Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Афғонистон: Умедвории мо аз Тоҷикистон зиёд нест, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. ВИДЕО


Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ, шаҳри Душанбе, 25-уми августи 2021
Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ, шаҳри Душанбе, 25-уми августи 2021

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, кишвараш дар баробари "Толибон" шикаст нахӯрда, балки "дар як созиши пинҳонӣ ба ин гуруҳ таслим карда шуд".

Ӯ рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мухолифони “Толибон”, ки бо раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Панҷшер ҷамъ шудаанд, ягон хости шахсӣ ё қавмӣ надоранд ва талабҳояшон барои кулли Афғонистон аст. “Дар шароити ҳозира намехоҳем, ки Тоҷикистон худро дар мушкили Афғонистон ворид кунад”, -- афзуд сафир.

Дунё бисёр кӯчак шудааст. Ҳеч кас наметавонад аз афкор ва созмони худ дифоъ бикунад, балки дурбинҳо бисёр зуд ҳама чиро мегиранд. Он чизе, ки "Толибон" ба унвони афви умумӣ эълон карданд, феълан мушоҳида намекунам.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар аввал шарҳи вазъи феълии Афғонистонро пурсиданд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Фикр мекунам, Афғонистон суқут накарда, балки Афғонистонро суқут доданд. Афғонистон дорои як урду (артиш)-и муназзами таълимёфтае буд, ки аз лиҳози таҷрибаи низомӣ назираш дар минтақа камтар буд. Беҳтарин кадрҳое, ки тавассути Амрико ва НАТО тарбия шуда буд, дӯш ба дӯши ҷомеаи байналмилалӣ тавонистанд, ки муқобила бикунанд ва дар баробари терроризм истодагарӣ кунанд. Бо таассуф, вазъият якбора ба шакле омад, ки “Толибон” тавонистанд, вориди Кобул шаванд ва вилоятҳоро ба осонӣ суқут диҳанд. Ин масъала чанд далели хоси худро дошт. Далели аввал роҳбарияти гузаштаи Амрико як маҷмӯаро бисёр ба соддагӣ аз як рӯйкарди низомӣ ба чеҳраи сиёсӣ табдил сохт."

"3-4 рӯз пеш шиорҳои бисёр оташинро сар доду..."

Радиои Озодӣ: Манзуратон гурӯҳи "Толибон" аст?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Ҳадафам "Толибон" аст. Масъалаи дувум, нерӯҳои амниятии Афғонистон бар асоси салиқаи ашхосу афрод дизайн шуд. Шахсоне, ки таҷрибаи ҷанг надоштанд, касоне, ки аз низомигарӣ чизе ёд надоштанд, намефаҳмиданд, инҳо тавзиф (соҳибвазифа) шуданд. Беҳтарин ва ботаҷрибатарин генералҳо аз саросари Афғонистон, на марбут ба як қавм, бартараф ва хонанишин шуданд. Дар ҳоле ки тавон ва қудрати корро доштанд. Ин масъала сабаб шуд, ки аз диди ман дар як созише бидуни ҷанг аксари вилоят таслим шуданд."

Радиои Озодӣ: Созиш миёни киҳо?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Хидмататон арз мекунам. Бидуни ҷанг аксари вилоятҳо, қумандонҳои қулурду ва ашхоси баландпояи низомӣ ҷанг накарда, таслим шуданд. Дар ҳоле ки дар суфуф размандагони урдуи миллии Афғонистон бо шаҳомат ва ифтихор размидаанд ва интизори роҳбарии худро доштанд. Бо таассуф, ки роҳбарӣ вуҷуд надошт. Ҳамчунин, фирори доктор Ашраф Ғанӣ бе назардошти ин ки бо кобиннаи худ ва бо мардуми Афғонистон машварат кунад, сурат гирифт. Дар ҳоле ки 3-4 рӯз пеш шиорҳои бисёр оташинро сар доду гуфт, шоҳ Амонуллоҳон фирор карда буд, вале ман ҳаргиз фирор намекунам. Ҷаноби доктор Ашраф Ғанӣ вақте ки қаблан планшуда фирори худро тартиб медиҳад, дар ҳоле ки ҳеч як аз масъулини ҳукуматӣ дар ҷараён намебошанд. Ва ин сабаб шуд, ки “Толибон” омада, Кобулро ишғол кунанду ба истилоҳ минтақаҳои бештари Афғонистонро бигиранд. Бадбахтона, раиси ҷумҳури мо мафқуд (нопадид) шуд ва муовинаш эълон кард ва феълан ҷойнишин аст. То ба ҳол ҷомеаи байналмилалӣ “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст ва онҳо натавонистанд ташкили ҳукумат бидиҳанд. Умедворам, шароите, ки феълан дар Афғонистон ҳукмфармо аст ва он чизе, ки “Толибон” эълон карданд – афви умумӣ ва додани ҳаққу ҳуқуқ ба инсонҳо ва ҳаққи зистан дар дохили Афғонистон – мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ риоят бикунанд ва як ҳукумати фарогирро эҷод кунанд. Ҳукумате, ки тамоми мардуми Афғонистон худро дар он ҳукумат бубинанд. Ҳукумат ба ин маъно не, ки чанд вазоратро ба кӣ диҳем. Ҳукумате, ки дар онҷо ақидаи инсон таҳқир нашавад, раъйи инсон мафқуд (нопадид) нашавад, озодиҳои баён зери суол қарор нагирад, то мо тавонем ҳам бо дунё зиндагӣ кунем ва ҳам байни худ зиндагӣ кунем."

Порае аз суҳбати сафирро дар барномаи "Ахбори Озодӣ" дар Ютюб бинед:

Радиои Озодӣ: Нагуфтед, ки созиш барои суқути шаҳрҳои Афғонистон миёни киҳо буд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Ман ин созишро мутлақ рабт медиҳам ба доктор Ашраф Ғанӣ."

Радиои Озодӣ: Яъне, ба фикри Шумо, Ашраф Ғанӣ бо "Толибон" созиш дошт?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Комилан ин планшуда будааст, қумандонҳои бисёр барҷастае, ки робитаи мустақим бо доктор Ашраф Ғанӣ доштанд, таслим шуданд."

Радиои Озодӣ: Ҳадафашон аз ин кор чӣ буд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Он ҳадаф оҳиста-оҳиста маълум мешавад, ки чӣ ҳаст. Тарҳи сулҳро зери суол қарор доданд, тавонистанд бо теъдоди андаке ва бо миқдори зиёди имконоти иқтисодӣ худро бикашанд ва дар як кишвари дигар ҷобаҷо шаванд."

Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед:

"Ҳоло намехоҳем, ки Тоҷикистон худро дар мушкили Афғонистон ворид кунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:52 0:00

"Афғонистон холӣ шудааст"

Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳои наздик хабарҳо дар бораи поккориҳои қавмӣ, куштори дастҷамъона, поймол шудани ҳуқуқи занон, таъқиби рӯзноманигорон аз Афғонистон мерасанд. Ин хабарҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Дунё бисёр кӯчак шудааст ва ҳеч кас наметавонад аз афкор ва созмони худ дифоъ бикунад, балки дурбинҳо бисёр зуд ҳама чиро мегиранд. Он чизе, ки "Толибон" ба унвони афви умумӣ эълон карданд, феълан мушоҳида намекунам. Орзумандам, ки "Толибон" хатоҳои гузаштаро такрор накунанд. Як тавофут омадааст, ки дар бисёр чиз даст намезананд. Вале бисёр чизҳоро даст мезананд. Ин тавр нест, ки хонаҳои мардум феълан талошӣ мешаванд, занҳо аз кор монеъ шуданд, журналистон тамоми вазифаҳои худро тарк карданд, мутахассисон Афғонистонро тарк мекунанд. Оё "Толибон" мошини ҳукуматдории худро бо кадом ашхосу афроде, ки тавонмандии корро дошта бошанд, пеш мебаранд? Бо таассуф, ки Афғонистон холӣ шудааст. Шумо метавонед, мушоҳида кунед барномаи телевизионҳои “Тулуъ”-ро, ки дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст. Тавофути барномаҳои феълӣ ва як моҳ пешро мушоҳида кунед, бархурди “Толибон”-ро аз онҷо мушоҳида мекунед."

Лаҳзае аз суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар
Лаҳзае аз суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар

"Ҷабҳаи муқовиматро хурд насозед"

Радиои Озодӣ: Нерӯҳое, ки дар Панҷшер ҷамъ омадаанд, чӣ хоҳанд кард? Оё “Толибон” ин минтақаро зери назорат гирифта метавонанд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Ба унвони сафири Афғонистон ин масъаларо ба ду бахш тақсим мекунам.

  • Як, рисолати муовини аввали раиси ҷумҳурӣ оқои Амруллоҳ Солеҳ, ки мусалламан кӯтоҳмуддат аст.
  • Ду, рисолати Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, рисолати ӯ бештару бузургтар аст. Чун ҷавон аст.

Таҷаммӯе, ки дар Панҷшер сурат гирифтааст, ба унвони ҷанг нест, балки ба унвони дифоъ аст. Онҳо хостҳои шахсӣ барои Панҷшер ва панҷшериён надоранд. Онҳо хостаи шахсие аз адреси як қавму як миллият надоранд, балки хостҳои бузурге барои Афғонистон доранд. Орзумандам, ба он хостаҳои бузурге, ки тамоми хостаҳои мардуми Афғонистонро тамсил мекунанд, ба ӯ “Толибон” тамкин кунанд ва аз тариқи музокира масъаларо ҳал кунанд. Агар тасаввур ин бошад, ки бо зӯр, он тавре ки сухангӯи “Толибон” мегӯяд, мо вақт медиҳем, онҳо метавонанд таърихи Афғонистонро аз дигарон бипурсанд. Таърихи ҳар маҳалли Афғонистонро, ки дар баробари ҳар мутаҷовиз истодагӣ карда, мубориза карда, онҳо мутолиа кунанд."

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир хеле кӯтоҳ мегуфтед, ки чӣ хостаҳое дар миён аст? Панҷшериҳо чӣ мехоҳанд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Шумо Ҷабҳаи муқовиматро, ки мисли гузашта талвори шимол мегуфтанду туфангсолор мегуфтанд, хурд насозедаш. Ин муқовимат муқовимати мардуми Афғонистон аст. Ман бо фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон суҳбат доштам ва мехостам, бигӯям, чӣ кореро барои худат карда метавонам. Аслан тасаввур намекардам, ки ин ҷавон ба ман ин қисм хитоб мекунад, дар ҳоле ки як соат пеш 3-4 касе бо ман иртибот гирифтанд ва ёрӣ мехостанд. Онҳо бузургтарин ва бомансабтарин дар низоми Афғонистон буданд. Писари Аҳмадшоҳ Масъуд на вазир буд, на генерал буд, на сафир буд ва на аз ҳукумат маош мегирифт, балки бо эҳсосе, ки аз падар ирс бурда, гуфт, ман меравам байни мардуми худ ва аз Афғонистон дифоъ мекунам."

"Ин таҳдиди бузург барои ҳама аст"

Радиои Озодӣ: Толибон идораи панҷ улусволӣ ё ноҳияро дар марзи Тоҷикистон ба гурӯҳи террористи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" доданд. Ба назари Шумо, ҳадаф чӣ буда метавонад?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Дар аввалин тафоҳумномае, ки “Толибон” бо амрикоиҳо доштанд, яке аз бандҳои тафоҳумнома ин будааст, ки ба гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҷой намедиҳем. Яке аз хостаҳои машрӯи муқовимат ҳамин аст, ки мо Афғонистонро тахтаи хези ҷангҷӯёни кишварҳои дигар бояд қарор надиҳем. Мо аз одамрабоён, аз қочоқчиён набояд дифоъ кунем. “Толибон” ин гуна ваъдаро додаанд ва умедворам, ки ин ваъда дар амал иҷро шавад.”

Радиои Озодӣ: Оё дар ин бора иттилое доред, ки “Толибон” назорати минтақаҳои марзиро бо Тоҷикистон ба дасти аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” додаанд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Ман дар бисёр чизҳо шак надорам. Боз ҳам такрор мекунам, ки ин таҳдид таҳдиди бузург аст барои ҳамагӣ.”

Радиои Озодӣ: Толибҳо бо ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гуруҳҳои террористӣ чӣ равобит доранд? Онҳо ҳама гуна равобитро рад мекунанд, далел чист, ки гуфта мешавад, дар робитаанд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Ҳеч кас чизеро рад карда наметавонад. Инҳо аз лиҳози фикрӣ яке ҳастанд, сохторашон тақрибан яке аст, байрақҳояшон дар баъзе ҷойҳо як аст, шиор ва амалкардашон яке аст. Вале Толибон гуфтаанд, ки мо тааллуқоти худро бо «Ал-Қоида» ва ДОИШ ҷудо сохтем. Умедворам, ки чунин гапе шуда бошад ва инро замон посух медиҳад, ки оё чунин коре сурат гирифтааст ё не."

Радиои Озодӣ: Далелҳое доред, ки собит кунад, ки «Толибон» то ҳол бо гуруҳҳои террористӣ иртибот дорад?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Далелро замон ҷавоб медиҳад. Ҳамин ки Шумо аз ман суол мекунед, ки панҷ вулусуволӣ ба дасти касони дигар афтода, ҳатман иттилое доред. Бигзоред, замон бигзарад ва бинем, ки бархурди «Толибон» воқеан дар баробари гуруҳҳои террористӣ чӣ аст."

"Ҳеч вақт аз як бародари худ таваққӯи беҷое намекунем"

Радиои Озодӣ: Чанд ҳафтаи ояндаи Афғонистонро чӣ гуна тасаввур мекунед ва нишонаҳояш чистанд?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: "Афғонистон феълан дар як буҳрон қарор дорад. Як ҳафта баъд не, замони зиёдаш ба фикри ман ба ҳамин шакл идома пайдо мекунад. Агар мо ба як ҳукумати фарогир, ки дар онҷо тамсилкунандаи тамоми хостаҳои барҳаққи мардуми Афғонистон бошад, тааҳҳудоти байналмилалӣ вуҷуд дошта бошад, мо метавонем, ки як низоме дошта бошем, ки барои фардои Афғонистон муфид бошад."

Радиои Озодӣ: Таваққӯи Шумо аз Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ чист?

Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Ба он шакле, ки бародар аз бародар таваққуъ дорад, ба андозаи қудраташ таваққуъ мекунад. Мо ҳеч вақт аз як бародари худ таваққӯи беҷое намекунем. Мо ҳолу аҳволи Тоҷикистонро дарк мекунем, аҳволи ҳамсояҳои худро дарк мекунем. Мо ҳеч вақт намехоҳем, ки давлати Тоҷикистон дар мушкили Афғонистон худро дохил бисозад. Балки феълан вазъияти Афғонистон як вазъияти байналмилалист. НАТО, Амрико дар онҷо буд, урду сохтанд, миллиардҳо доллар аз пули молиётдиҳандагони Аврупо ва Амрико кумак шудааст. Биноан ин таваққуъро мо аз ҷомеаи байналмилалӣ дорем. Ҳама фаҳмад, ки вазъияти бади Афғонистон агар ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, домангири аксарияти кишварҳое мешавад, ки боз он вақт дарди мардуми Афғонистонро дарк мекунанд. Танҳо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа не. Мо фурӯ рехтани кохҳои Амрикоро дидем, инфиҷор ва интиҳориҳоро дар кишварҳои мухталиф дидем. Умедворам, ки дар ин робита дунё таваҷҷуҳ кунаду нагузоранд, ки дар Афғонистон боз хонаҷангиҳо дубора оғоз шавад, балки ба тарафи тарҳи сулҳ равад.”

XS
SM
MD
LG