Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз падари як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон қазияи акси Иззат Амонро мепурсанд


Бахтовар Ҷумъаев, корманди «Маркази Тоҷикон» дар Маскав
Бахтовар Ҷумъаев, корманди «Маркази Тоҷикон» дар Маскав

Падари Бахтовар Ҷумъаев, як ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мегӯяд, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон ӯро дар бобати пахши пироҳанҳо бо акси Иззат Амон дар Маскав бозпурсӣ кардаанд. Намояндагони ин ниҳод дар тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ бо онҳо ин маълумотро тасдиқ ё рад накарданд ва аз ҳама гуна суҳбат дар ин бобат худдорӣ намуданд.

Умрибой Ҷумъаев, падари 64-солаи Бахтовар Ҷумъаев, корманди «Маркази Тоҷикон» дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро рӯзи 22 июн барои як пурсиш ба Душанбе даъват кардаанд. “Маркази Тоҷикон” созмони ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст, ки онро ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон таъсис додааст. Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Умрибой Ҷумъаев, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон, писари ӯ -- Бахтовар Ҷумъаевро гунаҳкор кардааст, ки футболкаҳоеро бо акси Иззат Амон дар назди масҷиди ҷомеаи Маскав дар хиёбони “Мир” тақсим кардааст, ки гӯё дар натиҷаи ин 200 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шуданд.

“Ман гуфтам, ки писари ман дар ин кор даст надоштааст ва либос бо акси Иззат Амонро ҳам ба бар накардааст ва ба масҷид нарафтааст. Корманди раёсат ба ҳарфи ман гӯш надод ва гуфт, ки 200 нафар баъди ин намоиш аз тарафи мақомоти интизомии Русия депортатсия шуданд ва акнун фарзандони онҳоро оилаи шумо таъмин мекунад, мехӯронад, мепӯшонад. Ҳарчанд мегуфтам, ки ин хабар нодуруст аст, гӯш намедод ва бо овози баланд исрор мекард,” -- мегӯяд Умрибой Ҷумъаев.

Худи Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 22 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аҷобати кор дар он буд, ки корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ бо истифода аз телефони падараш бо ӯ дар тамос шудааст: “Ман дар тааҷҷуб мондам, падарам ба ман занг зад, вале нафари дигар худро корманди Раёсати умумри дохилӣ муарифӣ карду ба суол додан шурӯъ кард. Суоли ӯ ин буд, ки чаро либосҳо бо акси Иззат Амонро ба муҳоҷирон тақсим кардааст ман гуфтам, ки аслан ҳарфи беасос аст ман на дар масҷид будам, на хабар дорам, вале вай исрор мекард, ҳарчанд либоси бо акси Иззат Амонро ҳеҷ кас тақсим накардааст тавре дар аксу наворҳои дидам афроди бо либоси Иззат Амон либосро ба бар доштанд. Ман фикр мекунам касе ба мақомоти Тоҷикистон хабари бардурӯғ додааст”.

Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои рушан кардани қазия бояд номи корманде гуфта шавад, ки Умрибой Ҷумъаевро ба суҳбат даъват кардааст. Вале на Умрибой Ҷумъаев ва на писараш номи ин кормандро гуфта натавонистанд, чун ба қавли онҳо, корманд худро шиносоӣ накардааст.

Навбатдори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 июн бидуни зикри номаш гуфт дар ин раёсат беш аз 200 корманд фаъолият дорад ва мо намедонем кадоме аз онҳо Умрибой Ҷумъаевро даъват кардааст.

Навбатдори раёсат ҳамчунин фишор ва зӯргӯӣ ба Умрибой Ҷумъаевро рад кард ва гуфт, шаҳрвандонро “кормандони мо озодона даъват мекунанд ва бар асоси қонун мавриди пурсиш қарор медиҳанд.”

Умрибой Ҷумъаев мегӯяд, ӯро субҳи 22 июн бо таксӣ аз Панҷакент ба Душанбе оварда, бозпурсӣ кардаанд, вале кирояи таксиро аз ӯ рӯёндаанд: “Маро як намояндаи Раёсати корҳои дохилӣ дар мошине, ки таксӣ буд, то ба Душанбе ҳамроҳӣ кард ва ман фикр кардам, ки маблағи роҳро мақомот пардохтааст, вале ҳоло ронандаи ин мошин исрор дорад, ки таксист асту 200 сомонӣ ба ӯ диҳам ва ночор пардохт кардам”, -- гуфт Умрибой Ҷумъаев ва афзуд: “мақомоти умури дохилии Панҷакент ҳам метавонист маро даъват кунаду ҳамин суолҳоро диҳад, вале исрор карданд, ки ба Душанбе биёям”.

Бозпурсӣ дар мавриди футболкаҳо бо акси Иззат Амон ба як маърака дар Маскав бастагӣ дорад. Дар ин ҷо рӯзи 11-уми июн гуруҳе аз муҳоҷирон дида шуданд, ки чунин либос ба тан доштанд. Пулиси Маскав инро як навъи эътирози ом шуморид ва чанде аз онҳо, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов ва ҳамроҳаш, Раҳматулло Ҷалоловродастгир карданд.

Ба нақли Қудратов, боздошти онҳо рӯзи 11-уми июн, пас аз адои намози ҷумъа, дар берун аз масҷиди хиёбони "Мир" дар Маскав сурат гирифт ва баъди чанд соат онҳоро раҳо карданд. Вале зидди онҳо бар асоси моддаи 20.2 қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне "вайрон намудани тартиботи баргузории митинг" парванда боз шуд, ки аз 10 то 20 ҳазор рубл ҷарима ё 40 соат кори маҷбуриро пешбинӣ мекунад. Қудратов гуфт, чунини футболкаҳо дар назди истгоҳи метрои "Сухаревская" фурӯхта мешуданд.

Умрибой Ҷумъаев, падари Бахтовар Ҷумъаев дар моҳи май низ аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон огоҳ карда шуд, ки писарашро ба ватан баргардонад.

XS
SM
MD
LG