Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси озори ҷинсӣ. “Бадахлоқӣ” ба “зӯроварии шаҳвонӣ” иваз шуд. ВИДЕО


Алишер Зарифӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо модари ҷабрдида

Додгоҳи олиии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳия Рӯдакӣ нисбат ба як ҷавони 18 соларо, ки барои “ҳаракати бадахлоқона” нисбат ба ноболиғе гунаҳкор дониста мешуд, бекор кард ва парвандаи ӯ бо айби “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" аз нав баррасӣ мешавад.

Соли гузашта модари як ноболиғ даъво кард, ки писараш аз ҷониби ҷавоне таҷовуз шудааст. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ арзи ӯро баррасӣ кард ва ҷавони 18-соларо танҳо барои “ҳаракати бадахлоқона” ба 160 соат кори ислоҳӣ маҳкум намуд.

Модар писарашро таҷовузшуда медонад, падар не

Пас аз шикоятҳои ҷониби ҷабрдида, Додгоҳи олӣ ин қарорро бекор кард ва бо гумони “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" парванда боз намуд, ки то 20 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Иттилои марбут ба ҳувияти шахси айбдоршаванда ва ҷабрдида дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале бо далелҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ нашр намешаванд.

Модари ноболиғ писарашро ҷабрдида медонад, вале падари ӯ мегӯяд, писараш таҷовуз нашудааст. Дар оғози баҳс ин зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуданд. Зан мегӯяд, писари гумонбар дар озори ҷинсӣ хеши шавҳараш аст ва ба ин хотир падар писарашро ҳимоят намекунад.

Падари ноболиғ барои ин гуфтаҳо далелҳои худро дорад. Ӯ рӯзи 17-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш нисбати ноболиғ “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ"-ро анҷом надодааст ва пешбинии муҷозоти сангин одилона нест.

"Далелҳое, ки мо пешниҳод кардем, ба назар нагирифтанд, экспертизаи тиббӣ тоза баромад, ба назар намегиранд. Бачаи ман муддати ду моҳ мешавад, дар СИЗО маҳкам аст",--афзуд, падари айбдоршаванда.

Модари ҷабрдида, ки аз ҳукми қаблии додрас норозист, мегӯяд, "моҳҳои май-июни соли гузашта писараш дар чанд ҳолат аз сӯи ҷавон мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта буд".

Ӯ афзуд, ки ҷавон ҷазои муносиб нагирифт, бино бар ин, аз болои ҳукми додгоҳи зинаи поёнӣ шикояти такрорӣ бурдааст.

Баҳси хусумат ва номус

Ҷонибҳои баҳс пайванди хешутаборӣ доранд. Падари айбдоршаванда иддао дорад, ки модари ноболиғ бо хонаводаи онҳо хусумат дорад ва бино бар ин, писари ӯро туҳмат кард: "Якуним сол пеш ҳамроҳи оилаи ман хусумате дошт. Ҳамсояи дар ба девор ҳастем, духтари холаи оилаам мешавад. Ҷангу ҷанҷол шуд, ҳамин гапро қапида, ба ҳама ҷо даъво бурдааст".

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чунин иддаоро модари ноболиғи 13-сола беасос хонда, таъкид кард, ки нисбати онҳо хусумате надорад ва баръакс аз ҳаққи писараш ҳимоят мекунад.

Дар қарори Додгоҳи олӣ далели бекор кардани ҳукми додгоҳи Рӯдакиро тафтиши нопурра ва ба назар нагирифтани баъзе ҷузъиёти қазия ҳангоми содир намудани ҳукм гуфтаанд.

Радиои Озодӣ охири соли гузашта аз ин қазия гузориш дода буд. Он замон модари писари ҷабрдида нақл кард, ки пас аз шикояташ ба пулис шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд. Ҳоло ӯ намехоҳад дар бораи ин қазия бештар суҳбат кунад.

Шавҳари собиқи ин зан фарзандашро ҷабрдида намеҳисобад ва таъкид мекунад, ки пофишории модари кӯдак боиси азҳампошии оилааш гардид.

"Агар воқен ҳам ин кор мешуд, ман худам шикоят мекардам, аммо ин кор нашудааст. Фарзанди ман бегуноҳ аст, фарзанди вай ҳам, ки ҳоло дар ҳабси пешакӣ аст, гуноҳ надорад. Мо гуфтем, ҳамин фарзандонамон гуноҳе надоранд, чӣ лозим даъво барему онҳоро назди атрофиён ангуштнамо кунем",--,гуфт, падари ҷабрдида.

Ин мард афзуд, ҳеҷ осори зӯроварии ҷинсиро дар бадани фарзандаш мушоҳида накардааст: "Он чӣ ки писарам мегӯяд, ҷавон ба ӯ дастдарозӣ кардаасту иҷборан ба вай расидааст, инро модараш ба ӯ нишон додааст. Беш аз як сол мешавад модараш ба бачаам иҷоза намедиҳад, ки ӯ маро бубинад, чун ҳамсари собиқам аз он ҳарос дорад, ки ҳарфҳои нишондодааш мабодо назди мо фош шавад".

Таърихи баҳс

Моҳи декабри соли гузашта модари наврас ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш аз сӯи ҷавон борҳо таҳдид шудааст, то ба касе чизе нагӯяд, вале дар бораи он ки ҷавон чӣ гуна нисбаташ амалҳои ношоистаро раво дидааст, ба модараш нақл кардааст. Ин зан он замон гуфта буд: "Як бегоҳӣ ҳоҷатхона даромада дигар ба зудӣ намебарояд, аз пушти дар гуфтам, бачаҷон баро охир мо ҳам таҳорат кунем, мегӯяд, оча маро қафоям дард мекунад. Пурсидам, ки шикамдард шудаӣ, не мегӯяд. Қоил нашуд чизеро, чун тарсаш додааст. Баъдан баромад, дидам, ки гиря дорад, оббозӣ даровардамаш, баъдтар наздам омаду гуфт, оча як чиз гӯям намезаним, ҷангам намекунӣ, гуфтам не, нақл кард, ки ҳамон писар дар ҳоҷҷатхонаи худамон ва такроран дар манзили бобоям маҷбуран шимамро поён карда, дар қафоям талаби шаҳвонияшро қонеъ кардааст, дар ҳолати дигар олоти мардонагияшро андохта, аз дард дод задам...".

Натиҷаи ташхиси судӣ-тибӣ дар бадани наврас осори зуроварии ҷинсии дорои хусусияти шаҳвонидоштаро тасдиқ накардааст. Адвокати ҷабрдида натиҷаи ин ташхисро беасос медонад.

Хулосаи се ташхиси суди-психологӣ нисбати ҷабрдида, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, натиҷаи ду тои он бо якеи дигар мухолифат мекунанд. Дар ду ташхис навишта шудааст, ки ноболиғ ҳангоми содир шудани ҳаракати зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт. Дар хулосаи як ташхиси дигари суди-психологӣ гуфта шудааст, ки "ноболиғ ҳангоми нисбати ӯ содир шудани ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонидошта дар ҳолати оҷизӣ қарор надошта, бо назардошти хусусиятҳои фардӣ, рӯҳи ва ҷисмонии худ замони нисбаташ раво дидани ҳаракатҳои зуроварии хусусияти шаҳвонидошта метавонист муқобилият нишон диҳад".

Ҳарду ҷониб худро ҳақ медонанд

Адвокати наврас дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ташхисҳои бо ҳам мухолиф аз сӯи психологҳое анҷом шудааст, ки дар донишгоҳҳои кишвар кор мекунанд ва онҳо тибқи қонун ҳаққи пешниҳоди хулосаи бардуруғро надоранд: "Дар масъалаи хулосаи ташхиси бардуруғ мо ба мақомот шикоят карданӣ ҳастем".

Адвокати ҷавони айбдоршаванда дар суҳбат ба Радиои Озодӣ зерҳимояи худро бегуноҳ дониста, таъкид намуд, ки ғайр аз нишондоди ҷабрдида дигар ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки гунаҳкории ӯро собит созад. Ӯ афзуд, ки парвандаи зерҳимояаш мунсифона тафтиш нашудааст ва дархостҳои ӯ барои тафтиши иловагӣ, аз ҷумла зери таъсири модараш қарор доштани наврас аз сӯи Шӯъбаи корҳои дохилии Рӯдакӣ ба назар гирифта нашуд.

Муҳаммадзоир Нозимов, муовини сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Рӯдакӣ нахост дар ин бора сӯҳбат кунад. Ӯ дар тамоси телефонӣ ҳангоми пешниҳоди савол гӯширо қатъ намуда, ба зангҳои батакрори мо дигар посух надод.

Дар назар аст, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии айборшаванда дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шавад. Адвокатҳои ҳарду ҷониб мегӯянд, барои асосонок намудани даъвоҳояҳои зерҳимояҳояшон дар даст далели кофӣ доранд.

Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Аз ҷумла, қазияи тавовуз ба номуси духтари 12-сола аз сӯи марди 32 сола дар Ҳисор аз мавзуъҳои пурбаҳс дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Мавзуъ замоне доғ ва бо танқидҳои сахти ҷомеаи маданӣ рӯ ба рӯ шуд, ки Додгоҳи Ҳисор гумонбарро аввал ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб доданд. Дар пай интиқодҳои зиёд, Додгоҳи олии ин ҳукмро бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст.

Дар аксар ҳолат ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак бар ин таъкид мекунад, ки мақомоти тафтишотию додгоҳӣ дар чунин баҳсҳои ҳассосе ба мисли озори ҷинсии ноболиғон бояд мунсифона амал кунанд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG