Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маршировка, автобусҳои пуродам. Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон рафтори сокинонро тағйир надод. ВИДЕО


marching of students in Tajikistan

Баъди "бозгашт"-и коронавируси нав ба Тоҷикистон ва сирояти он ба даҳҳо нафар мақомот аз мардум хостанд, чораҳои беҳдоштиро риоят кунанд. Аммо на дар ҳамаҷо ин чораҳо риоят мешаванд ва аз ҷумла дар чорабиниҳои давлатӣ.

Дар майдони назди Варзишгоҳи марказии Душанбе, тамрин ё ба истилоҳ маршировка идома дорад. Дар он донишҷӯён дар чанд баст ҷамъ омада тамрин мекунанд. Аз субҳ соати 6 донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, баъдан донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ. Аммо дар ин маъракаи пуриздиҳом қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешавад, аз ҷумла фосилагирӣ. Ҳамарӯза дар ин майдон садҳо донишҷӯ тамрин мекунанд.

Зуҳро Таъфиқова, яке донишҷӯён мегӯяд, тамрини онҳо аз соати 6-и субҳ оғоз шуда то 11-и нисфирӯзӣ идома меёбад. Қарор аст бо ин реҷа, тамрин 2 моҳу 10 рӯз давом ёбад, то ҷашни истиқлолият.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:

"Бе ниқоб даромадан манъ аст. Манъ, ки бошад, ҳама пӯшад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз дигар масъалаи ташвишовар барои сокинон аст. Солеҳа Сафарова, сокини Душанбе, мегӯяд, ронадагон аз меъёр зиёд мусофир мегиранд: " Болои ин на нозир, на ронанда, ягон кас ниқоб надорад. Вақте дар маршрутка савор мешави навиштагӣ аст, ки бе ниқоб даромадан маън. Модоме, ки чунин навишта шудааст, ҳама бояд ниқоб пӯшанд"-, афзуд ӯ. Як арзи дигари сокинон аз гармии дохили нақлиёт аст, чун ҳавополоҳо фаъол нест ва дар чунин шароит мусофирон наметавонанд ниқоб пӯшанд. Самия Мирзоева, сокини Душанбе, мегӯяд мехоҳад ниқоб пӯшад, аммо наметавонад. "Нафасгир мешавам. Ман гипертония дорам, фишорам баланд аст, нафасгирам мекунад"-, гуфт ӯ.

Баъди панҷ моҳи ба гуфтаи мақомот орӣ будани Тоҷикистон аз COVID-19, Вазорати тандурустӣ рӯзи 21-уми июн аз хуруҷи дубораи беморӣ дар кишвар хабар дод. Эътирофи мақомот дар бораи мавҷудияти коронавирус баъд аз он садо дод, ки расонаҳо аз гирифтории даҳҳо нафар ба COVID-19 хабар доданд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Коршиносон омори воқеиро аз ин бештар медонанд.

XS
SM
MD
LG