Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд нархи ангишти қирғизӣ боло рафт. Мардум: "Рӯзи мо ба таппак монд" ВИДЕО


Бозори ангишт имсол чандон гарм нест

Нархи ангишт дар ноҳияҳои вилояти Суғд дар муқоиса ба соле пеш ду баробар боло рафтааст. Ҳоло як кило ангишти худӣ қариб 2 сомонӣ ва ангишти қирғизӣ то 3 сомонӣ арзиш дорад. Соҳибкорон сабаби болоравии нархро ба кам шудани ин навъи сӯзишворӣ ва баста будани марз бо Қирғизистон пайванд медиҳанд.

"Хокаи ангиштро бо таппак якҷо мекунем"

Турғунбой Турсунов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар хонаи заминиаш бухорӣ (печка)-и бобоӣ гузоштааст. Мегӯяд, имсол ба фарқ аз солҳои гузашта бештар таппак ё поруи чорвоҳои хонагӣ захира кардааст.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ноҳияи Исфанаи Қирғизистон ва кони ангишти Сулукта ҳамсарҳад аст. Турғунбой Турсунов мегӯяд, солҳои гузашта ангишти кишвари ҳамсояро бо нархи арзон мегирифтанд, вале имсол ин кор нашуд, чун марз бастааст.

"Имсол хокаи ангиштро захира карда, ҳамроҳ бо поруи гов таппак сохтем. Ҳоло хокаи ангишт 1 сомонӣ аст. Мо инро пештар 50-60 дирамӣ гирифта, захира карда будем. Ду тонна дорем ва барои мо мерасад. Солҳои пеш ангишт хеле арзон буд", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чӣ шуд, ки нархи ангишт дар Суғд боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Малика Раҷабова, сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, на ангишт дорад ва на таппак. Барои ҳамин, маҷбур аст, бо бухории барқӣ хонаро гарм кунад. Раҷабова барои харидани ангишт мунтазири маблағи писаронаш аз муҳоҷират аст.

Мусоҳиби мо мегӯяд, "ҳаво ду-се рӯзи охир хунук шуд. Ният доштам, бухории бобоӣ насб кунам, вале аз захираи соли гузашта ангишт надорем. Ҳар сол дар ҳамин вақт ангишт харида, захира мекардам. Имсол гарон аст. Як тонна ангишти хуб ҳоло қариб 3 ҳазор сомонӣ аст."

"Ангишти қирғизиро ба воситаи Узбекистон меоранд"

Ноҳияи Ҷаббор Расулов макони асосии фурӯши ангишт ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст. Ҳамасола дар ин вақт аз Қирғизистон садҳо тонна ангишт ба ин тарафи марз мегузашт ва ба ноҳияҳо мерафт. Вале баъди як муноқишаи хунин дар баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Ҳоло миёни ду кишвар тақрибан додугирифти мол вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, феълан дар анборхонаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов мошинҳои ангишткашони Узбекистон зиёд аст.

Баҳром Аҳмадҷонов, яке аз соҳибкорон, мегӯяд, ангишти қирғизиро тавассути Узбекистон ворид мекунанд ва ба хотири дурии роҳ нархаш гарон шудааст. “Ангишти Исфараро ҳам мардум мехарад, вале маҳсулот кам аст. Чӣ қадар зиёд шавад, ҳамон қадар арзон мешавад. Агар пештар ангишти Исфара 80 дирам буд, ҳоло 1 сомониву 60 дирам аст. Ангишти Айнӣ 30 дирам буд, ҳоло 60 ё 70 дирам аст."

Тоҷирони ин навъи сӯзишвории муҳим дар фасли зимистон дар вилояти Суғд мегӯянд, талаботи мардум барои зимистонгузаронӣ бештар ба ангишти Қирғизистон аст. Ба гуфтаи онҳо, "ҳарчанд ангишти дохилӣ арзонтар аст, бинобар пастсифат буданаш онро дар шароити хона истифода кардан зиёновар будааст".

Ҳудуди 70 дарсади сокинони Тоҷикистон дар деҳа ба сар мебаранд ва ангишт яке аз воситаҳои асосии гарм кардани хонаҳо дар сармо мебошад. Зуд-худ қатъ шудани барқ барои сокинон дар сардиҳо мушкили дигареро эҷод мекунад. Сарфи назар аз ин, баъзе аз сокинон мегӯянд, умедашон ба барқ аст.

“Имсол барои зимистонгузаронӣ ба умеди барқ ҳастем. Ба ҳар ҳол пули нафақаро гирифта кам-кам ангишт мехарем, вале барои якбора зиёд харидани ангишт пул намерасад,” -- мегӯяд, Тоҳир Қаландаров, сокини Бобоҷон Ғафуров.

Умеди сокинон ба гарм кардани хонаашон бо барқ дар ҳолест, ки ду ҳафтаи охир дар кишвар мушкили таъмини барқ ҷой дорад. Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз 8-9 соат барқ мегиранду бас. Мақомот ҷорӣ шудани "лимит"-ро рад карда, сабаби хомӯш шудани барқро корҳои таъмирӣ гуфтанд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи баъзе аз сокинон, "боз ҳам таппак ва ҳезум василаи асосии гарм кардани хонаҳо мешавад".

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG