Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бухории бобоӣ" ба баландошёнаҳо баргашт. Сокинон мегӯянд, чораи дигар надоранд. ВИДЕО


Чаро сокинони баландошёнаҳои Суғд ҳезум ҷамъ мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Дар гузориши видеоӣ бубинед, ки чаро сокинони баландошёнаҳои Суғд ҳезум ҷамъ мекунанд

Бебарқӣ ва сардии тақрибан як моҳи ахир зиндагӣ дар биноҳои баландошёнаро мушкилу тоқатфарсо ва сокинонро ба шинондани "печка" ё бухории бобоӣ маҷбур кардааст. Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, барои таъмири дастгоҳу истгоҳҳо муваққатан ба хонаи мардум бо маҳдудият барқ медиҳанд.

Муҳайё Ҷӯрабоева, сокини шаҳраки Чойрухдарон (ҳудуди шаҳри Гулистон), мегӯяд, аз соати ҳашти субҳ то шаши шом барқ надоранд ва агар хонаро бо ҳезум гарм накунанд, эҳтимоли бемор шудани кӯдакон ҳаст. "Имсол барқро қатъ карданд. Ночор бухории бобоӣ гузоштем, чун дар ин шароит зиндагӣ дар хонаҳои баландошёна ғайриимкон аст", -- гуфт ӯ.

Ҷӯрабоева бо ду фарзанди мактабхон дар як хона зиндагӣ мекунад ва дар рӯзҳои сардӣ манзилро бо ҳезуме, ки аз саҳро ҷамъ оварданд, гарм мекунад. Долони бинои сеошёна, ки Муҳайё ва чанд нафари дигар дар онҷо зиндагӣ доранд, ба анбори шохаҳои ҳезум табдил ёфтааст.

"Дар ошёнаҳои боло ва дар маҷмӯъ дар хонаи 5-6 ҳамсояи дигари мо бухориҳои бобоӣ ҳаст. Дуд кунад ҳам, касе шикоят намекунад", -- нақл кард Муҳайё Ҷӯрабоева.

Дудбаро ва бухорӣ ва дар манзилҳои баландошёна дар гузашта дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам мушоҳида шудааст. Вале се сол пеш ҳукумат эълон кард, ки лимити барқ ба афсона табдил шуд ва сокинон бе маҳдудият гармиву рӯшноӣ хоҳанд гирифт.

Сокинон мегӯянд, дар се соли гузашта маҳдудияти барқ надоштанд ва бинобар ин дудбарову бухориҳои бобоии худро дар анборҳо пинҳон карданд. Аммо имсол аз оғози моҳи ноябр нирӯи барқ ба хонаҳои мардум бо маҳдудият интиқол меёбад.

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, ҷойи нигаронӣ нест, чун дар остонаи фасли зимистон дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳои барқиро таъмир мекунанд. Санҷиши дурустии изҳорот аз ҷойи дигаре феълан номумкин аст. Ширкати таъминкунандаи барқ ҳамчунин намехоҳад бигӯяд ё ба хабарнигорон нишон диҳад, ки чӣ чизе ва дар куҷо таъмир мешавад.

Дар айни замон, бино ба дастури "Барқи Тоҷик", ки ҳафтаи гузашта дастраси Радиои Озодӣ шуд, аз намояндагии ширкат дар минтақаҳо хоста шудааст, барқи сокинони қарздорро бибуранд ва корхонаҳои калонро ба истифода аз манбаъҳои дигари гармӣ, аз ҷумла ангишт водор созанд.

Ҳафиза Комилова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, онҳо қарздор нестанд, вале ҳамчунон бо маҳдудият барқ мегиранд. "Мо бухории бобоӣ надорем ва ба умеди чароғу гармкунакҳои барқӣ ҳастем. Аз истифодаи ангишт сарамон дард мекунад ва бемор мешавем", -- мегӯяд ӯ.

Дар соли равон ҳадди ақал бори севум аст, ки интиқоли барқ ба манзили сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешавад.

Дар оғози моҳи октябр интиқоли барқ ба сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешуд ва мақомот ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд. Дар моҳи апрел ҳам беш аз ду ҳафта бархе аз сокинон бо реҷа барқ гирифтанд, аммо “Барқи Тоҷик” боз ҳам мавҷудияти лимитро рад карда буд. Изҳороте, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG