Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд пас аз иддаои ишғоли Панҷшер гуфт, "дар ҷойи амн" аст ва мардумро ба "қиём" хонд


Аҳмад Масъуд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо Толибон, пас аз иддаои ин гуруҳи тундрав, ки Панҷшерро ишғол кардааст, ба мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ паём дод.

Вай 6-уми сентябр аввал дар Твиттер навишт, ки “дар ҷойи амн аст” ва сипас дар паёми садоӣ гуфт, “гуруҳи Толибон шаби гузашта ҳамлаҳои густардаи худро болои миллату мардуми мо шуруъ кард ва боис ба кушта шудани теъдоди зиёде аз мардум, аз ҷумла хонаводаи ман шуд.”

Генерал Абдулвадуд Зарра ва рӯзноманигори шинохта Фаҳими Даштӣ, ки рӯзи 5-уми сентябр дар Панҷшер кушта шуданд, аз пайвандон ва шахсони наздики Аҳмад Масъуд буданд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон гуфтааст, ин мавридҳо сабаб намешаванд, ки аз идомаи мубориза даст бардоранд. “Набард то охирин нуқта, то охирин лаҳза, то озодии Афғонистон ва пирӯзии мардум идома хоҳад дошт”, -- афзудааст ӯ.

Аммо Аҳмад Масъуд дар паёмаш ба сарнавишти Панҷшер ва иддаои Толибон дар бораи ишғоли ин вилоят ҳеч ишора накард. Ин дар ҳолест, ки Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, субҳи 6-уми сентябр дар изҳороте гуфт, Панҷшер зери назорати комили онҳо аст. Муҷоҳид гуфт, “бо ин пирӯзӣ кишвари мо комилан аз ботлоқи ҷанг халос хоҳад шуд”.

Рӯзи гузашта Аҳмад Масъуд "бо назардошти муроҷиати уламо хостори сулҳ ва гуфтушунид шуд", ба шарте ки Толибон ҳамлаҳои худро ба Панҷшер қатъ кунад, аммо Толибон напазируфт.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, “ҳамлаи дирӯз ба таври возеҳ нишон дод, ки нерӯҳои бегона дар канори Толибон ва дар муқобили миллати Афғонистон қарор доштанд ва ҳанӯз ҳузур доранд”, вале аз ҳеч кишваре ном набурд.

Расонаҳои ҳиндӣ рӯзи душанбе гузориш доданд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба дараи Панҷшер ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд.

Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар робита ба ин хабарҳо посух надодааст, аммо чанд рӯз боз генерал Файз Ҳамид, раиси Созмони истихбороти Покистон ё ISI дар Кобул ба сар мебарад.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар охир аз мардуми Афғонистон дар дохилу хориҷ хостааст, ба зидди ҷангҷӯён "қиём" кунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "иттифоқҳое, ки ҳоло рух медиҳанд, тасвири хурде аз ояндаи Афғонистон ҳастанд. Ин тасвир он аст, ки Афғонистон ақибмонда бошад, дур аз фарҳангу ҳунар, иттиҳоду иттифоқ ва Афғонистоне, ки дар инзивои сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошта бошад.”

Гуруҳи Толибон пас аз тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ дар Афғонистон рӯзи 15-уми август дигарбора назорат бар ин кишварро ба даст гирифт. Ин гуруҳи тундрав бо гузашти се ҳафта ҳукумати нави худро эълон накардааст, ҳарчанд қавл додааст, ҳукумати “ҳамашумул” ташкил карда, озодии занону расонаҳоро дар чаҳорчӯби шариат иҷозат медиҳад.

"Фурсати ғалати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Толибон боис шуд, онҳо ҳам ҷуръати сиёсӣ пайдо кунанд ва ҳам ба дунё нишон диҳанд, ки тағйир кардаанд. Толиб ба ҳеч унвон тағйир накарда, балки золимтар ва ифротитар шудааст”, -- мегӯяд Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар паёмаш рӯзи 6-уми сентябр.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG