Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизе аз Тоҷикистону тоҷике аз Қирғизистон. Мустанаде аз рӯзгори сокинони ду сӯи марз. ВИДЕО


Саҳанае аз мустанади "Дарахти дӯстӣ"
Саҳанае аз мустанади "Дарахти дӯстӣ"

Бо гузашти ду моҳ аз муноқишаи марз дар Тоҷикистону Қирғизистон коргардони тоҷик Дилошуб Орифзода филми мустанаде бо номи "Дарахти дӯстӣ" таҳия кардааст, ки аз рӯзгори сокинони назди марз қисса мекунад. Филми мустанад ду қаҳрамони марказӣ дорад, яке тоҷики қирғизистонӣ ва дигаре қирғизи тоҷикистонӣ.

Сабти мустанад ҳанӯз пеш аз муноқишаҳои марзӣ шуруъ шуд. Муаллиф мегӯяд, онро бо назардошти танишҳои пешин миёни сокинону марзбонони ду тараф таҳия мекарданд. Орифзода мегӯяд, дар оғоз мепиндошт, ки қаҳрамон пайдо кардан душвор хоҳад буд, зеро масъалаи марз ҳамеша ҳассос аст ва на ҳама ҳозиранд дар бораи худу ҳамсоя суҳбат кунанд. Аммо ҳамааш баръакс шуд. Ҳеҷ фикр намекардам, ки ба ин ҳад моро гарм қабул мекунанд. Вақте гуфтам ба ин шакл мехоҳам филме таҳия кунам, чанд нафар хостанд, ки аз зиндагии хуби худ дар Тоҷикистон нақл кунанд"-, мегӯяд коргардон.

Гузориши видеоиро инҷо метавонед бубинед:

"Дарахти дӯстӣ"- филми мустанад аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Номи филм ба гуфтаи Орифзода, аз саҳнае гирифта шудааст, ки дар он яке аз қаҳрамонҳои асосӣ аз пайванд шудани ду ниҳоли мева қисса мекунад. Шохаи гелосе, ки аз Қирғистон ба Тоҷикистон оварда шуда, бо дарахти олучаи маҳаллӣ пайваст ва ҳоло ду ниҳол аз як реша об мехуранд.

"Бояд масъала якҷониба баҳо дода нашавад. Ҳамин гуна гурӯҳҳои филмсозон чунин филмҳои холисонаро зиёдтар созанд. На ин ки дар Қирғизистон филмҳое сохта мешаванд, ки яктарафа аст ва тоҷиконро гунаҳкор мекунанд. Ин гуна филмҳо нафратро миёни сокинон зиёд мекунанд. Филмҳое бояд сохта шаванд, ки мардумро муттаҳид кунанд, барои ҳамзистӣ ва зиндагии осоишта талқин кунад. Ин ва ё он тарафро гунаҳкор гуфта намешавад"-, гуфт Дилошуб Орифзода.

Мустанади «Дарахти дӯстӣ» ду моҳ баъд аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон намоиш дода мешавад, ки дар натиҷаи он аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ҷанге ки мисли табар задан ба дарахти дӯстии ду кишвари ҳамсоя буд.

XS
SM
MD
LG