҳҳои июн, июл ва август ва барои обёрии шолизорҳои вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон истифода мешавад. Манбаъ афзудааст, ки бар ивази ин миқдор оби изофӣ Қазоқистон ба Тоҷикистон як миқдор маводи сӯхту техника дода, дар сурати вуқӯи ҳодисаи фавқуллода дар обанбори “Қайроққум” Қазоқистон муваззаф шудааст ба Тоҷикистон кӯмаки моливу фаннӣ низ ироа кунад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон ба Қазоқистон об медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Ба Узбекистон низ оби изофӣ медиҳанд?

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, афзуданд, ки чунин тавофуқ 31-уми май дар Душанбе миёни Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Магзум Мирзагалиев, вазири экология, геология ва захираҳои табии Қазоқистон ҳосил шудааст. Манбаъ аз ироаи ҷузъиёти дигари ин хабар, ки оё Узбекистон низ бо чунин дархосте муроҷиат кардааст ё не, худдорӣ кард. Зеро, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 10-уми июн дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” дидан кард ва қаблан ба кишоварзонаш ҳушдор дода буд, ки дар соли ҷорӣ оби полезӣ то 60 дарсад камтар мешавад.

Мақомоти тоҷик аз оғози соли ҷорӣ аз камборишӣ ва камбуди об дар обанборҳо, аз ҷумла обанбори нерӯгоҳи “Қайроққум” суҳбат мекунанд. Абдулҳамид Қаюмов, мудири Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон аз захираи ками барф дар қаторкӯҳҳои кишвар изҳори назар карда, ҳушдор медиҳад, ки тобистони имсол камбуди шадиди об дар рӯдхонаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт: “Ҳоло дар болоби дарёи Варзоб, умуман об кам аст, дар рӯдхона ҳамагӣ то 30 сантиметр об дида мешавад, ки барои ин вақти сол хеле кам аст. Умуман, дар тамоми рӯдхонаҳо об кам дида мешавад. Якумаш, ин ин ки зимистон боришот кам буду дуюмаш яхбандӣ, хунукӣ зиёд буд.”

Таҷрибаи Қирғизистон

Коршиносони арсаи обу энержӣ баръакс, бар ин назаранд, ки соли ҷорӣ боришот кам набуд ва мушкил бар ин аст, ки пешгӯии боришот ва дақиқ муайян кардани захираҳои барфу об дар сатҳи паст қарор доранд. Ҳомидҷон Орипов, собиқадори арсаи энержии Тоҷикистон мегӯяд, барои фурӯши оби изофӣ аз обанборҳо ба унвони моли кишвар дар тобистон фурсати хуб аст. “Аввали ҳар сол кишварҳои минтақа дар ҷаласае тақсими оби рӯдхонаҳои фаромиллиро нақшабандӣ мекунанд. Маъмулан, Қирғизистон дар фасли сармо оби зиёдеро аз обанбори “Токтогул” партоб карда, дар фасли тобистон оби изофиро бар ивази пул мефурӯшад. Мо низ бояд аз ин таҷрибаи Қирғизистон истифода кунем.”,--гуфт ӯ.

Соли гузашта ба далели камобӣ Узбекистон аз Тоҷикистон хоста буд, ки барои обёрии заминҳои ҳавзаи Сирдарё аз обанбори “Қайроққум” оби изофӣ бигирад. Он замон Вазорати оби Узбекистон гуфта буд, ба ин хотир ба Тоҷикистон 5 дастгоҳи обкашӣ бо қудрати обпартоии 500 литр дар як сония ва инчунин 20 насоси дигар дода мешавад. Ҷониби Узбекистон барои гирифтани оби изофӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 1,5 миллирад сӯм (тақрибан 145 ҳазор доллар) додааст.

Обанбори нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” яке аз бузургтарин обанборҳо дар қаламрави Тоҷикистон аст. Масоҳати он дар дарозӣ то 65 километр ва паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3,413 миллиард метри мураббаъ буда, он таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 9 обанбор вуҷуд доранд ва ҳар кадоме аз 0,028 то 10,5 миллиард метри мукааб обро ғунҷоиш медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG