Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисӣ аз "фасли нав" дар муносибати Эрону Тоҷикистон гуфт


Иброҳим Раисӣ
Иброҳим Раисӣ

Раиси ҷумҳурии Эрон баъди бозгашт аз Тоҷикистон ба кишвараш гуфт, "фасли наве дар равобити иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе оғоз шуд".

Иброҳим Раисӣ дар суҳбат бо хабарнигорон рӯзи 18-уми сентябр аз "мушкилоти гузашта" гуфт, аммо шарҳ надод, ки он бар сари чӣ буд. Аммо афзуд, "дар нишастҳои мухталиф ва бавижа нишастҳои тахассусии вузарои муҳтарам бо вазирони тоҷикистонӣ, қарор шуд, ин фасли ҷадид мушкилоти гузаштаро ҳал бикунад."

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 Ҷумҳурии Исломии Эронро ба пуштибонӣ аз Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли чеҳраҳои саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Мақомоти Эрон ин ҳамаро рад карда буданд.

Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар сафари нахустини хориҷияш рӯзи 16-уми сентябр бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омад. Дар ин ҷаласа раванди қабули Эрон ба узвияти ин созмон оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми сентябр дар поёни дидораш бо Иброҳим Раисӣ гуфт, Тоҷикистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷонибдорӣ кардааст. Ҳарчанд солҳои пеш Душанбе мухолифи ҳузури Теҳрон дар созмон буд.

Мақомот гуфтанд, баъд аз гуфтугӯи роҳбарони Тоҷикистону Эрон миёни ду кишвар ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини он созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон буд. Ҳафт санади дигар асосан ёддошти тафоҳум буданд. Ҷузъиёти созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон ҳанӯз дастрас нест. Дар як соли гузашта додуситади байни ду кишвар ҳамагӣ 24 миллион долларро ташкил додааст. Акнун тарафҳо эълом доштанд, ки ин ададро ба 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG