Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 нафар дар Тоҷикистон ҳам соҳиби кор шуданд ва ҳам кордиҳанда. Чӣ гуна? ВИДЕО


Барномаро бо 11 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардаанд
Барномаро бо 11 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардаанд

Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд.

Радиои Озодӣ соли 2020 дар бораи барномае гузориш дода буд, ки тибқи он ба ҳар нафаре, ки нияти соҳибкорӣ дорад, то 200 ҳазор сомонӣ (наздик ба 20 ҳазор доллар) медиҳанд. Нисфе аз он грант ё кумаки бебозгашт ва нисфи дигар қарзи боимтиёз аст.

Бекзод Алибеков, сокини шаҳри Турсунзода, яке аз онҳоест, ки аз имкониятҳои ин барнома истифода кард. Вай то чанд моҳ пеш як кишоварзи одӣ буд. Тавассути лоиҳа 100 ҳазор сомонӣ грант ва 100 ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз гирифт ва бо он трактори МТЗ-82 харида, ба кор сар кард. Ҳоло барои худу хонаводааш даромади бештар меорад.

"Пеш аз харидани трактор дар колхози "Ҳақиқат" кор мекардам. Баъд бо ин лоиҳа шинос шудам. Шаҳр рафта, дидем, шартҳои лоиҳа писанд омад. Ҳоло ба бастубанди алаф машғулем. Насиб бошад, баъд аз ин заминро ҷуфт карда, кишт мекунем", -- нақл кард ӯ.

Бекзод Алибеков
Бекзод Алибеков

Занону ҷавонон ва маъюбон дар ин лоиҳа бартарӣ доранд ва метавонанд, аз он баҳра баранд. Ширингул Нурова, яке кишоварзонест, ки бо истифода аз пули лоиҳа гармхона сохтааст ва мехоҳад, дар фасли сармо полезиҳоро ба бозор барорад. То шурӯи лоиҳа хонашин буд, аммо акнун на танҳо худ, балки занони дигарро низ ба кор таъмин кард.

"Мехоҳам, занҳоро ба кор ҷалб кунам ва бозори дохилу хориҷро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кунем. Аз ин роҳ сатҳи зиндагии худро низ баланд бардорем", -- афзуд ӯ.

Ширингул Нурова
Ширингул Нурова

Оғози лоиҳа ба паҳншавии бемории COVID-19 рост омад ва дар суръати пешрафти он мушкил эҷод кард. Аммо бо ин вуҷуд то кунун 30 соҳибкор аз ноҳияҳои тобеи пойтахт аз он баҳра гирифтаанд.

Далер Ахмед-Ахунов, корманди ташкилоти ҷамъиятии "Пешсаф" ва ҳамоҳангсози "Лоиҳаи тиҷоратикунонии кишоварзӣ", мегӯяд, "зиёда аз 30 нафар грант гирифта, ба кор шуруъ карданд. Дар миёни онҳо деҳқонҳо низ ҳастанд."

Иҷрои лоиҳа ҳанӯз дар ҷараён аст ва маблағе, ки барои лоиҳа ҷудо шудааст, барои дастгирии ҳудуди 1 ҳазор соҳибкор дар ҷумҳурӣ мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ то 200 нафар метавонанд, аз ин лоиҳа баҳра баранд.

Дар ҳамин ҳол, Ахунов гуфт, сокинон гоҳе ба воқеӣ будани барнома бовар намекунанд ва вақте шарту имтиёзҳоро ба мардум мефаҳмонанд, бисёриҳо мегӯянд, "фиреб аст".

Далер Ахмед-Ахунов
Далер Ахмед-Ахунов

"Баъзеҳо фикр мекунанд, тарҳ дурӯғ аст. Аз варақаҳо мехонанд ё аз касе мешунаванд, вале бовар намекунанд. Фикр мекунанд, пулро ягон нафари дигар мегираду ба онҳо намерасад. Ҳар як шахсе, ки дар гуруҳи ҳадафманди лоиҳа ворид аст, яъне занҳо ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд метавонанд, аз ин лоиҳа баҳра баранд. Бархе мегӯянд, масъулон ин пулро ба шиносҳои худ медиҳанд. Ин пул ба мо намерасад ё ин пул аллакай тақсим шудааст. Не, ин гап нодуруст аст. Ин пул ҳаст ва ин лоиҳа барои мардум аст ва ҳама ба он дастрасии баробар доранд", -- афзуд ӯ.

Барнома бо 11 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, онро Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот" дар Вазорати молия иҷро мекунад. Барнома айни замон "дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғду Хатлон амалӣ мешавад". Барои иҷрои барнома дар 13 ноҳияи тобеи марказ созмони ғайриҳукуматии "Пешсаф" коршарик интихоб шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Пандемия бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз кор маҳрум кард, вале...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
XS
SM
MD
LG