Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои ман омаданду падарамро куштанд". ВИДЕО


Мактаби наққошии паноҳҷӯёни афғон дар ноҳияи Ваҳдат
Мактаби наққошии паноҳҷӯёни афғон дар ноҳияи Ваҳдат

Наққоши ҷавони афғон Умар Хомӯш аввали соли 2021 аз тарсу таҳдиди Толибон ба Тоҷикистон гурехт, ки падарашро куштанд. Ӯ дар паноҳгоҳи наваш дар ноҳияи Ваҳдат мактаби наққошие боз кард ва ба хоҳишмандон дарси наққошӣ меомӯзад. Ҳарчанд пули зиёде ба даст намеорад, вале онро ҷое барои ҷамоаи хурди афғонҳо мешуморад, ки дур аз ватан метавонанд, ҳунаре ёд бигиранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Барои ман омаданду падарамро куштанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Барои ин паноҳҷӯёни афғон, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, наққошӣ оромиши хотир медиҳад. Умар Хомӯш дар ноҳияи Ваҳдат ба шогирдонаш наққошӣ меомӯзад. Ба сабаби ҳамин ҳунараш қариб буд, ӯро дар Афғонистон бикушанд. Толибон амр додаанд, ки наққоширо бас кунад, вагарна мекушандаш.

“Як шабе пушти хонаи мо омаданд. Ман дар дафтар будам, чун то новақт дар дафтар кор мекардам. Дар хона дастдарозӣ карданд, падарам, ки истод шуда буд, бо туфанг падарамро заданд. Ба хотири куштани ман омада буданд, маро наёфтанд, падарамро куштанд.”,--нақл кард ӯ.

Умар Хомӯш аввали соли 2021 ҳама наққошиҳояшро монда ба Тоҷикистон гурехт. Дар шаҳри Ваҳдат дар хонаи нотамоме дӯкон ва мактаби наққошӣ ташкил кард. Ба ӯ як дӯсти ҳунарманди дигараш кумак кард, ки як сол пеш Афғонистонро тарк кунад.

Мустафо Аксир, паноҳандаи афғон мегӯяд, дар мактаби наққошӣ ҳудуди 25-30 талаба доранд, ки ҳамаашонро аз ибтидо қаламкашӣ омӯзиш медиҳанд.

Мактаб барои боз мондан ва идомаи кор ба сахтӣ пул меёбад. Аксари шогирдон ҳам паноҳҷӯёни афғон ҳастанд ва пули зиёде пардохта наметавонанд. Бо вуҷуди ин наққошӣ дар ғурбат барояшон хушҳолӣ меорад.

Фарзона Ҳайдарӣ, паноҳандаи афғонистонӣ мегӯяд, "галереяи ҳунармандӣ яке аз марказҳоест, ки дар Ваҳдат кушода шудааст ва дар инҷо духтарони афғон наққошӣ меомӯзанд".

Сабина Назарӣ, паноҳандаи дигари афғонистонӣ гуфт: “Аввал мехоҳем, рассомии худро идома диҳем, ки беҳтар шавад, зиёдтар пеш равем. Баъдан муҷассамасозӣ ёд бигирем ва ҳар вақт коре пеш омад бикунем.”

Умар Хомӯш мехоҳад ба шогирдон пайкарасозӣ ва кор бо ашёи истифодашударо ёд бидиҳад. Мехоҳад, ҳунарашро дар Душанбе ҳам бубинанд. “Мо дар Афғонистон дар деворҳо наққошӣ мекардем. Паёмҳои хуб мерасондем. Тасмим дорем, ки дар Ваҳдат ва бештар дар Душанбе, тасовир ва паёмҳои хуберо наққошӣ кунем. Ҳам шаҳр мақбул ва рангоранг шавад, ҳам паёмҳои хуб расонда шавад.”,--гуфт ӯ.

Умар Хомӯш умедвор аст, рӯзе ба Афғонистон бармегардад ва наққошиву ҳунарашро дар онҷо дар ватану хонаи хеш идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG