Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифторони коронавирусро дар оянда чӣ интизор аст? Ранҷҳои "баъд аз COVID"


Яке аз гирифторони коронавирусро дар бемористон ҷой мекунанд
Яке аз гирифторони коронавирусро дар бемористон ҷой мекунанд

Олга Бешли, рӯзноманигор

Шахсоне, ки дар Русия бемории коронавирусро паси сар кардаанд, барои халосӣ аз пайомадҳои он аз Вазорати тандурустии он кишвар ёрӣ хостаанд. Садҳо ҳазор кас пас аз беморӣ аз хастагии шадид, надоштани ҳисси бӯй ва мазза ранҷ мекашанд.

"Гум шудани бӯй омоси мағзи сар ё шизофрения нест"

Олга Соколова дар саноати шаробсозӣ дар Русия кор мекунад. Шинохтани бӯй ва таъм маҳорати касбии ӯст. Вай бемории коронавирусро ба осонӣ паси сар кард ва хурсанд буд, ки ҳисси бӯй низ зуд баргашт. Вале шодияш дер давом накард, ҳама чиз дар ҷойи кор тағйир ёфт.

"Ҳоло барои ҳис кардани бӯйи шароби кӯҳнаи Бургундӣ бояд қариб понздаҳ дақиқа нишинам. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз болотар аз забони ман кор мекунад", -- нақл кард ӯ.

Тарроҳи дохили хона, Юлия Власенко, вақте пас аз бемории коронавирус ҳисси бӯяшро ба таври дарозмуддат гум кард, маҷбур буд, ба касби пешинаи худ, рӯзноманигорӣ, баргардад. Ҳоло Юлия дар Instagram блог ташкил кардааст ва дар он аз нишонаҳои "баъд аз COVID" иттилоъ медиҳад.

Дар Telegram низ ҷомеаи маҷозиеро дорад, ки ба гум кардани бӯй ва мазза бахшида шудааст. Дар айни замон, дар ҷамъияти Poslecovida-и ӯ 30 ҳазор нафар узв шудаанд.

"Аллакай як сол боз ин корро мекунам ва ба мардум иттилоъ медиҳам. Он чизе, ки онҳо аз сар мегузаронанд, на омоси мағзи сар аст ва на ихтилоли равонӣ (шизофрения). Табибон қаблан мегуфтанд, гум шудани бӯй ва мазза натиҷаи варами мағзи сар аст. Ман ҳам дар вақташ ин иттилоъро дар Интернет хонда будам", -- мегӯяд Юлия.

Синдроми "пасоковидӣ" то чӣ андоза маъмул аст?

Дар маҷаллаҳои тиббӣ синдроми "пасоковидӣ" аллакай тавсиф шудааст ва ҳатто ба таснифоти байналмилалии бемориҳо (ICD) дохил карда шудааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, тақрибан яке аз даҳ бемор баъди 12 ҳафтаи шифо ёфтан низ аломатҳои пасоковидро идома медиҳанд.

Дар ҷаҳон то имрӯз тасдиқ шудааст, ки беш аз 200 миллион нафар ба бемории коронавирус мубтало шудаанд. Яъне, имкон дорад, тахминан бист миллион нафар ба синдроми "пасоковидӣ" гирифтор шуда бошанд (албатта, ин як тахмини нисбӣ аст).

"Синдроми пасоковидӣ як ҳолати барои ҳама беморон якрангу маъмул нест, - мефаҳмонад иммунолог, Николай Крючков. – Он як маҷмӯи нишонаҳои гуногун аст, ки аз рӯйи як асоси хеле содда муттаҳид карда мешаванд: яъне одам қаблан чунин беморӣ надошт, ин нишонаҳо пас аз он пайдо шуданд, ки ӯ ба COVID-19 гирифтор шудааст."

Биёед, назаре ба нишонаҳои "пасоковидӣ" андозем, ки Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ овардааст:

  • хастагӣ;
  • дарди сар;
  • дарди қафаси сина;
  • дард ва сӯзиши мушакҳо;
  • мушкилоти хотира (фаромӯшӣ);
  • афсурдагӣ;
  • сулфаи тӯлонӣ;
  • тангии нафас;
  • дарунравӣ;
  • дарди меъда;
  • табларза.

"Эҳтимол, дар ин ҷо, сарҳади шартиро тахминан як то се моҳи пас аз пайдо шудани нишонаҳои аввали COVID-19 гузоштан мумкин аст, – мегӯяд Николай Крючков. – Пас аз он COVID-19-и пасошадидро ҷудо кардан мумкин аст, ки то се моҳ аст. Ва дигар, ҳар нишонаҳое, ки пас аз ин замон тӯл мекашанд, COVID-19-и музмин шинохта мешаванд. "

Маҷаллаи бонуфузи тиббии «Лансет» таҳқиқоти "пасоковидӣ"-ро нашр кардааст, ки дар асоси таҳқиқи бемороне, ки аз COVID-19 нисбатан ба осонӣ шифо ёфтаанд, гузаронида шуда буд. Доштани ин вирус барои ин беморон тасдиқ шуда буд, аммо бистарӣ шуданашон дар шифохона лозим нашудааст.

Дар аввал, тахминан ҳазор нафарро (958, ки сиҳатиашон барқарор мешуд) мушоҳида мекарданд. Чор моҳ пас аз COVID-19 тақрибан бо нисфи онҳо тавонистанд, мусоҳиба кунанд (442 нафар). Қариб 9 дарсади онҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз ҳам тангии нафас доранд. 12 дарсад аз набудани ҳисси бӯй, 11 дарсад аз набудани таъм ва қариб 10 дарсади пурсидашудагон аз хастагии шадид шикоят кардаанд.

Ҳадди ақал яке аз ин нишонаҳо дар ҳар нафари сеюми мубталои коронавирус мавҷуд будааст. Тахминан дар ҳамин шумораи беморон ин нишонаҳо пас аз ҳафт моҳи гирифториашон ба COVID-19 мондаааст (34,8% - 123 нафар аз 353 нафар).

"Зиёда аз як сол гузашт, аммо ҳанӯз ҳам тамом нашудааст"

Юлия Власенко, ки моҳи апрели соли 2020 бемор шуда буд, то ҳол дар фарқ кардани бӯй душворӣ мекашад. Ӯ ба Вазорати тандурустии Русия аризае фиристод, то дар сатҳи давлатӣ ба бемории «пасоковид» таваҷҷуҳ карда шавад. "Моҳи июн як сол аст, ки ман аз паросмия азият мекашам ва [ҳисси бӯйи ман] 80 дарсад барқарор шудааст, аммо пурра не, - мегӯяд Власенко. – Одамоне ҳастанд, ки мегӯянд, ҳамааш хуб аст, аммо дигароне низ ҳастанд, ки нишонаҳои онро зиёда аз як сол доранд ва (мушкилот) барояшон то ба ҳол ба охир нарасидааст. "

Барои пайдо кардани қаҳрамонҳои барномаи худ, ман дар бораи пасоковид дар Facebook навиштам. Танҳо дар як бегоҳ, чиҳил нафар посух доданд ва нишонаҳои худро тавсиф карданд. Барои бисёриҳо "пасоковид" на танҳо ба сифати зиндагиашон, балки ба корашон низ таъсир расонидааст.

Масалан, дар Telegram ошпаз Александр ба ман навиштааст, ки барояш пас аз COVID-19 "тухмҳо бӯйи шадиди гидроген сулфидро доштанд, бӯйи гӯшт низ бӯйи чизи пӯсидаеро медод, пиёз гуё луобпардаи биниро месӯзонд. Кор кардан душвор буд. Ман ҳеч чизро чашида наметавонистам, то бифаҳмам, ки сифати маҳсулот хароб шудааст ё не."

Олга Соколова, мутахассиси шароб, дар бораи оқибатҳои коронавирус барои ҳамкасбони худ чунин нақл кард: "Дар тарабхонаҳо нафароне кор мекунанд, ки таъму бӯйшинос (sommeliers) ҳастанд. Онҳо дар ҳар гуна мусобиқаҳои таъму бӯйшиносон иштирок мекунанд. Масалан, мусобиқаи «чашидан бо чашмони баста», ки барои иштирокчиён лозим аст, на танҳо навъҳои ангурро, балки ҳамчунин минтақа ва ҳатто истеҳсолкунандаи мушаххаси онро ошкор кунанд. Вале, дар айни замон ин одамон наметавонанд як навъро аз навъи дигар фарқ кунанд ".

Нишонаҳои "пасоковид"-ро чӣ гуна бояд табобат кард?

Дар ҷаҳон тавсияҳои умумӣ барои табобати "пасоковид" ҳанӯз мавҷуд нестанд. Соли гузашта Вазорати тандурустии Русия дастурҳоро дар бораи барқарор кардани сиҳатии беморон тасдиқ кард, аммо инҳо дастурҳои муваққатӣ мебошанд. Ва ҳанӯз ҳам на ҳама табибон ва на ҳама беморон дар бораи "пасоковид" ва нишонаҳои он иттилоъ доранд.

Дар змаоне ки олимон «пасоковид»-ро меомӯзанд, табибон аз беморон хоҳиш мекунанд, ҳолати худро бодиққат омӯзанд. Ҳангоми доштани нишонаҳои дарозмуддати «пасоковид» ба мутахассиси махсус бояд муроҷиат кард: мутахассиси ғадуд (эндокринолог), мутахассиси меъда (гастроэнтеролог) ва агар нишонаҳои афсурдагии шадид бошад ба асабшинос (невропатолог) ё равоншинос (психиатр).

XS
SM
MD
LG