Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои зиндонии “Толибон” зиндонбони “Пули Чархӣ” шуданд. АКС


Дар зиндони "Пули Чархӣ" зиндониҳои пешин зиндонбон шудаанд

Зиндони "Пули Чархӣ", яке аз маҳбасҳои тарсноки Афғонистон, замоне макони нигоҳдории ҳазорҳо ҷангҷӯйи "Толибон" буд, ки аз сӯйи ҳукумат дастгир шуда буданд. Ҳоло ин гуруҳ аксар қаламрави Афғонистонро ба даст дорад.

Яке аз фармондеҳони “Толибон” рӯзи 13-уми сентябр бо ҳамсафонаш дар ҳуҷраҳои холии зиндони “Пули Чархӣ” гаштугузор карда, ҷойи нигаҳдории худро нишон медод. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ӯро тақрибан даҳ сол пеш дар вилояти шарқии Кунар боздошт карда, бо дастону чашмони баста ба зиндони “Пули Чархӣ” оварда буданд.

“Вақте он рӯзҳоро ба хотир меорам, худро хеле бад ҳис мекунам. Сиёҳтарин рӯзҳои зиндагии ман буд. Ҳоло хушбахтам, ки дар озодӣ ҳастам ва бе тарс ба ин ҷо омадам”, -- гуфт вай. Ба гуфтаи ин узви “Толибон”, ки 14 моҳ дар зиндони "Пули Чархӣ" буд, маҳбусон дар инҷо шиканҷа мешуданд.

Аксар сокинон дар Афғонистон ба монанди тамоми кишварҳои ҷаҳон баъд аз омадани “Толибон” дар ҳаросанд, ки ин гурӯҳ низому қоидаҳоеро, ки солҳои 90-ум, замони ҳукмронии пешинаи худ ҷорӣ карда буданд, дубора ба роҳ мемонанд. Ҳарчанд гурӯҳи “Толибон” ваъда додааст, ки "соатро ба ақиб барнамегардонад".

Ҳоло ҷангҷӯёни "Толибон" баъд аз ҷангҳои тӯлонӣ ҳушҳолӣ мекунанд. Баъзе аз онҳо, бори аввал ба биноҳои акнун холии зиндон ворид мешуданд. Онҳо як-як ба утоқҳои зиндон, ки ҳанӯз ҳам дар онҳо либосу зарфҳои оби зиндониҳои озодшуда монда буд, менигаристанд.

Яке аз ҷангҷӯён бо истифода аз фурсат пояфзоли кӯҳнаи худро бо як кафши пайдокардааш аз утоқи зиндон иваз кард. Дертар ӯ боз ҷуфти пояфзоли беҳтаре ёфта, дубора пояфзолашро иваз кард.

“Пули Чархӣ” аз зиндонҳои тарсноки Афғонистон дониста мешавад. Борҳо аз шиканҷа ва қатли оммавии маҳбусони ин зиндон шикоят шудааст. Ҳанӯз дар солҳои Шӯравӣ дар ин зиндон қабрҳои дастаҷамъиро ошкор карда буданд.

Дар замони ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон “Пули Чархӣ” бо шароити бадтар ном баровард. Дар як биное, ки барои 500 маҳбус пешбинӣ шуда буд, беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла аъзои “Толибон”-у ҷинояткорон нигаҳдорӣ мешуданд.

Маҳбусони "Толибон" аксар вақт аз бадрафторӣ ва латукӯб дар зиндон шикоят мекарданд ва мунтазам ошӯб мебардоштанд. Аммо он замон ҳам "Толибон" ҳарчанд дар зиндон буданд, имтиёзҳое доштанд. Онҳо ба телефон дастрасӣ доштанд ва метавонистанд, ба муҳлати дароз дар берун бимонанд.

Нерӯҳои “Толибон”, ки як моҳ пеш дар “Пули Чархӣ” зиндонӣ буданд, ҳоло зиндонбон ҳастанд. Нигаҳбонҳои пешина, ки фирор кардаанд, дигар ба ин ҷо барнамегарданд.

Биноҳои зиндон аслан холиянд, аммо ба як бинои он дар чанд ҳафтаи охир тақрибан 60 нафарро ворид кардаанд. Ба гуфтаи зиндонбонҳои нав, “ин афрод нашъамандону ҷинояткорон ҳастанд”.

Ҷангҷӯёни “Толибон” аз оғози моҳи август то 15-уми август ҳама шаҳрҳои калонтарини Афғонистонро тасарруф карданд ва дар ҳар шаҳре, ки ворид шуданд, аввал зиндониёнро озод мекарданд.

Ҳоло ба ҷуз аз қисматҳое аз дараи Панҷшер минтақаҳои дигари Афғонистон комилан зери назорати “Толибон” аст. Гурӯҳи тундрав иддао дорад, ки Панҷшерро ҳам тасарруф кардааст, аммо Ҷабҳаи муқовимат бо “Толибон” инкор карда мегӯяд, ҳанӯз даргирӣ идома дорад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG