Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти таркиши маргбор дар масҷиди шиаҳоро ба уҳда гирифт


Масҷиди Саидобод дар шаҳри Кундуз
Масҷиди Саидобод дар шаҳри Кундуз

Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳоро дар шаҳри Кундузи Афғонистон ба уҳда гирифтааст. Ҳодиса рӯзи 8-уми октябр рӯй дод.

Шохаи "Хуросон"-и ин гуруҳ дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки як маргталаб ҳангоми адои намози мардум дар масҷиди Саидобод худро тарконд. ДОИШ дар паёме дигар гуфтааст, ҳамлавар аз мусулмонҳои уйғури Чин буд.

Мақомҳои "Толибон" гуфтаанд, дар инфиҷор (таркиш) дар масҷиди Саидободи шаҳри Кундуз беш аз 50 кас кушта, наздик ба 150 нафари дигар захмӣ шуданд.

Мавлавӣ Дӯстмуҳаммад, масъули амниятии вилояти Кундуз, гуфтааст, бо чунин рӯйдодҳо ҳеч касе наметавонад миёни шиаҳо ва сунниҳои Афғонистон ихтилоф андозад. Вай афзудааст, "барои бародарони аҳли ташайюъ ин итминонро дар оянда медиҳем, ки ба амният ва ҳар чи ба онҳо иртибот дорад, бархе омодагиҳоро дар назар дорем ва пас аз ин чунин мушкил барои онҳо пеш нахоҳад омад."

Созмони Милали Муттаҳид ва Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳодисаро шадидан маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG