Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз панҷ соли сардӣ. Раҳмон бо Раисӣ аз чӣ гуфтанд?


Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқот доштанд
Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқот доштанд

Баъд аз панҷ соли сардӣ дар равобити Душанбе ва Теҳрон, раиси ҷумҳури Эрон аз оғози фасли тозаи ҳамкориҳо хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқот доштанд ва аз тавофуқ барои афзоиши додугирифти иқтисодӣ хабар доданд. Созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон яке аз санадҳои дигари имзошуда буд. Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 ба ин тараф муносибати бисёр сард доштанд ва тиҷорати ду кишвар ба поинтарин сатҳи худ расида буд.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури исломии Эрон баъд аз дидор бо ҳамтои тоҷикаш дар назди хабарнигорон гуфт, додугирифт бо Тоҷикистон бо назардошти зарфиятҳое, ки вуҷуд дорад, "қобили қабул нест ва бояд бештар шавад." Дар як соли гузашта додуситади байни ду кишвар ҳамагӣ 24 миллион долларро ташкил додааст. Акнун тарафҳо эълом доштанд, ки ин ададро ба 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, кишвараш хоҳони густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо Эрон аст. Вай аз таҳияи як барномаи дарозмуддати иқтисодӣ бо Эрон хабар дод, ки то соли 2030-ро дарбар мегирад.

Давлати Тоҷикистон соли 2015 Ҷумҳурии исломии Эронро ба дастгирии Ҳизби дар кишвар мамнуи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин қатли чеҳраҳои саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам намуд. Вале мақомоти эронӣ ин ҳамаро рад карда карда буданд.

Иброҳим Раисӣ рӯзи 18-уми сентябр дар ҳузури хабарнигорон чанд маротиба аз "оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар" суҳбат кард. Вале ӯ ва ҳам ҳамтои тоҷикаш дар бораи сабабҳои ба поинтарин сатҳ расидани муносибати ду кишвар мушаххасан чизе нагуфтанд. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳо дар бахши амният гуфт.

Роҳбарони Тоҷикистону Эрон гуфтанд, яке аз мавзуъҳои асосии суҳбаташон вазъи Афғонистон ва нигарониҳо аз ин кишвар аст. Ҳардуи онҳо ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид карданд, ки "намояндагони ҳама қавм ва гуруҳҳо дар он ҳузур дошта бошанд." Иброҳим Раисӣ гуфт, агар давлати ояндаи Афғонистон марбут ба як қавм ё гуруҳи сиёсӣ бошад, наметавонад масъалаҳои ин кишварро ҳал кунад.

Раиси ҷумҳури исломии Эрон рӯзи 16-уми сентябр бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омада буд. Дар ин ҷаласа раванди қабули Эрон ба узвияти ин созмон оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми сентябр дар поёни дидораш бо Иброҳим Раисӣ гуфт, Тоҷикистон аз узвияти Эрон дар СҲШ ҷонибдорӣ кардааст. Ҳарчанд солҳои қабл Душанбе мухолифи ҳузури Теҳрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буд.

Мақомот гуфтанд, баъд аз гуфтугӯи роҳбарони Тоҷикистону Эрон миёни ду кишвар ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, муҳимтарини он созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон буд. Ҳафт санади дигар асосан ёддошти тафоҳум буданд. Ҷузъиёти созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон ҳанӯз дастрас нест.

Дар назар аст, ки Иброҳим Раисӣ баъди дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб рафта, мазори Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кунад. Сафари Раисӣ ба Тоҷикистон аввалин сафари хориҷии ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳури исломии Эрон аст.

XS
SM
MD
LG