Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара бовар доранд, ки зодгоҳи президент маркази вилоят мешавад. ВИДЕО


Донишгоҳи давлатии Данғара

Дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи президент Эмомалӣ Раҳмон ва бисёре аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон, чанд сол ба ин сӯ бинокорӣ дар авҷ аст. Қарор аст, акнун Данғара мақоми шаҳр ва маркази вилоятро соҳиб шавад. Гуё масъала ниҳоӣ шудааст, вале кай эълон шуданаш маълум нест.

Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, чанд рӯз қабл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "100 сол пеш Саидалӣ Вализода гуфта буд, ки як мулки обод мешавад. Супориш ҳаст."

Дар Данғара дар масоҳати 450 гектар Фурудгоҳи байнулмилалӣ месозанд. Фурудгоҳи пешини ноҳия кӯҳна шудаву аз кор мондааст. Масъулони Данғара мегӯянд, чи зерсохторе, ки дар ноҳия сохта мешавад, мақоми вилоятиро дорад.

"Супориш ҳамин хел аст. Ҳам бинои Идораи замин ва ҳам Идораи ҳифзи муҳити зист дар сатҳи вилоятӣ ҳастанд. Аммо сад дар сад гуфта наметавонем, ки кай мешавад", -- гуфт Ҷамшед Шарифзода.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мансабдорони Данғара бовар доранд, ки зодгоҳи Президенти Тоҷикистон маркази вилоят мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Эмомалӣ Раҳмон дар як сол то чаҳор бор ба Данғара сафар мекунад. Дар ҳар сафар даҳҳо иншооти хурду бузургро боз кардааст.

Соли 2005 дар он ҷо бахши Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз шуд, ки дар соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил ёфт. Соли 2016 Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳам дар ин ҷо таъсис ёфт.

Данғара ҳамчунин минтақаи озоди иқтисодӣ аст, ки чандин корхонаро фаро мегирад.

Аммо дар ҳудуди ин ноҳия ҳанӯз гӯшаҳое ҳастанд, ки мардумаш аз бебарқӣ ва беобӣ танқисӣ мекашанд. Соли 2017 Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии мушкили 200 оила дар деҳаи Иттиҳоди ноҳияи Данғара гузориш дод, ки на нерӯи барқ доранд ва на обу на роҳи ҳамвор.

Маркази ҷарроҳиҳои пластикӣ дар ноҳияи Данғара
Маркази ҷарроҳиҳои пластикӣ дар ноҳияи Данғара

Коршиносоне, ки вазъиятро назорат мекунанд, мегӯянд, пинҳон нест, ки таваҷҷуҳ ба ноҳияи Данғара ба хотири зодгоҳи раиси ҷумҳур ва чандин мансабдори дигари тоҷик буданаш ҳаст. Аммо, ба гуфтаи онҳо, мақомот бояд ончунон рафтор кунанд, ки ба баҳси нобаробарӣ миёни сокинони ноҳияҳо ва ҳам мавзӯи маҳалгароӣ доман назананд.

Ин ноҳия аз солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳайати вилояти собиқи Кӯлоб буд ва ҳоло як ноҳияи вилояти Хатлон аст. Аҳолии Данғара 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG