Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандонаш гуфтанд, Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон "захмӣ шудааст"


Ҳикматулло Сайфуллозода ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст
Ҳикматулло Сайфуллозода ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст

Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат "захмӣ шудааст". Пайвандонаш гуфтанд, ба иттилои гирифтаи онҳо, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст, аммо ангезааш маълум нест.

Як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат 30-юми сентябр бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳбус Аслиддин Турсуновро барои ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода даҳ рӯз ба ҳуҷраи ҷаримавӣ андохтанд. Вай афзуд, "ҳодиса ҳафтаи гузашта рӯй дода, Сайфуллозода барои захми сар табобат мегирад".

Ҳиматулло Сайфуллозода, ки моҳҳо боз аз бемории дил ранҷ мекашад ва моҳи июни имсол ҷарроҳӣ шудааст, дар қисми тиббии маҳбас бистарӣ аст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе ба дидани шавҳараш рафт, вале ба қисми тиббии зиндон роҳ наёфта, бо ӯ телефонӣ суҳбат кард.

"Як ҳафта шуд, ки даракаш набуд. Рӯзи гузашта духтури маҳбас занг зад ва доруҳоеро фармоиш дод, ки барои табобати захм ё ҷойи бурида зарур аст. Бо шавҳарам телефонӣ суҳбат кардем, гуфт, ки соати дуи шаб як маҳбус даромада, ба сараш бо чойники вазнин задааст", -- нақл кард Сангинова.

Ҳамсари Сайфуллозода иддао кард, ки "маҳбуси ҳамлавар бемор набудааст", вале чӣ гуна дар нимашаб ба қисми тиббии маҳбас роҳ ёфтааст, маълум нест. Мақомот расман қазияро шарҳ надодаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй додааст, ки тақрибан се ҳафта пеш созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад, чун "ҷонаш дар хатар аст".

Сайфуллозодаро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он гунаҳкор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар гузашта сухангӯйи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули нашрияии ҳизбии "Наҷот" буд. 70-сола аст.

XS
SM
MD
LG