Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Панҷшер, сарбурии толибҳо, "рустои ҷиҳодиҳо" ва нигоҳи Тоҷикистон ба Афғонистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ


Рӯйдодҳои ахири Афғонистон ба мавзӯи саҳифаи аввали расонаҳои ҷаҳон табдил ёфтаанд. Дар бисёре аз онҳо ҳангоми бозтоби таҳаввулоти Афғонистон ва ба қудрат расидани "Толибон" номи Тоҷикистон ва мавзеъгирии он ҳам зикр ва баррасӣ мешавад.

Guardian: Ҳушдор аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар Панҷшер

Нашрияи бритониёии Guardian аз эҳтимоли фоҷиаи башарӣ дар дараи Панҷшер ҳушдор дода, менависад, ба иллати идомаи муҳосира аҳолии он ба камбуди хӯрок ва дору рӯбарӯ шудаанд. Маҳбуба Ровӣ, раҳбари созмони хайрияи австралиягии “Ваъдаи Маҳбуба” ба нашрия гуфтааст, ҳазорон нафар дар тарсу бим ва номуайянӣ ба сар мебаранд.

“Одамон дар дохили водӣ дармондаанд, на ғизо доранд, на барқ, на алоқа. Ин як буҳрони башарӣ аст ва хатари наслкушӣ вуҷуд дорад,” - гуфтааст Ровӣ.

New York Post: Толибон ба дараҳои Панҷшер бо ҳарос менигаранд

Хабарнигори New York Post аз дохили Панҷшер гузориш додааст, ки ин ҷо танҳо "Толибон" ва чанд оила аз аҳолии бумиро дидааст, ҳамаи бозорҳо баста, кӯчаҳо беодаманд ва ҳамсуҳбатони хабарнигор мегӯянд, мардум дар кӯҳу дараҳо паноҳ бурдааст. Толибон ба ин ҷо 8000 ҷангӣ оварда, дар чанд маҳалли водии Панҷшер посгоҳҳо гузоштаанд. Онҳо ба мардум муҳлат додаанд, ки баргарданд ва силоҳи худро супоранд, дар акси ҳол кушта мешаванд.

Нашрия меафзояд, Толибон аз эҳтимоли ҳамлаи нерӯҳои муқовимат таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ҳарос доранд, вале ба панҷшериҳои гуреза дар кӯҳу дара буҳрони хӯрокворӣ ва сармо таҳдид мекунад.

FNA: Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст

Хабаргузории Fars News Agency, ки берун аз Эрон фаъолият мекунад, рӯзи 11 сентябр ба нақл аз манобеи худ иттилоъ додааст, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамоно дар Панҷшер аст ва нерӯҳои ӯ бархилофи эълони "Толибон" ҳамоно 70 дарсади водиро таҳти назорат доранд.

Қосим Муҳаммадӣ, яке аз наздикони Масъуд ба FNA гуфтааст, хонаводаҳои зиёде манзили худро дар Панҷшер тарка кардаанд.

Washington Examiner: Толибон сарбуриро дар видео ҷашн гирифтанд

Ин нашрия як видеоро дастрас кардааст, ки дар он шаш "толиб" сари як сарбози артиши Афғонистонро мебуранд ва аз мӯйҳояш онро боло бардошта, хитоб мекунанд: "Аллоҳу акбар! Зинда бод амиралмӯъминин Мулло Ҳибатулло Охундзода!" Нашрия мегӯяд, видео як ҳафта пеш нашр шуда, ҷойи воқеа дақиқ нест.

Washington Examiner менависад, ин дар ҳолест, ки "Толибон" ваъда карда буданд, ба интиқомҷӯӣ роҳ намедиҳанд. Як видеои дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки дар он толибҳо дар Панҷшер як нафарро дар пеши чашми мардум мепаронанд ва марди дигарро пешандоз мекунанд.

Diplomat: Нақши Тоҷикистонро кам набинед

The Diplomat навиштааст, нақши Тоҷикистонро дар буҳрони Афғонистон кам набинед. Дар ин таҳлил омадааст, ҳарчанд Тоҷикистон кишвари хурде бо иқтисоди заиф аст, аммо марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, мизбонии пойгоҳи азими Русия ва робитаҳои наздики тоҷикони ду тарафи марз абзори муҳиме дар дасти Тоҷикистон аст, ки метавонад бо истифода аз онҳо сиёсати шарикони бузургу азимаш ба мисли Русияро ба зидди "Толибон" шакл диҳад.

Ба навиштаи The Diplomat, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса Эмомалӣ Раҳмонро маҳз барои мухолифати ошкораш ба зидди "Толибон" ба Париж даъват кард. Барои ҳамин, ба гуфтаи муаллифи матлаби таҳлилӣ, беэътиноӣ ва ё ба инобат нагирифтани таъсири Тоҷикистон ба Афғонистон кори дурусте нест.

Дар матлаб омадааст: “Кишварҳои хурд аксар вақт абзорҳое доранд, ки онҳоро ба бозигарони муҳиме барои шарикони бузургашон табдил медиҳанд ва бахусус дар марҳилаҳои фавқуллода".

Ҳамзамон Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ менависад, Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қабули паноҳандагон аз Афғонистон сахтгир ва камҳавсала ба назар мерасанд.

Рустои ҷангҷӯён

Нашрияи бритониёии Guardian дар бораи як рустое дар Афғонистон навиштааст, ки онҷо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” зиндагӣ мекунанд. Дар ин мақола аз нақли ҳамсари як ҷангҷӯ, ки ба Узбекистон баргаштааст, навиштаанд, дар ин деҳа аъзои ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ зиндагӣ мекунанд ва дар байни онҳо тоҷикони зиёде ҳам ҳастанд, ки аз Сурияву Ироқ гурехта омадаанд.

Ба гуфтаи муаллифи мақола, мақомот дар Тоҷикистон нигаронанд, ки "Толибон" ба ҷангҷӯёни ДОИШ иҷоза медиҳад, ки дар марз бо Тоҷикистон озодона фаъолият кунанд, то ба кишвар роҳ ёбанд. Дар гузориш омадааст, ки фирор аз ин рустои ҷангҷӯён, ки онҷо занони русу тоҷику узбек низ ҳастанд, сахт аст. Муаллиф мисол овардааст, ки чӣ гуна ДОИШ-иён ду зани тоҷикро, ки байни ҳам дар бораи фирор аз русто суҳбат мекарданд, ба қатл расониданд.

Ба нақли ин ҳамсари собиқи ҷангҷӯйи ДОИШ: “Ду зани тоҷикро бо тири туфанг куштанд, чун онҳо дар бораи фирор суҳбат кардаанд. Онҳо қатлро дар байни деҳа иҷро карданд. Занҳоро дар лаби дарё тир заданд ва ҷасадҳояшонро ба об андохтаанд. Ҳамаи занҳо бояд онро тамошо мекарданд."

BBC: Авзоъ дар инҷо бисёр бад аст

Матолиби зиёде дар бораи вазъи зиндагии мардуми Афғонистон ҳаст, ки чӣ гуна сахтӣ мекашанд ва одамони зиёде ба ёриҳои фаврӣ, ба мисли ғизову дору эҳтиёҷ доранд.

Би-би-сӣ дар матлабе қиссаҳои чанд сокини шаҳрҳои гуногуни Афғонистонро ҷамъ овардааст. Аз ҷумла, суҳбате ҳаст бо Абдул, як табиб аз Бадахшони Афғонистон, ки гуфтааст, “авзоъ дар инҷо бисёр бад аст, рафтори “Толибон” ҳамонгуна ки буд, мондааст ва онҳо ҳеч тағйире накардаанд.”

Ӯ тасвири шифохонаеро фиристодааст, ки “Толибон” онро посбонӣ мекунанд ва дар дохилаш тифли лоғари якунимсолае хоб аст ва модараш илтиҷо дорад, ки кӯдакашро аз марг наҷот диҳанд. Ба қавли Абдул, ин модар пуле барои хӯрондани кӯдаконаш надоштааст ва рӯз то рӯз теъдоди кӯдакони гурусна зиёд мешавад.

Ба гуфтаи Созмони Милал, мумкин аст, соли оянда нисфи кӯдакони то 5-сола дар Афғонистон гуруснагӣ бикашанд. Дар ин гузориш омадааст, ҳарчанд фақру камбизоатӣ дар Афғонистон то омадани "Толибон" ҳам бедодгарӣ мекард, бо омадани онҳо нархи хӯроку маводи сӯхт боло рафтааст. Кормандони ҳукумат, ки ҳоло бекор мондаанд, намедонанд, кай музди корашонро мегиранд.

Нақли як марди дигари афғон аз шаҳри Ҳирот низ бисёр ғамангез аст. Ин мард, ки худро Гул муаррифӣ кардааст, пас аз бозгашт аз бозоре ба Би-би-сӣ гуфтааст, “дар кӯчаҳо дигар одамони сарватманд ва ё зану духтареро намебинед, чун ҳамаашон аз “Толибон” метарсанд.” Ҳамсари ӯ Афсун маҷбур аст, ки дигар бурқа бар сар кунаду танҳо аз хона берун наояд.

Гул гуфтааст, бо ин шароит намедонад ояндаи духтараш чӣ мешавад, аз ин рӯ умедвор аст, рӯзе Афғонистонро тарк мекунаду "ба Амрико, Олмон, Фаронса ва ё ҳар ҷойи дигар меравад."

Нашрияи New Europe ҳушдор медиҳад, ки рӯйдодҳои Афғонистон сабаби фирори сармоягузорони хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ мешавад.

The National Interest бо бознашри хабари Радиои Озодӣ дар бораи тақдими ҷоизаҳои баланди давлати Тоҷикистон ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддин Раббонӣ мегӯяд, ин ду чеҳраи таърихӣ барои тоҷик буданашон аз тарафи давлати Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд. “Вале бо таъкид бар ақаллиятҳои миллӣ президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз зарурати эҳтироми ҳуқуқи узбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳо ва дигар ақвоми Афғонистон садо баланд кардааст”, - навиштааст нашрия.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG