Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бепарвоӣ" ва "Таваккал ба Худо" – ду мушкили мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон


Хиромон Бақозода
Хиромон Бақозода
Дар робита ба муносибати мардум ба пандемияву пайомадҳои он дар Тоҷикистон пурсиши афкори умум нагузарондаанд. Аммо тавре мушоҳидаву суҳбат бо мутахассисон нишон медиҳад, "бепарвоии сартосарӣ” ва “таваккал ба Худо" намегузорад, ки мубориза бо паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Тарзи бархӯрди мақомот бо пандемия иллати дигаре аст, ки муқобила бо густариши вирус натиҷаи камтар медиҳад.

"Фосилаи ҷисмониро намедонанд"

Бисёре аз сокинон дар Тоҷикистон одат надоранд, ки фосилаи ҷисмонӣ ё қоидаи дурӣ аз якдигарро риоя бикунанд. Ин одат дар замони Шӯравӣ ҳам вуҷуд дошт. Омадани пандемия тарзи навбатпоии мардумро ҳатто дар назди дорухона ё бемористонҳо, ки “маҳалли вирус” буда метавонанд, тағйир надод.

Огаҳиву иттилои зиёд дар бораи аҳамияти фосилаи ҷисмонӣ барои бисёриҳо муҳим нест. Аксарият ба ҳам хеле наздик, гоҳе паҳлӯ ба паҳлӯ қарор мегиранд ва таҳдиди асосии инро, ки вирус пеш аз ҳама аз роҳҳои ҳавоӣ паҳн мешавад, комилан нодида мегиранд.

Як намояндагии озмоишгоҳи “Диамед” дар маркази Душанбе ҳар субҳ муштариён, асосан гумонбарон ва гирифторон ба COVID-19-ро қабул мекунад. Даҳҳо нафар дар даромадгоҳи озмоишгоҳи хурде бо ҳам дар масоҳати 50-100 метр мунтазири иҷозаи вуруд ҳастанд. Ҳамаи онҳо навбат гирифтаанд, вале боз ҳам ба даромадгоҳ хеле наздик истодаанд.

Дохили озмоишгоҳ аз ду ҳуҷраи хурд иборат аст – қабулгоҳ ва макони хунсупорӣ. Дар рӯйи фарш ишораи талаботи риояи фосилаи ҷисмонӣ кашида шудаст, вале касе парвои онро надорад. Дар як вақт аз 10 то 15 нафар дар як ҳуҷраи хурде интизори навбати хунсупорианд. “Ин ҷо одами солим ҳам бемор мешавад”, -- садо медиҳад аз байни издиҳом, вале касе онро ҷиддӣ намегирад.

"Ниқобпӯшӣ ихтиёрӣ аст"

Нигоҳи оддӣ ба маконҳои ҷамъиятие ба мисли кӯчаву хиёбонҳо, фурӯшгоҳу бозор ва тарабхонаҳо кофист, ки интизоми шахсии доштани ниқоби тиббӣ санҷида шавад. Пӯшидани ниқобро на танҳо бисёре аз муштариҳо, ҳатто кормандони фурӯшгоҳу дорухонаҳо ҳам кам риоя мекунанд.

Яке аз кӯчаҳои пойтахт
Яке аз кӯчаҳои пойтахт

Як намунааш маркази тиҷоратии “Ашан” дар шаҳри Душанбе аст. Дар назди даромадгоҳ фурӯши ниқобҳои тиббиро бо арзиши 1 сомонӣ ба роҳ мондаанд; дар дохил як нафар ба дасти муштариҳо маҳлули беҳдоштӣ мерезад; дар ҳар сари қадам огаҳиҳо ёдрас мекунад, ки доштани ниқоб ҳатмӣ аст, вале дар идома вазъият бетағйир аст: аксар муштариҳо ва худи фурӯшандаҳо ниқоб намепӯшанд.

Зимнан, арзиши ниқобҳои одии тиббӣ дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе 1 сомонӣ ва дар бозор нархи бастаи, масалан, 50-донаии он 20 сомонӣ аст.

Навиштаҳои рамзии “Бе ниқоб ворид шудан манъ аст” рӯйи оинаи аксар таксиҳои Душанберо пур кардаанд. Аммо дар дохили он гоҳе худи ронандаҳо ҳам ин талаботро нодида мегиранд. Меъёри ниқобпӯшӣ зоҳиран асосан дар идораҳои давлатӣ ва байналмилалӣ риоя мешавад.

Нигарониҳо, табибон, ваксина...

Мавзӯи пандемияву фавти одамон бар асари коронавирус дар Тоҷикистон дар суҳбати аксарият дар ҷои аввал аст. Хабарҳои дилрешкунанда аз марги фарзонаҳову азизон бисёриҳоро нигарон кардааст.

Пизишке, ки дар як шифохонаи маркази Душанбе кор мекунад, дар суҳбати ғайрирасмӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, шиддати беморӣ дар маҳаллаи зери назари онҳо «кам намешавад». Ба гуфтааш, «ба монанди он ки порсол дар ҳамин шабу рӯз буд, беморӣ якбора чанд нафарро дар як оила аз по меафтонад».

«Аҷиб ин аст, ки ҳама чӣ будани бемориро аллакай медонанд. Ҳама аз он тарс доранд. Мебинанд, ки фалон хеш ё ҳамсояашон даргузашт, вале боз ҳам эҳтиёткориро фаромӯш мекунанд”, -- гуфт ин табиби 34-сола, ки ду соли охир баробари дигар ҳамкасбонаш бо пандемия мубориза мекунад.

Вазорати тандурустӣ то ҳол синну соли гирифторони коронавирусро дар Тоҷикистон нашр накардаст, вале ба қавли кормандони тиб, ба фарқ аз соли гузашта ҳамакнун наврасон ҳам ба коронавирус гирифтор мешаванд. Табибе, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуд, бо такя ба таҷрибааш мегӯяд, “нишонаҳои бемории наврасон аз калонсолон метавонад каме фарқ дошта бошад: шикамрав, таби баланд (38-39 дараҷа), дарди чашму сар ва тахтапушт."

Беҳоливу хастагӣ ва дарди устухон, ба гуфтаи ӯ, аз нишонаҳои асосиву умумии коронавирус ҳам дар миёни наврасон ва ҳам калонсолон будааст. Пизишк мегӯяд, тавони муайян кардани навъи коронавирусро надоранд, ки масалан, ин бемор ба “Делта” мубтало шудааст ё навъи дигар, вале таҷрибаи дусолаи кор бо гирифторон шинохтани бемориро осонтар кардааст.

Масалан, ҳоло аз натиҷаи рентгени рақамӣ осеб дидани шушро аз коронавирус ба осонӣ мушаххас мекунанд, дар ҳоле ки соли гузашта бештар бо такя ба натиҷаи томографияи компютерӣ чунин ташхис маълум мешуд. Зимнан, нархи рентгени рақамӣ дар муқоиса бо томография ҳашт-даҳ баробар арзонтар аст.

Ин мутахассиси тиб се моҳ пеш бо ваксинаи AstraZeneсa эм карда шуд, ба умеде, ки бемор нашавад, чун ниёзмандони зиёде мунтазираш ҳастанд. Ӯву ҳамшираи шафқат беморонро хона ба хона гашта, муоинаву табобат мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф ҳарчи бештар наҷот додани беморон дар шароити мусоиди хона аст ва танҳо дар ҳолатҳои хеле сангин беморонро дар шифохонаҳо бистарӣ мекунанд.

“Дар беморхонаҳо вазъи рӯҳии бемор бадтар мешавад, чун он ҷо беморони вазнин ҳастанд, маргумир зиёд аст. Як бемори ҳолаташ миёна ҳам метавонад, аз тарс худро аз даст диҳад”, -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Телефони ӯ пайваста занг мезанад, чун дар як рӯз бояд ба 15 оилаи бемор бирасад.

Ин кормандони тиб барномаи эмкунии ҳатмии сокинонро дар маҳалли зери назарашон ҳам иҷро мекунанд. “Хабари хуб, ваксинаи “Модерна” ҳам ба Тоҷикистон расид”, -- гуфт дар суҳбат бо ӯ як муштарии бемораш. “Охир ҳамин ваксинаҳои хитоиву англисиро ҳам намегиранд ин мардум, - шиква кард духтур. – Баъзеҳо чунон ҷоҳиланд, ки афсона бофта сари дигарҳоро гаранг мекунанд, ки гуё ин ваксина “аз равғани хук” тайёр шудаасту барои ҳамин эм намекунем. Ҳамин гапҳои беасос бисёриҳоро аз гирифтани ваксина бозмедорад. Масалан, чанд ҳафта пеш рафтем масҷиди маҳалла, ки эм кунем, бисёриҳо рад карданд. Худо акнун нигаҳбони ин мардум бошад”, -- мегӯяд табиб.

Зимнан дар Тоҷикистон аксари кулли шабакаҳои давлатии телевизиону радио дар бораи таҳдидҳои коронавирус, табиати он, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавиву ҳимояти аъзои оила барномаҳои бисёрсоатаи муфассал таҳия мекунанд. Мутахассисони тиб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар барномаҳои муфассал аз ин беморӣ суҳбатҳо мекунанд. Вале зоҳиран, ҳарфи онҳо на ба гӯши ҳама мерасад.

Аз сӯи дигар, ба қавли як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, “дар амал вазъият дигар аст. Худи ҳамин тасмими идомаи маршировкаҳои донишҷӯён зери офтоби гарм як намунаи ин аст, ки барои мақомот пандемия гуё хатари ҷиддӣ нест, муҳим, ки шукӯҳу шаҳомати маъракаи давлатӣ риоя шавад”, -- гуфт як хабарнигори расонаи давлатӣ, ки духтараш дар ин маршировкаҳо иштирок мекунад.

Омори афзоянда, вале ҳамоно шубҳаовар

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 15 ҳазор кас гузаштааст. Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки танҳо рӯзи 31-уми июл 78 мавриди бемориро сабт карданд.

Ба иттилои расмӣ, аз оғози эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир дар Тоҷикистон 121 кас ҷони худро аз даст додаанд. Вале бархе мегӯянд, омори воқеии гирифторону қурбониёни вирус метавонад ба маротиб баландтар бошад, чун ҳолатҳои пинҳон кардани иттилои воқеиро шоҳид шудаанд.

XS
SM
MD
LG