Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо дар Тоҷикистон аз "пешрафт"-и Толибон дар гӯшаҳои Афғонистон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон чӣ назар доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Навор: Дар Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон чӣ назар доранд?

Тасарруфи чанд минтақа дар гӯшаҳои Афғонистон, бахусус наздик ба марзи Тоҷикистон, аз тарафи Толибон бисёриҳоро дар кишвар нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, ҳузури ин гуруҳ хавфи терроризму ифротгароиро дар Тоҷикистон бештар ва назорати сарҳадро мушкилтар мегардонад.

Толибон иддао доранд, ки 85 дарсад аз қаламрави Афғонистонро зери назорат даровардаанд, вале ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид намешаванд. Ишғоли минтақаҳо аз сӯйи Толибон боис ба овора шудани теъдоди зиёде аз мардуми ин кишвар низ шудааст. Гуруҳе аз онҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон панор овардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки аз таҳаввулоти охир дар Афғонистон чӣ эҳсос доранд?

  • "Албатта, нигарон ҳастем. Афғонистон давлати ҳамсояи мост. Толибон ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо зарар доранд. Таҳдиди терроризму ифротгароӣ ба Тоҷикистон зиёд аст."
  • "Ба фикрам, хатаре надорад, мо давлати абарқудрат шудаем, бақувваат ҳастем. Ягон тарс нест."
  • "Ман телефону Интернет надорам. Саломат бошед."
  • "Ҳатман хавотир ҳастем. Пеш аз ҳама ба худи мардуми Афғонистон зарар дорад. Агар давлати Афғонистонро соҳибӣ кунанд, метавонанд ба Тоҷикистон ҳам зиён расонанд.”
  • “Бисёр нигарон ҳастем. Марзу буми кишвар зери хатар аст. Мардуми Афғонистон як умр зери ҷангу фишор зиндагӣ мекунанд. Ман намехоҳам, ки кишвари мо бо ин хел шахсҳо ва гурӯҳҳо рӯ ба рӯ шавад."
  • "Фахри давлати худамон мекунем, ки моро муҳофизат мекунанд, дилпурӣ дорем."

Пештар намояндаҳои Толибон дар нишасти Маскав гуфтанд, мехоҳанд, кафолат диҳанд, ки ин ҷунбиши исломӣ, сарфи назар аз тасарруфи манотиқи зиёде дар саросари Афғонистон, ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиде ба бор намеорад.

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон бо ишора ба эҳтимоли нооромиҳо дар марзаш бо Афғонистон эълон кард, ки то 20 ҳазор афсари эҳтиётиро барои таҳкими назорати марзи кишвар бо Афғонистон сафарбар мекунад. Русия, ки дар як пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то 7 ҳазор афсарро мустақар намудааст, мегӯяд, ҳозир аст, дар ҳоли ноором шудани вазъият дар марзи Афғонистон аз нерӯҳояш кор гирад.

Дар айни замон фармондеҳи ситоди муштараки СПАД, Анатолий Сидоров, рӯзи панҷшанбе гуфт, Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон ба кумаки фаннӣ ё техникӣ ниёз дорад, аммо зарурате ба ҷалби нерӯҳои дастҷамъии созмон нест.

Шумо чӣ назар доред? Лутфан дар зери матлаб бинависед.

XS
SM
MD
LG